Дар интизории падар

  Ба он бародарони ғӯрамарге, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан зинда барнагаштанд ва мутаассифона, шумораи онҳо дар ин ду даҳсолаи мухочирати иҷборӣ дар шароити сахту тоқатфарсои мулки Русия аз ҳазорон нафар ҳам бештар буд, ки дар мулки ғарибӣ дур аз ёди ёру диёр ва зану фарзанд бо сад ҳасрату хориву зорӣ ҷони худро бохтаанд, бахшида мешавад. Ёдашон ба хайр бошад!…
  Ин қиссаи навбатӣ дар бораи як оилаи ҷавоне, ки нав дар арафаи ташаккулёбӣ карор дошта, дар дил сад орзуву ҳаваси зиндагиро мепарастиданд ва мутаассифона, ин ҳама орзуву ормон дар як рӯзи сахту сиёҳ ба боди фано рафта буд, мебошад.
  Холаи Сайрамбибӣ дар болои кат, дар болои кӯрпача нишаста, бо шохчаҳое, ки аз навдаҳои бед қабза карда буд, худро шамол медод. Ҳарорати ҳаво хело гарм буд ва ягона ҷойи паноҳ бурдан аз ҳавои гарм маҳз ҳамин кати таги токи ангур буд, аммо дар ҳамин ҷой ҳам аз дасти пашшаҳо рӯз надошт ва ҳарчанд, ки бо қабзаи навдаҳои бед пашшаҳоро ба чапу рост меронд, боз ҳамоно пашшаҳои хира ӯро безобита мекарданд.
  Холаи Сайрамбибӣ, ки банду фикри хаёл буд гоҳ-гоҳ оҳи сард кашида, ба кӯҳҳои сарбафалакашидаи деҳашон, ки онҳоро абрҳои сиёҳ печонда буданд, нигоҳ карда, ба ёд овард, ки дар ахбори боду ҳаво дар телевизор баъди нисфирӯзӣ борони шадид меборад, гуфта буданд. Ногоҳ ба хотири холаи Сайрам набераи панҷсолааш Баҳром омад, ки ҳар саҳарӣ баъди хӯрдани саҳарнаҳорӣ ба теппаи сари роҳи деҳа рафта, то нисфирӯзӣ, баъзан то пешин омадани падарашро аз муҳоҷират мепоид.
  Деҳа, ки дар баландӣ чойгир буд,  рафтуойи мошинҳо ҳам онқадар бисёр набуд ва ҳамин, ки мошине ба деҳа меомад, Баҳром бо шодӣ  – “Падарам омад!”- гуфта, давида то сари роҳи мошин мерафт ва аз онҷо бо лабу лунҷи овезон ва хотири парешон баргашта, боз роҳи мошини навбатиро мепоид. Ин ҳолатро дида, дили холаи Сайрамбибиро дил хунобаи ғам фаро мегирифт. Панҷ моҳ боз Баҳроми бечора дар сари роҳи мошингард роҳи омадани падарашро мепояд. Акнун, ки болои кӯҳҳои деҳаро абрҳо фаро гирифта буданд, холаи Сайрам хавотир буд, ки наберааш зери борон намонад ва ӯ оҳи сарде кашида, аз ҷояш хеста, ба суроғи набераш рафт. Ӯ ҳамоно оҳкашон бо фикру хаёлҳои ғамангез роҳашро ба сӯи теппаи сари роҳ идома дод.
  Писараш Даврон бармаҳал аз падар маҳрум монда буд, ба ғайр аз писараш ӯ боз духтаре дошт, ки дар шаҳр баъди итмоми мактаби олӣ ба шавҳар баромада буд. Даврон ҳар сол дар фасли баҳор ба муҳоҷират мерафт ва дар охирҳои фасли тирамоҳ бармегашт. Имсол бошад, аз баҳор то тирамоҳ хонахои кӯҳнаи поёни замини ҳавлияшонро канда, аз сари нав хона бардошт. Хонаро бардошта ва пӯшонд. Даврон, ки бисёр ҷавони серғайрат буд, бо шавқу завқ ба бунёди хонаҳо пардохта буд. Ӯ аз субҳ то шом меҳнат мекард. Баъзан дили холаи Сайрам танг мегашт ва Давронро сарзаниш мекард: – “Бачам худатро коркушта накун, гоҳ-гоҳ камтар дам бигир”. Дар ҷавоби сарзаниши модараш Даврон хандида илова мекард: – “Не модарҷон, хонаҳоро тезтар бардоштан даркор аст, худоро шукр, ки занам ин зимистон кӯдак таваллуд мекунад, мехоҳам, ки мо ҳамамон тезтар ба ин хонахои нав гузарем”.  
