Ду устоди бориз

  Бояд бигӯям, ки дар сафари бандаи камина дар роҳи инсонӣ на танҳо ин ду муаллим нақш доранд балки нақши тамоми устодоне, ки маро дарс гуфтаанд, низ дар ин ҷода бориз аст. Норов Мухтор аз синфи панҷ роҳбари синфам буд. Мо, ки дар он вақт ҳамагӣ 7 нафар будем мегуфт: —  “Ман шуморо дар киссаам тарбият мекунам”. Ин ҳарфи ӯро мо ҳамчун муҳаббат ва дӯстдории ӯ нисбат ба худ қабул мекардем. Аз фанни таърих дарсамон медод ва манро беирода худ шогирд интихоб менамуд ва маҷбур ба олимпиадаҳои ноҳия ва вилоят мебурд.
  Ман бештар ба фанни риёзӣ ва забони англисӣ шавқ доштам, аммо намехостам ба бовари ӯ носазо бошам. Аз қафояш ба пеш мерафтам. Ақидаи ӯ аз дигар муаллимонам, ҳатто аз падари худам низ фарқ мекард. Ӯ аввалин касе буд, ки яхи мануқртӣ ва шӯравизадагиро аз майнаи ман об мекард. Идеологизада набуд. Ҳақиқатро мегуфт. Мо, ки ҳоло ҳам дар зери таъсири шиъорҳои шӯравӣ бузург мешудем, ӯ буд, ки моро берун аз шиъорҳо ва дохил ба воқеъатҳо мекашид. Корҳои хуби Ленин ва Истолинро таъриф ва корҳои бадашонро танқид мекард. Ҳатто иштибоҳоти Шоҳ Дороро аз шикасташ бо Искандари Мақдунӣ маҳкум мекард. Ин ба мо ҳамчун як кӯдаке, ки дар симои инсонҳои бузурги таърих улгу меҷӯянд ва роҳи онҳоро пай мегиранд, таъсири беназир гузошт. Муаллими Мухтор буд, ки мо сиёҳро сиёҳ ва сафедро сафедро диданро ёд гирифтем ва манқурт нашудем. Худо саодати дорайн ва умри дарози пурбаракат насибашон гардонад.Norfziyoev
  Устод Саъдулло Зиёевро ман бе ягон дудилагӣ метавонам ботақвотарин шахс дар таърихи Ванҷ ном бубарам. Ӯ ғайбат, танқид, дурӯғ, фиреб ва дар маҷмуъ тарки корҳои бади дунё карда буд. Муаллими Саъдулло низ аз дигар муаллимон фарқ мекунад. Ӯ ба ғайр аз илми дунё диндори хуб ҳам ҳаст. Як намунаи зиндаи мусалмонбудан аст.
  Ҳанӯз синфи се будам, ки дар наздаш сабақи ислом мегирифтам. Дарси ӯ бо муҳаббат шуруъ мешуд ва бо муҳаббат хатм мегардид. Барои баччаҳои бадхон рубоӣ замзама мекард. Ӯ ғайр аз меҳнатҳо ва дарсҳои додааш рӯзе насиҳате кард, ки то ҳанӯз дар ёди ман боқист. Гуфт пеш аз ин ки кореро бикунед ва суханеро бизанед, дониста бошед, ки шуморо Худо мебинад, ва барои дидани ӯ садде нест. Ҳанӯз ҳам аз пири хирад — муаллими Саъдулло имондорӣ ва тақво меомӯзам. Худо саодати дорайн ва умри дарози пурбаракат насибашон гардонад. Камолиддин Бозӣ. (Дар акс аз чап ба рост Исмоил Бозиев, муаллими Саъдулло ва муаллими Мухтор дар ҳашари ҷеборкоркунии деҳаи Бичхарв). 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.