Ҷамъе аз мардум ба ҷониби хонаи Мулло Шариф меомаданд. Ӯ бо камоли таҳайюр ба тӯда назар афканд, ду нафар либоси низомӣ ва камонҳои панҷтира дар китф дошта, пешопеш, аъзои маҳаллии фирқа аз қафо, хурду бузурги аҳли деҳ бо фосилае ба дунболи онҳо меомаданд. Дар ҷо мунтазири расидани эшон рост истода буд, вале ҳамсару духтарони хурдсолашро даҳшат фаро гирифта буд. Духтаракон дар ғояти тарс ба модар часпида буданд.
- “Мулло Шариф писари Муҳаммадсонӣ туӣ?” – пурсид яке аз низомиён.
- “Бале, ман ҳастам!” – ҷавоб дод.
- “Ту барои ширкат дар ҳаракати зидди ҳукуматӣ ва ҳамкорӣ бо душманони сохти шӯравӣ маҳкум ба ҳабсӣ!” – эълом намуд низомӣ.
Ӯро даст баста, пеш андохтанд. Духтаракон ба модар часпида, доду фарёд мекарданд ва ӯ ҳар дуро бо дастон сахт дошта, аз паси ҳамсар ба ҳасрат оби дида мерехт. Мулло Шариф бо чеҳраи маҳзун сар гардонда, то ғоиб шудан ба онҳо менигарист ва дар ботин хун мегирист. Се духтар дошт. Онҳоро хеле дӯст медошт. Хадичаю Гулрухон калонтар буданд, Ҳафизаи хурдӣ ҳанӯз чандмоҳа буд. Ҳамсараш зани зебои сафедрӯю қоматбаланд, духтари марди обрӯманде буд, ки ба ин ба шарафи ному эътибор расида буд. Ин манзараи мудҳиш дар хотир нақш баста, пеши чашмонаш мегардид, зеро охирин бор дидори азизонро дар зиндагии дунё медид.
Дар он замон намояндагони аҳли зиёро “мулло” меномиданд. Саводомӯзию тарбияту раҳнамудии омма ба зиммаи эшон буд. Дар манотиқи кӯҳистон шумори андак доштанд, зеро аксари мардум имкони ба шаҳрҳои дур рафтану илм гирифтан надоштанд. Аз ин рӯ, ин тоифа дар миёни мардум шаъну эътибори хосса доштанд. Мулло Шариф низ фарде аз ин шумор буд. Ӯ дар деҳа мударрис ва узви машвараи уламои амлокдорӣ буд.
Замоне расид, ки мардуме тохт оварданд. Фарҳангу оини халқи ин ҷоро “кӯҳнаву пасбаранда” хонда, аз байн бурданд. Ҳофизону ҳомилони он — аҳли зиёро ба имдоди уммиёни худи ин мардум маҳву нобуд сохтанд. Мулло Шариф мисли ҳазорон афроди миллат мардуд гашта буд ва дар зери бори ғаму ҳасрати дину фарҳанги аздастрафта ба сар мебурд.
Неруҳои аксулинқилоби коммунистӣ аз ҷониби муқобили дарёи Панҷ гузашта, ба Қалъаи Рохарв – қароргоҳи мири собиқ ва дар он вақт мақари аскарони сурх, ҳамлавар шуданд. Аскарони сурхро, ки ағлабан русу бадахшӣ буданд, қатл намуда, “барқароршавии ҳукумати шаръӣ ва барҳамхӯрии низоми илҳодӣ”-ро эълом намуданд. Мулло Шариф бо дӯсташ Бидон ба кори худ ба он ҷо рафта буданд ва ӯро дида, ҳамчун шахси мавриди эътимодашон бастаҳои матои аз анборҳо кашида гирифтаашонро дода, фармуданд, дар деҳаҳои ҷониби боло ба фуқаро тақсим кунанд ва аз барқарории ҳукумати шаръӣ ҷор зананд. Онҳо бастаҳои матоъро дар аспҳояшон бор карда, деҳа ба деҳа ба фақирон тақсим карда, аз барқароршавии низоми шаръӣ мужда медоданд.
Нерӯҳои аскари сурх аз Хоруғ омада, аксулинқилобиёнро шикаст дода, ба соҳили муқобил фирорӣ карда, даст ба муҷозоти ҳамдасту ёваронашон дар водӣ заданд. Мулло Шарифро пеш андохта мебурданд. Ёру хешу ҳамдеҳагон, ки ӯ барояшон маҳбубу мӯҳтарам буд, ашк рехтаву андӯҳ мехӯрданд, зеро амвоҷи нобудсозиҳо аз дербоз идома дошта, дар он рӯзҳо ахбор аз ҳабсу қатли ашхоси мӯътабари водиро мешуниданд ва бовар доштанд, ки вайро бори охир мебинанд. То аз назар ғоиб гаштани деҳа мерафту сар пас гардонда, ба он менигарист. Қисмати бештари деҳаи Мурғутга ғоиб гашта буд, вале манзили зисти ӯ, ки дар маҳаллаи баландтарини он Торва воқеъ буд, аз дуриҳо менамуд ва манзараи ҳузновари ҳоли зану фарзандонаш аз назараш дур намешуд.
