Номзади илмҳои кишоварзӣ Мақсуд Сатторов 5 апрели соли 1946 ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1965-1969 дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДДМТ) таҳсил намудааст.
Фаъолияти меҳнатии Мақсуд Сатторов хеле барвақт оғоз ёфта, чунин ҷараён гирифтааст. Соли 1964 директори комбинати хизмати маишии ноҳияи Куйбишеви вилояти Қӯрғонтеппа, 1964- 1965 тракторчии вазорати сохтмони колхозӣ дар ноҳияи Куйбишев. Баъди хатми ДДТ (1969) солҳои 1969-1975 хизмат дар соҳаҳои мухталифи Вазорати корҳои дохилӣ, 1975-1978 корманди Прокуратураи шаҳри Душанбе, 1978-1979 ёвари прокурори Прокуратураи ноҳияи Ҳисор, 1979-1984 сарёвари прокурори Прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа, 1984-1987 прокурори шӯъбаи тафтишотии шаҳри Душанбе, 1987-1988 муфаттиши прокуратураи шаҳри Роғун. Аз соли 1988 ҷонишини раиси Президиуми “Ҷамъияти ҳифзи табиат”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мақсуд Сатторов дар кадом вазифае, ки набошад, ба чуз маҳорати касбӣ инчунин фаъолияти баланди илмӣ-тадқиқотӣ зоҳир намудааст. Ин ғайрату ҷасорат ва маҳорати илмиро ба ӯ модари ғамхораш Бӯстон Сулаймонова ва падари дилбандаш Саттор Рашидов талқин намудаанд.
Натиҷаи ҳамин омӯзишу таҳлилу таҷрибаи илмӣ дар чандии кору мақолаҳо ва билохира дар рисолаи номзадии Мақсуд Сатторов, ки соли 2001 сарбаландона дифоъ намудааст, инъикос меёбад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед