Аҳтам Сардоров

Устоди азиз,забони русро,
Бар мо чӣ аҷаб накӯ биомухт.
Ҳар ҳарфу ҳиҷои лафзи русӣ,
Як-як ба ҳазор нағма мегуфт.
  Мо кӯдакони 7- сола, ки нахуст пои худро ба остонаи мактаб мегузоштем, дар остонаи мактаб ду омузгореро дидем. Муаллими Абдураҳимбекро шинохтам. Мо он солҳо се хонанда, ману, Эраҷу Зумратшо синфи як будем. Аз омӯзгори забони русӣ Аҳтам Сардоров нахустин калимаҳои муқаддас: мама, папа, родина, школа, вода, книга-ро омӯхтем.Ahtamsardor
  Устод Аҳтам Сардоров соли 1941 дар деҳаи хушманзараи Вравз зода шуда, мактаби миëнаи деҳаашро тамом кардааст. Соли 1958 ҳуҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи омузгории шаҳраки Ғарм месупорад.Соли 1960 омӯзишгоҳро хатм карда, чанде дар ноҳияи Рудакӣ муаллимӣ кардааст.
  Солҳои 1970-ум ба зодгоҳ баргашта, аввал дар деҳаи Пшихарв кор карда, аз соли 1974 то 1988 муаллими мактаби ибтидоии (ҳоло миëна) №41 деҳаи Баравн ва аз соли 1988 то 1992 дар мактаби №42 деҳаи Лахш кор кардааст. Аз соли 1992 то ба нафақа, яъне соли 2014 муаллими синфҳои ибтидоии МТМУ №6 буд.
   Устод Аҳтам Сардоров соли 2016 дар синни 65 солагӣ ин олами фониро тарк кард. Мо шогирдон аз ин муаллими худ доимо бо некӣ ëд мекунем. Ëдат бахайру хонаи охиратат обод бод,Устоди азиз!. Давлатмир Юнусзода.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.