Пештар авзоъ ва фазои давр мутафовиттар буд. Шавқу рағбати омма ба варзиш, хусусан, навъи маъруфи он дар диёр – гӯштингирӣ дигар буд. Завқи мардум ба мусобиқаҳо бештар ва ҷараёни сабқатҳо ҷолибтар буд. Зану мард майлу ҳаваси тамоши гӯштин ва ба паҳлавонон муҳаббат доштанд.
Яке аз паҳлавононе, ки мардум ҳунарнамоияшро меписандиданд, Зғердавлат Холинов буданд. Зғердавлатпаҳлавон дасту бозуи пурқувват ва истеъдоди фитрии паҳлавонӣ дошт. Бидуни машқу тамрини доимӣ дар мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар иду ҷашнҳо ҳарифонро бо усулҳои зебо ба пушт мехобонд. Мардум завқи тамошои ҳунарнамоиҳои ӯро доштанд. Мухлисонаш хеле зиёд буданд.
Зғердавлатпаҳлавон дар варзиш фаъолияти тӯлонӣ надошт. Дар ин муддати кӯтоҳ дар чандин мусобиқаҳои расмии ноҳиявию вилоятӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро касб карда, соҳиби мукофоту ифтихорномаҳои зиёд гардидааст. Дар мусобиқаҳои мардумӣ ағлабан пирӯзу соҳиби ҷоизаҳои калони ҷашнӣ будааст.
Зғердавлат Холинов ҳамчун варзишкор дар дигар навъҳои варзиш ҳам маҳорат дошт. Дар мусобиқаҳои вазнбардорӣ (гирбардорӣ) ва дастхобонӣ ғолиби сабқатҳо буд. Дастаи бандкаше, ки ӯ шомили он мешуд, пирӯз мегардид. Дар ин анвои варзишӣ яке аз афроди муҳими дастаи варзишии Ҷамоати Рованд буд. Ҳоло дар корҳои ташкилии мусобиқоти варзишӣ саҳм дошта, сабқатҳоро доварӣ мекунад.
Холинов Зғердавлат Ҳукуматович дар таърихи 27 феврали соли 1966 дар деҳаи Мудехарв ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби асосии №12-и деҳа мактаби миёнаи №1-ро дар деҳаи Ғуҷоваст хатм намуда, дар солҳои 1986-1987 дар шаҳри Хоруғ ихтисоси муҳосибиро касб карда, фаъолияти кориро аз муҳосибӣ дар Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ванҷ оғоз кардааст.
Баъдан, фаъолияти корияшро ҳамчун муҳосиб дар совхози ба номи Федченко идома дода, дар соли 1995 пас аз барҳам хӯрдани он дар колхози “Дӯстӣ” (1995-1997) ва пас аз таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Хоҷагии деҳқонии ба номи Идрис Нӯъмонов то соли 2006 кор кардааст.
Аз соли 2006 то 2010 муҳосиби Бонки ҷаҳонӣ дар ҳавзаи Ванҷоб, дар Ҷамоати деҳоти Рованд, аз соли 2010 раиси Ташкилоти ҷамъиятии Ҷамоати Рованд (вазифаи бемаош) ва муҳосиби мактаби миёнаи №12-и деҳи Мудехарв мебошад.
Назари хешро иброз кунед