Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!. Наврӯзи бузург, ин чашни миллӣ, бостонӣ ва басо дӯстдоштании мардуми оритабор ва мардуми Шарқ , ки аз тарафи иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ қабул ва бо қатънома дар бораи «Рӯзи байналмиллалии Наврӯз» эълон гаштани санаи 21—уми март,дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштану қадршиносӣ гаштааст, ҷашни миллӣ ва ифтихории мо тоҷикон ҳаст ва он ба ростӣ боиси ифтихори ҳар як тоҷик бояд бошад. Дар роҳи ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон калон аст.
Дар инҷо шояд хонандаи закитабъ суоле пеш оварад , ки чаро?
Ба он хотир, ки маънои номи ин миллат худ фари шоҳист ва ин ибораи тоҷ ва фари шоҳӣ касро ба гармӣ, нармӣ, зебоӣ,нур, тозагӣ, ақл, хирад, шодмонӣ,бардамӣ, накукорӣ,созандагӣ бурда, худ ифодагари ҷаҳони Наврӯз ҳаст ва ин ном аз ин ҷашни бузурги ориёи маъво гирифтааст.
Ин ифодагари ғалабаи нур бар зулмот, рӯшанӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, ҳикмат бар ҷоҳилист. Ин амал нишонаи созандагии миллати мо ба рағми сӯзандагии ҳасудонаш ҳаст. Зиҳи миллате, ки худованд ҷаҳон офариду ту Навруз офаридӣ!
Тибқи ахборотҳои маъхазҳои таърихӣ аз ҷумла «Осор-ул-бақоия-и Абӯрайҳони Берунӣ ҳафтаи аввали саршавии ҷашни Наврӯз ин ҷашни «Муждагирон» будааст ва бо ин ҷашн ба бузургии зан-модари ориёӣ ниёгони мо арҷ мегузоштанд.
Бо ибораи дигар ҷашни Наврӯз аз арҷгузорӣ ба зан-модар аз оғози баҳор шурӯъ мегаштааст!. Ҳамагонро бо ҷашни Наврӯзу шурӯъи он — иди Модарон табрик намуда , ба ҳама хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Бигузор хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистони пур аз ҷаву гандум бошад!
Дар ин росто ба хотири ин ҷашни бузург ва зинда кардани хотираи шоири шакарсухан, Мирзо Лиқои Дарвозӣ (бобокалони банда) бо камоли майл муште аз хирвори навиштаҳои малакутии шоир «Мухаммаси Наврӯзӣ»-ро, ки ба рамзи беҳтарин нишонаи Наврӯзӣ — давраи растохези табиат, зебогии кӯҳу даман ва атру гуҳару гулҳо бахшида шудааст бо камоли эҳтиром пешкаш менамоям.
Мухаммаси мазкур фикр мекунам, ки шояд яке аз беҳтарин абёти шеъри бахшида ба Наврӯзи хуҷастапай ва қадами мубораки ӯ бо накҳати гулҳояш дар адабиёти ба ном классикии тоҷик бошад. Порчаеро аз ин мухаммас ба шумо пешниҳод менамоем, бихонед ва лаззат баред хонандаи азиз!.
Варқаи Зайниддин, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, корманди фахрии Прокуратураи ҶТ, аълочиии матбуот ,маориф,радио ва телевизион ва фарҳанги Тоҷикистон. Узви ИЖ ҶТ, шаҳри Бохтар, 16.02.2019.
Мухаммаси наврӯзӣ
Наврӯз шуд азизон фасли баҳор омад,
Мурғи дили маро зуд завқи шикор омад,
Дар гӯшаи гулистон моро гузор омад,
Дидам фиғони булбул аз ҳар канор омад,
Аз шавқи нолаҳошон гулҳо қатор омад.
Гардида боз пайдо мӯи миёни сунбул,
Чун мим танг бошад, яъне даҳони сунбул,
Карда арақ зи нахват гирди лабони сунбул,
Кай метавон бигӯям, шарҳу баёни сунбул,
Бо булбулони хушхон ногаҳ дучор омад.
Чашмам фитода ногоҳ ,ёрон ба рӯи насрин,
Чун арғувон шукуфта, бар тан либоси рангин,
Бар қатли ҷони ушшоқ барбаста ханҷари кин,
Аз бӯи атрсояш овоза рафт дар Чин,
Дар айни дилрабои лолаузор омад.
