Дар мавриди маънии Дарвоз

  Аниқ муайян кардани давраи пайдоиши таркиби «Дарвоз» чун исми хос ва номи ин диёр, масъалаи бисёр мушкил ва сарбаста мебошад. Асли пайдоиши худи калимаро муайян намудан, дар назари аввал гӯё мушкилие надорад. Вай аз ду реша ва як ибораи точикӣ: «дар» ва «воз», ки маънии дари боз ё дари кушода дошта, дар ҳамбастагӣ бо вожаи «дарвоза» – меоянд, таркиб ёфтааст. Вале кай чун ҷойгузини номи «Каррон» ба сифати майянкунандаи номи ин диёри бостонӣ қабул шуданаш, дақиқсанҷиро тақозо мекунад.
  Ақидае вучуд дорад, ки гӯё бо чунин ном ин мулки кӯҳистон ҳанӯз то ҳучуми арабҳо ба Осиёи Миёна иштиҳор ёфтааст. Барои хонандаи ба таърихи диёр таваҷҷӯҳдошта аз ҳама муҳим он аст, ки ибораи «дарвоз» бидуни шубҳа тоҷикист ва беасос ба сифати номи диёр қабул нашудааст. Мавқеи чуғрофии Дарвози марказӣ ба ин фаҳмиш мувофиқат мекунад. Барои сокинони диёр мавқеи чуғрофии он муқаррариву он қадар таҳлилталаб набошад, барои ононе, ки аз қадим, бо сабабҳои гуногун,ба воситаи ағбаи душворгузари Хобу Работ ба қисми марказии Дарвоз ворид мешуданд, ҳатман аз мушоҳидаи чунин манзара сарфи назар карда наметавонистанд: баъди фаромадан аз нишебии роҳи ағбаи Хобу Работ ва расидан ба мавзеи Тангии Мурғон, дар ҷое, ки дарёчаи Хобу Работ ба руди мусаффои Хумбов (Хумбоб) мерезад, тангное пеш меояд ва он шабеҳи дарвозаест.
  Баъди он водии нисбатан васеи Дарвози миёна, ки то замони таъйини ҳудуди сарҳадии он дар соли 1895 байни Англияву Русия, ҳарду соҳили дарёи Панҷро то сарҳади шоҳигарии Рӯшон дар бар мегирифт, намудор мегардад. Шояд ҳамин чиз боиси номи Дарвозро гирифтани ин сарзамин шудааст. Ба ин асоси воқеии чуғрофӣ ном гирифтани Дарвоз боз чунин далел гувоҳӣ медиҳад, ки то кунун сокинони Рӯшону Шуғнон мардуми Дарвозро «дарвозаен», яъне дарвозагиҳо ном мебаранд.
  Дар мавриди пайдоиши ин ном дар адабиёти илмии мавҷуда ақидаҳое низ ҳастанд, ки асоси ривоятӣ ё асотирӣ дошта, чун ҳақиқати мутлақ пешниҳод нашуда бошанд ҳам, барои бо пардаи муҳобот пӯшонидани руйдодҳои эҳтимолии таърихӣ оварда шудаанд. Б.Л.Громбчевский, тарафдори ақидаи аз калимаи дарвоза маншаъ гирифтани номи ин диёр бошад ҳам, лозим донистааст, ки ахбори ривоёти аз таърихдонони маҳаллӣ шунидаашро ба хонанда пешниҳод намояд.
   «Дар замони пайғамбар Муҳаммад, – менависад ӯ, – барои ғасби Дарвоз домодаш Алӣ фиристода шуд, вале аҳолии маҳаллӣ ба ҳадди имкон бо қӯшунҳои араб қаҳрамонона муқобилият нишон додаст, ки Алӣ натавонистааст мамлакатро бо қувваи лашкар ишғол намояд. Он гоҳ ӯ ба қароре омадааст, ки роҳи фиребро ба кор барад. Ба тамошои дорбозӣ иштиёқ доштани аҳолии Осиёи Марказиро ба назар гирифта, бо либоси дорбозӣ ба пойтахти ин мулк омада, банд кашида (аз рӯи ривоят ӯ гӯё аз як қуллаи кӯҳ ба қуллаи муқобили он, ки дар маркази Дарвоз ба ҳам хеле наздиканд ва аз тангнои доманаашон дарёи азими Панҷ мегузарад – Ҳ.П.), дар болои он рақсидааст. Дар ҳолате, ки мардум аз санъаташ ба ваҷд омада, аз ӯ чашм намеканданд, ҷангиҳои араб ба дарвозаи шаҳр наздик мешуданд. Алӣ, ки ин наздикшавиро аз болои банд мушоҳида мекард, ба онҳо ишораи ба ҳуҷум гузаштанро дода, гӯё монда шуда бошад, аз банд фуромад. Дар ҳолате, ки ҳоким барои ин ҳунарнамоии волояш шахсан тӯҳфа доданӣ буд, бо зарбаи ханҷар ӯро аз пой афтонд. Дар ин ҳолат қӯшунҳои араб ба шаҳр ворид гашта, аҳолиро аз дами теғ гузаронида, мулкро тобеъ намуданд. Аз ҳамон вақт ин диёр номи Дорбозро гирифтааст, ки бо мурури замон ба ибораи «Дарвоз» табдил ёфтааст». (Громбчевский Б.Л. О путешествии в 1889-1890 гг. (Доклад к-на Громбчевского. Читано в экстерном собрании ИРГО 10 января 1891 г) // Известия Русского географического общества (в дальнейшем ИРГО). – Т. 27. – Вып. 2. – 1891. – С.99-100).
  Дар бораи ин ақида ҳаминро гуфтан лозим аст, ки вай асоси воқеӣ надорад. Аввало, Ҳазрати Алӣ ба ин диёр наомадааст. Сониян, худи ибораи «дорбоз», мантиқан ва мазмунан ба мафҳуми «дарвоз» нафақат умумият, балки қаробате дошта наметавонад. Гузашта аз он, кам нестанд номи мавзеъ ё ҷойхое, ки ба ин маънеи мутақобил (антоним) доранд. Ба хонанда возеҳ аст, ки дар манотиқи точикнишину форсизабон чандин деҳа ва музофот бо унвони «дарбанд» номгузорӣ шудааанд… Аз “Таърихи Дарвоз”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.