Онҳо то деҳаи Мудехарв расиданд. Дар он ҷо дӯсташ Бидонро ба ҳамин минвол аз маҳаллаи баландтарини деҳа Сагбист аз оғӯши зану фарзандон кашида, дастгир карда, мунтазири онҳо буданд. Ҳар дуро бо дастони баста пеш андохта пиёда ду фарсах роҳ рафтанд ва шом фаро расид. Сафар дар шабро бо боздоштшудагон салоҳ надида, дар деҳаи Техарв тасмими шабгузаронӣ гирифтанд. Боздоштшудагонро дар каҳдон андохта, дарашонро қулф зада, худ дар дар хона машғули истироҳат шуданд.
Тавалло ном марди ишкошимӣ, бузургсолтари онҳо низомиёнро сардор буд. Виҷдону имон эҳсосоти ӯро барангехта буд ва аз сарнавишти ин ду меандешид. Вай яқин медонист, ки онҳоро ба Хоруғ ё Қалъаи Хум бурда, қатл мекунанд. Худованд замонати ҷони ду мӯъминро ба дасти ӯ дода буд. Ин дар ботин ӯро азият медод. Шаб, ҳангоме, ки ҳама хуфтаву ором гирифтанд, бо баҳонаи хабар гирифтан аз ҳоли маҳбусон ба каҳдон омада, арз намуд, ки ман замонати хуни шуморо дар рӯзи қиёмат ба гардан нахоҳам гирифт. Ба онҳо фармуд, ки тоқи каҳдонро канда, тавассути он фирор карда, то равшан шудани рӯз аз ин кишвар берун раванд, дар сурати ба даст афтодан сари ӯро низ ба бод хоҳанд дод.
Тоқчаи баланду хурди каҳдонро бо девори атрофаш канда, аз он берун шуда, шабошаб тавассути пайраҳаҳои канории деҳот хешро то ба лаби дарёи Панҷ расонида, то равшании рӯз ба соҳили муқобил гузаштанд. Пеш ҳар ду ҷониби дарёи Панҷ як мулк ва қаламрави мири Дарвоз буданд. Бошандагонашон ҳам як мардум буданд. Пас аз муоҳадаи русу инглис соҳили чапи дарё қаламрави истеъмории инглис ва росташ аз рус шуда, баъд аз пирӯзии инқилоби коммунистӣ иртиботашон гусата гашт ва мардуми ин ҷониб тоҷику он ҷониб афғон номида шуданд.
Мулло Шарифро ҳам модар ва ҳам модарбузург аз он ҷониб буданд. Ӯро дар он ҷо хуб мешинохтанд ва хуш пазируфтанд. Мударрисии мадрасаи деҳаро ба ӯҳдааш гузоштанд. Варфади он ҷо яке аз деҳоти бузургу шаҳрмонанд аст. Барояш хона сохтанд, хонадораш карданд. Вале ӯро ҳушу ёд ҳамеша ба ин ҷониб буд. Манзараи охирин дидор бо зану фарзандон солҳо пеши назар гаштаву азияташ медод. Шунид, ки занашро писарамакаш бурдааст. Агарчанде аз ӯ озурда буд, вале хотираш барои фарзандон осуда шуд. Ба вай паёме низ фиристода, изҳори ранҷиш карда, ба фарзандвор ба воя расонидани духтаракон таъкид карда ва аз ӯ ҷавоби қаноатбахш гирифта буд.
Мулло Шариф дар он ҷо зиндагии хешро аз нав сохту сомон дод. Вазифа, мартаба, хонаводаро ба даст овард. Соҳиби ду духтару як писар гардид. Аммо танаш дар он сӯ вале дилаш ба ин рӯ буд. Эҳсоси фурқату ғурбат мекард. Дар фироқи фарзанду пайванду дӯсту хоку оби зодгоҳ мезист. Доимо дар пайи дарёфти хабар аз ватан буд. Аз ахбори хуш хурсанду аз нохуш дилтанг мешуд. Дар ватан низ мақомот ақраборо аз ӯ пурсишу таъқиб мекарданд. Дар ҳасрати ёру диёре, ки ба чашмон дидаву дар он пай гузоштанаш мамнӯъ гашта буд, бо дили пурғаму дидаи пурнам аз олам гузашт.
Замоне ҳукумати коммунистон фурӯ рафту мардум аз қайду бандашон растанд ва дӯхтари хурдии ӯ ба дидани ватану суроғи хешу авлоди падар омад. Духтари бузургаш ҳангоми таваллуди фарзанд ва писараш дар шикор фавтида буданд. Ба нақли падар ҳама хешонро бо номи худу фарзандону маҳаллоти деҳоти зист ва ҳама маҳаллаву мавозеи деҳи падариро аз ёд медонист. Ҳоли дарди кашидаи ҳиҷрони падар намуда, хешовандонро мегирёнид. Зани донову фозилае буд, дар сухан ба маврид шеъру ҳикмате мегуфт. 19.01.2019.
Назари хешро иброз кунед