Алӣ Мастуллов

  alimastlАлӣ Мастуллов соли 1956 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1973-1979 дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Ибни Сино таҳсил намуд.
Бо хотимаи таҳсил фаъолияти духтури ҷавон Алӣ Мастуллов ин зайл ҷараён гирифт: солҳои 1979-1982 духтури анестезиолог-реаниматолог, 1982-1995 духтури шӯъбаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе, 1995-1999 духтур-урологи шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе.
  Аз моҳи марти соли 1999 Алӣ Мастулов ба ҳайси ассистенти кафедраи урологияи Институти такмили ихтисоси духтурони тибби Тоҷикистон кору фаъолият дорад. Ба қалами ӯ чандин мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ тааллуқ доранд. Табиби дараҷаи олӣ Алӣ Мастулов ҳазорҳо дардмандонро шифо бахшидаву садҳо маҷрӯҳонро аз марг раҳонидааст. Ӯ дар авҷи камолоти касбӣ қарор дорад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.