Мирзошариф Ширинов 10 сентябри соли 1958 дар деҳаи Даштаки деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1976 мактаби миёнаи №4-и ноҳияро ба итмом расонда, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил гашт ва онро соли 1982 бо ихтисоси духтури кӯдакон бомуваффақият хатм кардааст. Сипас солҳои 1982-1983 интернатураро дар беморхонаи ш.Қӯрғонтеппа гузашта, фаъолияти касбии хешро идома бахшид. Солҳои 1985-1990 мудири шӯъбаи бемориҳои сирояткунандаи беморхонаи вилояти Қӯрғонтеппа, 1990-1992 ҷонишини сардухтури беморхонаи номбурда, 1992-1994 духтури шӯъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи Ванҷ. Аз соли 1994 инҷониб М.Ширинов ассистенти кафедраи бемориҳои сироятии Институти такмили ихтисоси бемориҳои сироятии кормандони тиб ва аз соли 2003 ҷонишини директори маркази тиббии шаҳр кору фаъолият дорад.
Духтури дараҷаи олӣ М.Ширинов муаллифи 10 мақола оид ба бемории вараҷа мебошад. Оиди касалии вараҷа дар чандин конфронсҳо баромад намуда, аз рӯи ин мавзӯъ таклифу пешниҳодоти худро ба муҳокимаи олимон гузоштааст. Рисолаи номзадии илмии хешро дар мавзӯи “Касалии вараҷа ва пешгирии он, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дифоъ пешниҳод намудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед