Иззатманд Давлатмандов

 Имрӯз чун мушкилоте дар соҳаи тандурустӣ пеш ояд, ҳама ба некӣ ёдаш мекунанд. Дар ҳақиқат хизматгузори мардум буд, доимо барои табобат, ё ҷои кор ва ё дар хонааш ниёзи мизоҷонашро бедудилагӣ иҷро мекард. Аз ин рӯ, азизи дили мардум гашта буд, акаи Иззатманд.
  Иззатманд Давлатмандов соли 1955 дар деҳаи Вравзи ҷамоати Водхуд ба дунё омадааст. Маълумоти мутавваситаи мактабиро дар зодгоҳаш гирифта (маълумоти ҳаштсола), маълумоти миёнаро бошад, дар мактаб-интернати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт соҳиб шудааст. Сипас ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) супурда онро, бомуваффақият хатм менамояд.
  Чанд соле дар шаҳраки Навобод ҳамчун духтури минтақавӣ кор мекунад. Аз соли 1982 то соли 1992 сарвари бунгоҳи тиббии деҳаи Пшихарв, аз соли 1992 то соли 2002 ҳамчун духтур дар маркази саломатии деҳаи Вравз фаъолият кардааст. Аз соли 2002 то соли 2012 ҳамчун сарвари бунгоҳи тиббии деҳаи Баравн адои вазифа намудааст. Аз соли 2012 то охири ҳаёт, яъне 2 ноябри соли 2015 ҳамчун духтур дар маркази саломатии деҳаи Ваҳдат (Сурхсангов) кор мекард.
  Доктор Иззатманд барои хизмати софдилонааш дар соҳаи нигаҳдории тандурустии мардум бо чандин ифтихорномаҳои соҳаи тандурустии ноҳия ва вилоят, ҳукумати маҳалии ноҳияву вилоят ва унвони»Аълочии тандурустии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
  Вале эҳтироме, ки то имрӯзҳо мардуми диёр дар нисбаташ доранд, аз ҳамаи инҳо болост. Писараш Умедҷон ва духтараш Субҳия пешаи табибӣ дошта, дар хизмати мардум ва номбардори падаранд. Ёдат бахайру хонаи охиратат обод бод, доктор Иззатманд Давлвтмандов!. Давлатмир Юнусзода.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.