Анвар Давлатов

                                                            Муаллиме, ки дар Ванҷ намеғунҷид
  Марди солхӯрдаи босалобату баландуболову солори галстукдоре, ки ман дар мактаб медидам ҳамеша як суолро дар зеҳнам халқ мекард. Ин муаллим кист? Чаро ӯ то дергоҳ, то замоне, ки мо “вегаихунако” ҷавоб нашавем, дар мактаб мемонад?! Номашро медонистам, шахсияташро не. Қиссаи донистани номашон ҳам аҷиб аст.
  Вақте хурд будем дар подамони деҳа, дар лаби Ванҷоб шиноварӣ мекардам, як одати аҷиб доштем. Бо панҷаҳои даст, аз ду сӯйи чеҳраамон биниву гӯшҳамоянро бо ангуштон пахш мекардем ва пуштнокӣ худро ба оби дарё ғарқ мекардем ва бо ҳамон шакл аз об худро берун мекашидем. Ин корро барои он мекардем, ки об мӯйҳои моро мисле, ки ба пушти сар шона бикунем, ҳамин тур мекард ва мегуфтем: “ко бин, ки причоскаи мн ранги малими Анвар шӣ”.
  Бисёр одами озодаву озодпӯш будан, ки ҳатто мо кӯдакони хурд эшонро тақлид мекардем:
Муаллим кист ишқу кунҷи хомӯшӣ дабистонаш,
Сабақ доноиву нодон дилам тифли сабақхонаш.
Зи ҳар касн-ояд ин устоду шогирдӣ на ҳар кӯҳе,
Бадахшон бошад ҳар сангпора лаъли рахшонаш.
  Хонаи эшон дар баландтарин мавзеъи Гшхун, дар маҳалли Даҳани Дара буд. Мо агар барои ҳезум ё барои навбати пода мерафтем ҳатман аз пеши хонаи муаллим рад мешудем. Ҳамчунин агар “райи мол” мерафтем аз канори хонааш ба мавзеъи Мазорҳо (Мазооро) мерафтем. Ҳар вақт, ки аз ин масирҳо мегузаштам дар бештари маврид, дар болои манҷае, ки дар рӯй даргов сохта шуда буд, муаллим ғарқи мутолиа буданд. Ман чунин одами сермутолиаро бисёр кам дидаам. Ҳамчунин муаллим ҳар гоҳ, ки ба мактаб мерафтанд ё аз роҳе мерафтанд, ки аз заминҳои мо мегузашт ё аз мошинраҳ, ки аз пеши хонаи мо мегузашт. Дар ин роҳҳо ман ба муаллим бисёр таваҷҷуҳ мекардам ва ҳамеша дар ҳаракат, дар бархӯрд ва муносибаташ чизеро ҳис мекардам, ки ӯро аз дигарон мутамойиз мекард. Муаллим бисёр бо оромӣ қадам мезаданд ва ҳамин гуна оромона суҳбат мекарданд. Инсони бисёр ҷиддие буданд. Синфи ду-се шудам, фаҳмидам, ки муаллми барои он то дергоҳ дар мактаб мемонанд, ки мудири қисми таълими мактаб буданд.
  AnvardavlatСухан дар мавриди устоди фақиди ман, яке аз беҳтарин муаллимиони кимиё, яке аз донишмандтарин муаллимони Ванҷ, яке аз пурифтихортарин касоне, ки дар зиндагии ман нақши муассир доранд, Анвари Давлатсаид меравад. Ё ба таъбири расмӣ Анвар Давлатов. Устод Анвар Давлатсаид донишмандтарин муаллиме буд, ки ман дар Ванҷ вар хӯрдаам. На ин ки риштаи худашон – кимиёро бисёр хубу дар сатҳи олӣ медонистанд, балки як муаллими равшанфикр буданд. Равшанфикр ба маънои томи калима. Дар тамоми риштаҳо дониши фаровон доштан. Дар синфи 8 муаллим ба мо кимиё дарс медоданд ва бояд бигӯям, ки беҳтарин шаклу шеваи дарсгузарӣ доштанд ва тақрибан аз 36-37 нафаре, ки дар ду синф будем, 22-25 нафар ин риштаро хуб ёд гирифтем. Баъдан дарсҳои ба истилоҳ таълими меҳнатро ҳам як ду сол барои мо муаллим мегуфтанд. 