З-он пас шунида бошӣ, хушбӯ гули суманро,
Дида ҳама намоён ҳар сӯ гули суманро ,
Бошад миёни нозук чун мӯ гули суманро,
Мушки сиёҳ бошад, гесу гули суманро,
Булбул зи шавқи бӯяш дар марғзор омад.
Аз хоки тира ногаҳ пайдо бигашт райҳон,
Пероҳани кабудаш зебо бигашт райҳон,
Дар бӯву дар карашма раъно бигашт райҳон,
Машҳур дар баҳорон ҳарҷо бигашт райҳон,
Андози абрӯвонаш чун дунби мор омад.
Сар бар бикард вақте аз зери хок савсан,
Кард аз ҳаё арақҳо чун шармнок савсан,
Наззора карда ҳар сӯ бо чашми пок савсан,
Зад хирқаи сабурӣ аз ғӯсса чок савсан,
Вақти нишот бошад, хуш бош,ки ёр омад!
Дар кӯҳсор гашта, гулгун либоси лола,
Чун гарқ гашта аз ғам дар хун либоси лола,
Буда зи беқарори маҷнуни хос лола,
Гардид дилсиёҳӣ афъоли хоси лола,
Ӯ аз дами шаҳидон дар кӯҳсор баромад.
Гардид бар дарахте чун ғунча боз садбарг,
Кард аз даҳони чун мим оғози ноз садбарг,
Ҳам сурх ҳам сафед ҳаст ранги қабои садбарг,
Хушбӯ дар гулистон ,бошад миҷози садбарг,
Фурқат кашида булбул дар интизор омад.
З-он пас шукуфта бошад чун рӯи арғувонҳо,
Шуд дар назар намоён гесӯи арғувонҳо,
Наргис шукуфта доим аз хӯи арғувонҳо,
Дар ҷилва медарояд чун гӯи аргувонҳо,
Ҳар як ба қадри ҳиммат андар баҳор омад.
То чанд пеша гири авсофи чанд гулҳо,
Мурғи дили ту тарсам, афтад ба банди гулҳо,
Шояд, ки ҳамчу булбул гардад писанди гулҳо,
Ширин кунад даҳонат лабҳои қанди гулҳо,
Ин ҷумла дилфиребанд, хуш дор ёр омад!
Инҳо ба бӯи як гул сар баркашида аз хок,
Бо пойбӯси ӯянд аз гӯсса синнаҳо чок.
Ҳар як ба қадри ҳиммат бо дидаҳои намнок,
Ё Раб насозӣ моро лоиқ ба ҷамъи нопок.
Ин ҷумла дилфиребанд, хуш дор, ки ёр омад.
Бошад зи ҳусни он гул ҳарду ҷаҳон мунаввар,
Бо сад ҳазор алвон буяш зи ҳад фузунтар,
Рухсорааш зи гулҳо сад бор лолагунтар,
Ё Раб, бисоз моро з-он бӯи гул тавонгар,
Аз синаи Лиқо ҳам афғони зор омад.
Аз торнамоатон ҳамдиёрони азиз ва меҳрубон басо хушам омад ва хело ғизо гирифтам. Эй кош, дигар гӯшаҳои кишвар низ чунин торномаи бою рангин ташкил мекарданд. Он гаҳ нуран-алонур мешуд. Бисёр хушам омад, ки аз бобокалони банда Лиқои Дарвозӣ низ ёде кардаед. Сад ташаккур. Пешакӣ ҳам бошад ҳамаи шуморо азизони дил бо иди Наврӯз табрик намуда, хушиҳои зиндагиро барои ин диёри файзбахшу мардумони оритабор орзумандам. Ҳамеша хуш бошед! Бо эхтиром Варқаи Зайниддин. Шаҳри Бохтар.
ФИКР МЕКУНАМ ИН НАВИШТАХОИ МАЛАКУТИИ ШОИР ДУСТДОРОНИ ХУДРО ПАЁДО ХОХАНД КАРД!
Офарин хеле мисрахои чолиб
ТАШАККУР БАРОДАРИ АЗИЗ!