  Даврон аз ҳомиладор будани занаш бисёр хушҳол буд ва аз он ки фаҳмида буд, ки занаш маҳз духтарча мезояд, аз шодӣ дар куртааш намеғунчид. Даврон хонаҳоро бардошта, бомашонро пӯшонд. Фақат таъмири дарун ва шинондани дару тиреза ва баъзе майда-чуйдаҳо монда буд, ки маблағи пасандозаш адо гашт.
  Даврон ин дафъа моҳи октябр азми сафари Русияро кард. Субҳидам Давронро то сари роҳи деҳа модараш, занаш ва писараш Баҳроми панҷсола гусел карданд. Дар назди мошин Даврон модарашро оғӯш карда, дилдорӣ намуд: – “Модарҷон зиқ нашав бисёр ғам нахӯр, Худо хохад ман тез бамегардам ва ҳамин, ки хонаҳоро буд кардам, ваъда медиҳам, ки дигар  ба муҳоҷират намеравам. Дар чашмони холаи Сайрам ашк ҳалқа зад ва ӯ аз куҷо ҳам медонист, ки ин суханони ҷигарбанди ӯ охирон буданд ва баъди чанд лаҳза писари лахти ҷигарашро то абад дигар нахохад дид.
  Даврон бо ҳамсараш низ хайрухуш кард. Ҳамсараш сарашро хам намуда, ҳамоно аз чашмонаш ашки ғаму ашки сӯзу фироқ ҷорӣ гашт ва ба рухсорахояш шорид. Ин ҳолатро дида, авзои Даврон беҷо гашт ва аломати ғаму андӯҳ дар чеҳраи ӯ ҳам хувайдо гашт, аммо худашро бой надода, Баҳроми дустрӯякро бардоша, аз ду бари рӯяш гарм бӯса кард ва ӯро сахт ба оғӯш гирифта, гуфт:
 – “Бачаҷонам, ту мардаки калон шудаӣ, ман меравам ту дар ҷои ман мардаки хона мешавӣ, модару бибятро ғам надеҳ, гапашонро ҳамеша гӯш кун!”.
 – “Майлаш  дадаҷон” –  гуфт Баҳром бо овози маҳзунона ва ғамолуд. Даврон дар мошин нишаст ва мошин баъди ду гардиш дар як гардиши тулонӣ аз назар панҳон гашт. Холаи Сайрам Баҳроми хурдсол ва зани Даврон, ки ҳамоно аз пушти мошини то аз мадди назар паноҳгашта менигаристанд, акнун хапу хомӯш оҳиста-охиста бо ғаму сад фикру хаёл ва сари хам ба хона баргаштанд.
  Аз байн ду моҳ гузашт. Даврон кариб ҳар рӯз занг мезад, аз ҳоли аҳли хонаводааш огоҳ мегаш, бо модараш сӯҳбат мекард, бо писараш сӯҳбат мекард ва дар охир бо занаш сӯҳбат мекард. Занаш, ки духтари шармгин буд, вақти сӯҳбат аз пеши холаи Сайрам дуртар мерафт, аммо аз рафти сӯҳбат ва хандаву табассуми занаш маълум буд, ки онхо сӯҳбати гарму чӯшоне мекарданд. Холаи Сайрам кӯшиш мекард, ки ба гуфтугӯи ин ҷуфти муносиб аҳамият надиҳад, то ки зани Давронро дар хиҷолат намонад, аммо дар кунҷи дилаш аз ин муносибати гарму самимии писар ва келинаш доимо хурсанд буд.    
  Саҳарии субҳи дувоздаҳуми феврал холаи Сайрам аз хоб барвақтар хест ва баъди адои намози бомдод ба ҳавлӣ баромад. Шаб камтар барф борида ва ҳаво сард буд. Холаи Сайрам аз рӯи одати деринааш аввал ба рӯбучини ҳавлӣ оғоз кард. Бо бел барфҳоро дар як тараф ҷамъ карда, ҷорӯбро гирифта, барфи болои катро рӯфта, бо як ходаи дароз барфҳои тарро, ки шохаҳои дарахтонро хам карда буданд, афшонд. Аз сарди ҳаво камтар ҳам хунук хӯрда буд ва ба ҳамин хотир вориди хона гашт. Аз чӣ бошад, ки гӯшаи дилаш сиёҳ буду авзояш беҷову хотираш парешон. Шояд сабаби ин ҳама хотирпарешониям хобҳои ҳархелаи дидам бошанд, аз дил гузаронид холаи Сайрам.    
