Абдулмаҷид Шайхов

  shexovaКотиби илмии Академияи илмҳои педагогӣ, номзади илми педагогика Абдулмаҷид Шайхов 15 майи соли 1938 дар деҳаи Удоб, ҷамоати Техарв ба дунё омадааст. Бармаҳал аз волидон маҳрум гашта, солҳои 1945 то 1955 дар хонаҳои бачагони ноҳияи Ванҷ, ш.Хоруғ ва ноҳияи Шаҳринав тарбия ёфтааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи филилали дар Кӯлоб будаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм намуд. Бо роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи собиқ Орҷоникидзеобод ба кор фиристода шуд. Аз сарпешоҳанг (сарвожатий) сар карда, дар вазифаҳои муаллим, ҷонишини сарвар, сарвари мактаби миёна то мудири шуъбаи мактабҳои Кумитаи Комсомоли ш.Орҷоникидзеобод кор намудааст. Соли 1996 ба Донишкадаи марказии бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кормандони маориф ва хадамоти методӣ ба кори методистӣ гузашт. Аз феврали соли 1997 то имрӯз ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ шуда, адои вазифа дорад. Аз рӯзи ташкили Академияи илмҳои педагогӣ вазифаи Котиби илмии академияро ба ӯхда дорад.
  15 январи соли 1999 дар мавзӯи “Ташаккули фаъоли маърифатии мактабиён дар раванди таълим” рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Ҳоло дар мавзӯи “Асосҳои назариявии инкишофи захираҳои зеҳнии мактабиён дар шароити таълими ҳамгиро” тадқиқоти илмӣ бурда, рисолаи докториашро ба муҳокимаи Шӯрои илмии Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.
  Абдулмаҷид Шайхов муаллифи китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 7, монографияи “Калиди равнақи зеҳн”, дастурҳои “Меҳрнома”, “Кошонаи маърифат” ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ-методӣ мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.