Рустам Одинаев

  Яке аз варзишгарони ҷавони моҳиру маъруф Одинаев Рустам Маҳмадхоҷаевич 27 июли соли 1989 дар деҳаи Удоби ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Аз синни понздаҳсолагӣ дар толори варзишии деҳаи Техарв таҳти сарпарастии мураббӣ Юнус Самадов тамрини гӯштинро оғоз мекунад.
  Фаъолияти касбияш дар риштаи варзиши разми аз соли 2010 оғоз шуда, то соли 2014 идома меёбад. Дар тӯли ин муддат чаҳор маротиба ба майдон баромада, дар се набард дастболо мешавад. Нишондодаш дар ин риштаи варзишӣ 3-1 мебошад.
  Баъдан дар Маскав унвони номзадии устоди варзиши самборо соҳиб шуда, ба машқи ҷиу-ҷитсу мепардозад. Дар соли 2010 дар кишвари Қазоқистон дар мусобиқоти ҷиу-ҷитсу қаҳрамони Осиё мегардад. Дар соли 2012 барандаи ҷоизаи ҷоми ҷаҳонии ММА мешавад. Рустам ҳамчунин устоди варзиш дар муҳорибаҳои касбӣ мебошад.
  Рустам Одинаев дар соли 2013 ғолиби мусобиқаҳои греплинг ва ҷиу-ҷитсуи кишвари Русия мегардад. Дар соли 2015 Ҷоми греплинги Русияро соҳиб шуда, унвони номзадии устоди ин навъи варзишро касб мекунад.
  Рустам Одинаев аз соли 2015 инҷониб бар зами варзишгарӣ фаъолияти мураббигӣ дошта, муассис ва молики клуби варзишии Vanjiev Team мебошад. Ӯ ҳамчунин дар клуби варзишии “Витяз” мураббӣ аст. Шогирдонаш дар чандин мусобиқаҳои бонуфуз мақомҳои фахриро соҳиб шудаанд. Айём Хабиров (10-3), Ифтихор Муъминов (5-2), Аброр Нӯъмонов (3-1), Азамат Давлатов (2-0)” ва ғайра аз ҷумлаи шогирдони комёби ӯ мебошанд. Рустам яке аз муассисони мусобиқоти расмии Orion Fighting Global, ки яке аз бонуфузтарин созмонҳои варзишӣ аст, мебошад.
  Рустам Одинаев дар соли 2021 Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Сибирро (СибГУФК – Сибирский государственный университет физической культуры и спорта) дар шаҳри Омск хатм кард.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.