  Бо муаллим мо ҳам дар мавриди дин, ҳам адабиёт ва ҳам дар сиёсату иҷтимоъ баҳс мекардем. Ҳарчанд муаллим як инсони бисёр ҷиддӣ, хушлибос, хуштип буданд, ки ин тафовутҳояшон ҳатман болои шогирд таъсир мегузошт, вале барои чанд нафари мо мисли ҷӯра буданд. Ягон-ягон моро даъват мекард мерафтем дар хонаашон ба корҳои хоҷагидоришон ёрӣ мерасонидем. Ин робита муносибати моро бисёр наздик кард. То ин ҳад, ки дар мавриди тамоми мавзуъот мо бо муаллим бисёр бепарда суҳбат мекардем. Ҳатто борҳо шуда, ки ман аз боғи муаллим ниҳол кандаву оварда дар боғамон шинонда будам, ё баръакс.
  Муаллим асосан вақтҳои охир дар мактаби деҳа дарс додаанд. То ин вақт дар мактаби маркази ноҳия, яъне дар бузургтарин мактаби ноҳия ҳам мудири мактаб ва ҳам муовини мудир кор карда буданд. Бо дониш ва салобату ҷиддияте, ки доштанд бояд хеле рушд мекарданд. Ва баъзе лағзишҳо сабаб шуда буд, ки ба муаллим монеагузоранд, то дар масъулиятҳои дигари ноҳия кор кунанд. Аммо устод Анвар Давлатсаид дар маорифи Ванҷ нақши бисё ногусастание гузоштаанд.
  Эшон хатмкардаи риштаи кимиёи Донишгоҳи Хуҷанд буданд. Аз даврони донишҷӯйишон, аз хулқу атвори мардуми шимол ва аз дигар назокатҳои иҷтимоӣ барои мо бисё нақл мекарданд. Як бор пайи кадом коре ба хонашон рафтам, ки муаллим китоби “Зиндагонии Муҳаммад (с)”-ро мехонданд. Ман тааҷҷуб кардам. Зеро муаллим одами ба истилоҳ дунявӣ буданд ва айёш, ҳарчанд мухолифи дин ҳеч вақт суҳбат намекарданд, аммо дингаро ҳам набуданд. Гуфтам, устод барои ман бисёр ҷолиби диққат буд, ҳамин китобро хонданатон. Гуфтанд, шогирд: “Барои ман як чиз ҷолиб аст, ки дин ва таълимотеро, ки Муҳаммад паҳн кард 1400 сол мегузарад, на ин ки шикаст намехурад, балки рушд мекунад ва ҳамафарогир мешавад. Ҳол он ки аз оғози пайдоиш то кунун барои аз байн бурдани он талош ва кӯшиш мешавад. Дигар идеологияҳо умри тӯлоние надиданду надоранд. Барои ҳамин ба дунболи шинохтани шахсияти Муҳаммад шудам”. Ин яке аз методҳои дигари шинохти дин дар зиндагии ман шуд ва ман ҳамеша баъд аз ин талош кардам ба ҳар падида ва ҳар таълимоте шинохти мустақим пайдо кунам, на ин ки аз маърифати думболравона пайравӣ намоям.
  Ба дараи деҳаи мо то кунун сайёҳону геологу дигар олимон зиёд меоянд. Баъзеҳо ба дунболи як навъ шапараки нодир, ки ҳамагӣ дар чанд дараи деҳаи Ванҷ аст. Иштибоҳ накунам дар дараи Гшхунӣ ва дараи Равгада. Як вақте геологҳо меояд, вегаҳсар дар саргаҳи деҳа, дар Мазооро, пеш аз дарра хайма мезанад, то саҳаргаҳ ба дарра бароянд. Чун хонаи муаллим ба он ҷо наздик буд, муаллим ҳам то хаймаи онҳо қадамзанон мераванд ва бо геологҳо вориду суолу ҷавоб мешаванд. Ба нақли шоҳидони ҳодиса муаллим дар суолу ҷавоби геологҳои тахассусиро раҳгум меандозанд ва онҳо ба дониши муаллими солхӯрдаи як деҳаи дурдаст аҳсанту офарин мехонанд.
  Ман бидуни муболиға мегӯям, ки донишу ҷаҳонбиние, ки муаллим доштанд ками касон дар сатҳи Ванҷ дошт. Устод чанд қадам пеш аз ҳамзамонони худ буданд. Аз сабаб буд, ки сарлавҳаро ҳам ин гуна муболиғаомез гузоштам. Барои ҳамин бо ҳар касе суҳбат намекарданд. Суҳбатҳои ҷиддиро бо касоне, мекарданд, ки дар сатҳи худашон буд. Ин хосияти устод баъзеҳоро дилсард мекард ва дар мавридаш ҳар гапе мебофтанд. Аммо як чиз муҳим аст, ки ин гуна муаллимони донишманд дар мактабҳои мо кам буд, вагарна мо кадрҳои донишманд бисётар медоштем. Худованд биёмурзад муаллими мутафовити маро!. Иршод Сулаймонӣ.