  Ногаҳон хомӯширо садои занги телефони мобилӣ халалдор кард. Холаи Сайрам телефоро бардошта нигоҳ кард, дар телефон сурати Даврон ва рақами телефони ӯ намоён буд. Холаи Сайрам телефонро бардошта, бо хурсандӣ “Алло” гуфт. 
– “Ассалому алейкум холачон! Шумо модари Даврон хастед?” – шунид дар телефон.
– “Бале!” – ҷавоб дод холаи Сайрам ва аз шунидани овози ин ҷавони бегона хавотир гашта, бо оҳанги изтиробомез аз ҷавони ношинос пурсид:
 – “Шумо кӣ ҳастед?. Давронҷони ман кучост?. Чаро ӯ худаш гап намезанад?  
– “Модарҷон шумо худатонро ба даст гиред, Даврон имшаб аз ошёнаи бистуякуми сохтмон афтида бандагӣ кард, насиб бошад пагоҳ ҷасади ӯро бо самалёт соатҳои дуи рӯз роҳӣ мекунем ва соатҳои ҳафти бегоҳ ба Душанбе мерасад, мунтазир бошед ва модарҷон илтимос, худатонро ба даст гиред, ҳамааш насибу қисмат будаст ва зиндагии Даврон ҳамин қадар будааст, худораҳматӣ бисёр одами хуб буд”.
  Холаи Сайрам дар сари дилаш як дарди ҷонкоҳеро ҳис кард, пеши чашмонаш сиёҳ гаштанд ва дунё дар назараш гирд гашт, телефон аз дасташ афтода буду аз он садои “Алло…! Алло…!”  меомад. Пойҳояш карахт, забонаш лол гашта буд ва аъзои баданаш мадори ҳаракат кардан надошт. Ӯ ба тамоми қуввате, ки дошт зур зада “Бачаме , бачаме, о бачаме…!” гуфта ба нола кардан пардохт.
  Садои оҳу фиғон ва нолаи зори ин модари пир ҳамсояҳоро хавотир карда буд, ки дар як дам даруни ҳавлӣ пури одам гашта ва ҳолро фаҳмида, онҳо ҳам ҳамроҳи холаи Сайрам ба овози баланд ба гиряву нола пардохтаанд. Ҳамсари Даврон ҳамроҳи Баҳром ба деҳаи боло ба хонаи падараш рафта буд. Чун ҳомиладор буд, холаи Сайрам ӯро нагуфт, ки Даврон бандагӣ кардааст.  Фақат тавассути телефон гуфт, ки ҳатман зуд хеста хона биё, ки мазаам сахт гурехтааст ва Баҳромро наёр. Баъди як-якуним соат ҳамсари Даврон ҳам омада расид ва аз дидани одами бисёр дар ҳавлиашон ҳайрон гашт ва ба холаи Сайрам рӯй оварда пурсид, ки модарҷон чӣ гап шудааст, чаро ҳамаи ҳамсояхо дар хонаи мо ҷамъ гаштаанд. Холаи Сайрам худашро дошта натавониста келинашро ба оғӯш кашида, ба овози баланд ба нола кардан пардохт:
 – “Келинҷон хонамон сӯхт, Давронҷони ширинаки ман дар ғарибӣ бандагӣ кардааст!. Оҳ бачаме! Ох бачаме!…”.
   Аз шунидани ин гап келини холаи Сайрам аз оғӯши ӯ раҳо гашта ва ба замин ғалтида аз ҳуш рафт. Акнун садои нолаву фиғони холаи Сайрам дучанд гашта буд,  келинашро ба хуш оварданд, ӯ аз тақдири талхи худ нолида дар фироқи шавҳараш аз болои замин нахеста, нолаву навҳаи ҷигарсӯз мекард…
  Ҷасади сард ва афгори Даврони ғӯрамаргро ҳамсояҳо ва аҳли деҳа бо сад ғаму андӯҳи зиёд дар қабристони деҳа дафн карданд. Ғаму андӯҳи холаи Сайрам ва ҳамсари Даврон интиҳо надошт,  беҳудуд буд, сахт озурдаву дилфигор буданд, яке дар ғами фарзанди якаву ягона, дигаре дар ғами ёри вафодору қадрдон ва мушфиқу дилсӯзи худ, мегиристанду месӯхтанд.
