Кад

  Кад вожаи қадимӣ буда, корбурдаш аз забони санскрит сар карда, то забонҳои авастоӣ, сакоиву суғдӣ ва порсии ҳозира расидааст ва дар Ванҷ имрӯз ҳам корбурд дорад. Масалан, калима ва ибораҳои “каду кндора”, “дару гад”, “шавгад”, “кадо” ва ғайра истифода мешаванд. Решаи номи деҳаҳои Сунгад, Лугад, Скад ва мавзеи Заги Харгад ҳам ҳамин маҳфумро ифода мекунанд.
  Аслан, маънои “деҳкада” — макони иборат аз хонаҳо ҳам аз ҳамин вожа сарчашма гирифтааст. Мардуми водӣ то ҳол хонаҳои аз рӯи тарҳи қадима сохтаро ”кад,” мегуянд. Дар маҳаллаи Рави деҳаи Мдехарв мавзеи иморати пешини фурӯрафтаеро алъон ҳам “Кадои Перва” мегӯянд. Дар забони порсии точикӣ вожаҳое, ки дар таркиб “кад” доранд, зиёд ба чашм мерасанд. Масалан: кадбону, кадхудо, донишкада, майкада оташкада ва ғайра.
  Мардуми водӣ аз замонҳои қадим кадҳоро, ки дар онҳо ба таври қабилавӣ мезистанд, дар ҷойҳои бехавф аз фаромадани тармаву сел ва заминҳои бекора, ки ҳосилхез набуданд, месохтанд. Андозаи кад-хонаҳо бузург буда, дар дохил се дӯкон, дуто аз қисматҳои чапу рост ва якто дар қисмати муқобил доштанд.
  Боми кад-хонаҳоро бо чор сутуни марказӣ ва чор сутун дар бурҷҳои девор тавассути “коспулҳо” – пулчӯбҳои сақфӣ насб мекарданд. Дар болои коспулҳо чӯбҳои нисбатан бориктарро дукафон (нуғӯла) карда, бо назм (рабат) чида, дар қисмати марказии сақф (кос) дарича (рӯзан) гузошта, болояшро бо лои ғафс мепӯшонданд. Ин тарзи сутунбандии кад-хонаҳо ҳангоми бориши зиёди барфу борон ва заминҷунбиҳо болои хонаро аз фурӯравӣ нигоҳ медошт ва дар сурати фурӯравии қисматҳои девор боми хона побарҷой меистод.
  Дар пойгоҳи кад-хонаҳо дегдон ва ҷои хӯрокпазӣ мавҷуд буда, дуду гарди он тавассути даричаи сақфи (коси) хона мебаромад. Дар тарафҳои чап ва рости дегдон ва ҷои хӯрокпазӣ чайлаи мурғҳо (чала) ва чайлаи дигаре барои нигоҳ доштани чорвои хурду заъифу бемор дар хунукии сахти зимистон мавҷуд буд, ки ба таъсири ҳарорати дегдон гарм мешуданд.
  Дар деворҳои хона тоқу равоқҳои кушодаву пӯшида барои гузоштани асбоби лозимаи рӯзгор ва китобҳо мавчуд буданд. Дар чор сутуни марказӣ зарфҳои гилине, ки “сиясокин” ном доштанд, гузошта шуда, онҳоро барои равшан кардани дохили хона истифода мебурданд. Дохили сиясокинҳоро аз равғани чорвои бо равғани чормағз махлутнамуда (хевкарда) пур карда, онро бо пахта (ғайба) дар мавридҳои лозимӣ дармегиронданд.
  Зиндагии якҷояи қабилавӣ дар зери боми чунин кад-хонаҳо, ки кадхудо ва кадбонуи худро доштанд, садоқату рафоқату якдигарфаҳмиро дар байни аҳли қабила устувор карда, аҳли хонавода бо маслиҳату машварат дар сари як дастархон ҷамъ шуда, сари вақт аз ӯҳдаи иҷрои ҳамаи корҳои дар пешбуда, аз нигоҳубини чорво то кишту кор, ҷамъоварии ғалладонаҳо, мева ва ҳезуму алафи чорво барои фасли зимистон мебаромаданд. Дар ин замон ин хонаҳои аслии кӯҳистонӣ дар водӣ аз байн рафта, дар дигар манотиқи Бадахшон ба чашм мерасанд. Азиз Қадамов.

1 Назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.