1 Назар

  1. Устод беҳтарин шахсият буданду дар миёни умум обурӯи зиёд доштанд.Нозукиҳои кимиёро аз эшон омӯхтам.Одате доштанд,ки роҷеъ ба мавзуъ маълумоти умумӣ медоданду бештар моро ба худомӯзӣ талқин мекарданд.Як усули хубе доштанд,ки моро аз ҳад зиёд таъриф мекарданд,.Масалан мегуфтанд,ки «Фалонӣ падараш инсони хуб аст,ин бояд инсони хуб шавад» Азин рӯ мо бештар ҳаракат мекардем,ки сазовори таърифҳояшон шавем.Аз ин хотир бештар худомӯзӣ меқардем.
    Касе,ки дар дарсҳо камтар фаъолият мекарданд,мулоимона вале хеле таъсирнок мегуфтанд:»Ман гумон мекардам бачаи хуб астӣ,лекин бачаи хуб набудастӣ!» Ягон бор касеро аз ин зиёда ҳарфи дурушт намегуфт.
    Рӯҳашон шоду манзили охираташон обод!

  2. Устод Анвар Давлатсаид дар мактаби раками 4 ба номи Курупская як умр директор буд. Манро аз фани химия дарс дода аст. Яке аз муалимони босаводтарини ноҳия ба шумор мерафт. Талабаи дустоштааш ман будам. Хмияро медонистам вале художник будам. Тамоми шиорҳои района ман менавиштам. Он вактхо дар материалҳои сурх менавиштам. Ранг худам тайор мекардам. Ҳама мерафтанд меши муалими Анвар ки амин шиорои мора бнависа. Ин зиеда аз ду сол давом кард. Окибат художники худомузи нагз шудам. Доимо мепурсид чи хел, саломатиро. Дар ин бора Алишера дар Москва накл карда будам. Талабаҳора чанги сахт намекард. Дарса ки намехундан амин хаел мегуфт: Ту бача мазат набудаст. Амин хел Устод дар ёди мо ҳамчун муалими босаводу ва одами БУЗУРГ дар едамон монд. Ёдаш байр устода ва ҷояш ҷаннат бошад иллоҳо. Омин.

  3. Устоди шодравон воқеан ҳам омӯзгори мумтоз ва аз усул ва зарфиятҳои роҳбарӣ бархурдор буд. Солҳои мудири мактаби №4 буданашон, мактаби маркази ноҳия намунавӣ буд.
    Рӯҳи устод шоду ёдашон гиромӣ бод!

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.