  Бар замми ин онхо ҳар дуяшон ҳайрон буданд, ки ба Баҳромро чи хел фаҳмонанд, ки падари ӯ дигар нест, бандагӣ кардааст ва дигар ҳаргиз бар намегардад. Ниҳоят, холаи Сайрам ва келинаш ба худ қарор доданд, ки Баҳромро то ба як синни мукаммал расиданаш аз бандагӣ кардани падараш огоҳ накунанд,  чунки ҳанӯз кӯдак асту ҷисм ва рӯҳи нозук дорад ва хабари ин фоҷиаи талхи падарашро таҳаммул кардан наметавонад. Се мох аз марги бармаҳали Даврон гузашта бошад хам, Баҳром ҳар рӯз ва ҳафтаву моҳ дар теппаи сари роҳ баргаштани падари ғӯрамаргашро аз муҳоҷират мунтазир аст.
  Холаи Сайрам дубора ба осмон нигарист. Абрҳои ғализ, ки саҳарӣ фақат тарафи доманакӯҳҳоро ихота карда буданд, акнун ними осмони болои деҳаро пур карданд ва бо суръати тез ба сӯи қисмати шарқ ҳаракат мекарданд. Борон меборад, аз дил гузаронд холаи Сайрам ва бо қадамхои тез-тез ба сӯи теппаи сари роҳи деҳа ба суроғи Баҳром шитофт. Дар сари теппа Баҳром аз навмедӣ ё аз хастагӣ буд, ки дар болои себаргаҳо хобаш бурдаст, аз дидани ин манзараи ҳузнангез дили холаи Сайрам об гашт, гиря гулӯгираш кард. Хам шуда Баҳромаки хушрӯяку дустрӯяк ва бетолеъро, эҳтиёткорона бардошту роҳашро ба сӯи хона пеш гирифт.
  Холаи Сайрам ба хона даромада, Баҳромро болои кӯрпача хобонда, болояшро пӯшид ва телефонашро ҷустучӯ карда, ба келинаш, ки ба хонаи падараш ба хотири таваллуд кардан рафта буд, занг зад. Гӯшаки телефонро падари келинаш бардошт ва изҳор кард, ки дар назди таваллудхонаи ноҳиявӣ ҳастанд ва илова кард, ки холаи Сайрам ҳадяи маро диҳед, шумо соҳиби набера гаштед.
  Келини холаи Сайрам духтар зоида буд, ки ин орзуи Даврони ғӯрамарг буд. Акнун дигар чӣ гуфтанашро надониста, холаи Сайрам телефонашро хомӯш карда, аз хона баромад ва ба хонаи нимсохтаи Даврон нигариста, сари дилаш пур гашт. Гиря гулӯгираш кард ва худашро доштан натавониста, бо овози баланд ба гиря кардан даромад. Ҳар чанд, ки аз гиряҳои бисёру беохир гулӯяш дарманд гашта буду овозаш хиросӣ, аммо ӯ бо сӯзу гудоз ва бо овози баланд ба ҳасрат гиря мекард.
 – “Давронҷони ман дар куҷоӣ, ки биёӣ руйи духтараки навзодатро бубинӣ, дар куҷоӣ, ки биёӣ хонаи бардоштаатро таъмир кунӣ ва моро ҳамакаса ба хонахои навсохтат бибарӣ!”.
  Овози навҳаи холаи Сайрам дар авҷи само печида буд, фақат қалби фалак ба ин кампири дилфигори дар фироқи фарзандаш афгор сӯхта буд, ки дар осмон овози раъду барқ садо дода, оташак заду якбора қатраҳои борон ба замин бо суръати тезу бошиддат фурӯ рехтанд ва гуё, ки ин қатраҳои раҳмат ба ашкхои сӯзони холаи Сайрам ҳамчун изҳори ҳамдардии Парвардигор ғамшарик гашта буданд, ки беист мерехтанду мерехтанд. Таҳти садои навҳаи раъду барқ ва шарораҳои сӯзони оташаки ҷигарсӯз… Ин буд боз яке аз ҳазорон қиссаҳои пурсӯзу гудоз ва нотамоми талхи муҳоҷирати беохири миллати тоҷик…10.05.2015. Душанбе.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.