Додарбек Азорабеков

  Аз ростӣ бо номи ин шахсияти дар ҳақиқат соҳиби обрӯ ва байни омӯзгорону аҳли маорифи ноҳия маъруф амаки Додарбек аз хурдӣ ошноӣ доштам.Чун мактабро хатм кардему донишҷӯ шудем ва бо фарзандаш дӯсти гиромӣ, бародари азиз Пайрав шинос шудем, аз гуфтору рафтор таҳсилу илмдӯстиаш маълум шуд, ки дар оилаи донишманд ва устоди асиле тарбия ёфтааст. Акаи Варқа Азорабеков низ он солҳо дар Қурғонтеппа ба ҳайси корманд дар ШКД- и вилоят кор мекард.Баъдтар бо Фурқат шинос шудаму дарк кардам, ки Устод Додарбек тарбиядгари асил ва инсони аҷибе будаанд, ки фарзандони хушахлоқ ва соҳибэҳтиромеро ба воя расондаанд.
  Соли 1994 ба кори омӯзгорӣ оғоз намудам.Устод ҳамчун нозири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ чандин бор ба мактаби мо меомаданд, ба мо омӯзгорони ҷавон маслиҳату тавсияҳои судманд дода, моро ба касби омузгорӣ дилгарм мекарданд. Чун бо падарам дустӣ доштанд, аз ӯ хабар гирифта, меҳмон низ мешуданд.Сӯҳбаташон аслан, чун фидоиёни соҳаи маориф доир ба бурду бохти ин соҳа мерафт.
Додарбек Азорабеков, Аълочии маорифи халқ, шоири ширинсухан, омӯзгор, соли 1934 дар оилаи марди деҳқон дар деҳаи Бовуди ҷамоати Маҳмадулло Абдуллоев зода шуда, маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳ ва маркази ноҳия гирифта, соли 1954 ба Факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб дохил шуда, онро шуд соли 1961 хатм кардааст.
  Баъдан, ба ҳайси омӯзгор дар мактаби зодгоҳ, директори мактаб, нозири шӯъбаи маориф, корманди ҳизбии шӯравӣ кор карда, ғолиби озмуни азназаргузаронии эҷодиёти халқҳои шӯравӣ гардидааст. Агарчӣ имрӯз устод дар ҳаёт набошанд ҳам, номи некаш вирди забонҳо буда, ҳамдеҳагон номи некашро пос медоранд. Мактаби миёнаи №16-и зодгоҳаш номи ин некмардро дорад.Ёдатон бахайр, Устод Додарбек!.

Намунае аз ашъори Додарбеки Азорабек

Ванҷи ман як порае аз хоки поки тоҷикон,
Тоҷикам, ин хоки ӯ дорую дармони ман аст.
Кай гузорам дасти нопоке расад бар доманаш,
Ҳифзи хоки поки ӯ ин қарзи виҷдони ман аст.

                    ***
Ҳар зараи хоки Ватанам чун гуҳар аст,
Кӯҳу камараш синонам асту сипар аст.
Ҳар сабзаю барги ӯ бароям дору,
Шукронаи ман дуои шому саҳар аст.

                     ***
Эй диёри номдорам Тоҷикистон зинда бош,
Вориси арзандаи хоки ниёкон зинда бош.
                                     Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.