Дӯстон “ванҷӣ будан” ҳарфу суханбофӣ нест,
Пеши мо ванҷӣ будан мафҳуми ҷуғрофӣ нест.
Ванҷӣ будан ҳадафи олии одам будан аст,
Ҳуҷҷат аз зодаи ин мулк будан кофӣ нест… Иззатманд Саломиён.
Ванҷ ба ҷуз муҳити табии созгор боз муҳити фарҳангии таърихан шаклгирифтае дорад, ки барои будан, парвариш ва инкишофи мардони пухта, огоҳ ва қобилу комил мувофиқ аст. Ин муҳити хоси фарҳангиест, ки садсолаҳои охир дар ҳамоҳангӣ бо муҳити табиии ин диёр шакл гирифта ва дар раванди таърихӣ ва бо амри тақдир ҳар қавму авлоде, ки аз дигар гушаҳо ва марказҳои тоҷикнишин, ба мисли Самарқанду Бухоро, Бухорои хурд (Қошқар), Ҳироту Балх ва дигар шаҳрҳои марказӣ, дар ин муҳит афтодаанд, ‘ванҷӣ’ шуданд.
Бояд зикр кард, ки Вахё, Пшихарв ё Жумарч ва дигар водиву деҳаҳои атрофи Ванҷ танҳо истгоҳҳои охирине буданд, ки мардуми аз шаҳрҳои маркази фирор карда, зиста буданд ва баъдан ба Ванҷ кӯч баста буданд … “ванҷӣ шуданд’, яъне чи?. Яъне ин мардум арзишҳои бунёдии тоҷик будани худро ҳифз карданд ва дар ин муҳити табии нав дар як сатҳи нав инкишоф доданд.
Воқеан, мардуме буданд дар омузиш ва парвариш (маориф) фаъол, дар ҳунармандӣ, коркарди оҳан, чорводорӣ, шикор, обёрӣ, зироат ва боғдорӣ беҳамто. Ситемаи обёрии мардуми Рохарвро дар солҳои шуравӣ ҳам нигоҳ доштанд ва чорбоғҳои пеш аз инқилоб ташкилкардаи ин мардум то солҳои охири асри бист вуҷуд доштанд.
Ин сарзаминро беҳуда қаламрави номус намегуфтанд. Маъниҳои қуръонӣ ва шоҳнома дар зиндагии ин мардум ба арзишҳо, идеяҳо ва идеолҳои аслии зиндагии ин мардум табдил ёфта буданд. Қуръон, Шоҳнома, Девони Ҳофиз китобҳои аслии ҳар як хонадони ванҷӣ буд ва агар ҳеҷ китоб ҳам намедоштанд, ҳатман ин китобҳоро бисёриҳо доштанд.
Дар Гластун, дар маркази миригарии Ванҷ, китобхонаи калоне вуҷуд дошта, ки ба хотири қадосати (муқаддас будан) китобҳо, мардумро иҷозат намедоданд рӯи боми он баромадан ва барфи руи бомро бо “крчакҳои” (бели чӯбин) махсус меруфтанд.
Аз қадим боз ба арзишҳо идеяҳо ва идеолҳои миллӣ ва динии худ содиқ мондаанд. Як донишманд, як паҳлавон ва як ҳунарманд дар ин фарҳанг мақоме хос дошт. Як паҳлавон метавонист шоиру ҳунарманди хубе будан ва баръакс донишмандону шоирон аз оини паҳлавонӣ хуб огоҳ буданд. Сахткӯшу мушкилписанд буданд ва оини кадхудоӣ, ҷавонмардиву паҳлавониро ҳамеша зинда нигаҳ медоштанд. То инқилоб ва дар солҳои шуравӣ ҳам мардуми донишманди ванҷӣ ин ҳар ду сутуни фарҳангии тоҷиконро нигоҳ доштаанд …
Метавон гуфтан, ки дар ҳар як авлод ва хонадони Ванҷӣ аз қадим боз роҳи худсозиеро бунёд ва инкишоф дода буданд, ки он дар илм, фалсафа ва ирфони ин мардум реша дошт ва он се чизро дар бар мегирифт: аввал, масъалаи ХУДОГОҲӢ ва камолёбии як инсонро дар бар мегирифт аз як инсони одӣ то як инсони пухта (“инсони комил” як назарияи мустақилест дар ирфони исломӣ, ки алоҳида шахсиятҳои ванҷӣ шинос буданд) ; дуюм, ҷаҳонбинии кӯдак дар бораи муҳити атроф ва ҷаҳон шакл мегирифт; сеюм, маънии озодиро дарк мекард, ки он бунёди хушбахтии ӯ дар ин дунё ва дар охират буд…
Барои ҳар як ванҷӣ, аввалин унсуре, ки раванди худогоҳии шахс, ташаккулёбии шахс ё ба истилоҳи дигар раванди сохтмони худӣ аз он оғоз мешавад, ДОНИШ буд ва ҳаст. Ин ҷо инсон роҳҳои шинохти воқеъияти худ, худии худ ва дунёро хамчун ғайри худ (other) мешиносад ва ба гуфти баъзе аз мутафаккирон “ба бозии ҳақиқатҷӯӣ ва адолатҷӯӣ” дохил мешуд.
Унсури дуюм ОЗОДӢ аст, ки бо дигар унсурҳо якҷоя инкишоф меёбад ва ин ҷо баъзе ҷузъҳои (компонентҳои) дигари сохтмони инсон, мисли ирода, ақл, ҳиссиёт ва хаёлот зери фишор, тағирёбӣ ва тарбия қарор мегиранд.
Унсур ё хусусияти сеюм ин аст, ки худӣ ё шахс дар як раванди таҳаввулёбанда ва динамикӣ (дар ҳаракат) қарор дорад ва вобаста ба тағирёбии таҷриба ва донишҳои худ аз як ҳол ба ҳоли дигар ва аз як зина ба зинаи дигар мегузарад.
Хусусият ё унсури чоруми раванди ташаккули худӣ иртиботу муносибат (communication) бо дигарон аст; муносибати озод бо дигарон, яъне на касаеро ғулом кардан ва на худ ғулом будан… Қиссаҳо дар бораи Мири Шех, ки бо мардуми одӣ сари як табақ менишаст гувоҳи ин ҳарфҳоянд…
Хусусияти дигари ин раванд воқеъияти худро рӯ ба рӯ шудан, мардонагии ақлӣ доштан ва тавоноии шинохтану гуфтани ҳақиқат буд ва ҳаст. Дар тамаддуни тоҷикон ба ин арзиши баланде қоил буданд… Масалан зиндагӣ ва корномаи имом Абуҳанифа гувоҳи ин ҳарфҳоянд… ва дар Ванҷ мардоне, ки мардонагии ақлиӣ доштанд ва доранд кам набудаанд ва кам нестанд.
Ин таҷриба ва дониш имрӯз ҳам сахт омӯзанда аст ва танҳо онҳое, ки аз ин раванд гузаштаанд, метавонанд ба истилоҳи мутафаккирони тоҷик “озодмард”, “зиндадил” , “марди тамом” бошанд… Метавон гуфт, ки агар инсон ин равандро аз сар нагузашта бошад, душвор аст, дар хусуси огоҳӣ, истиқлол, одамият, ҷавонмардӣ, фахмиш, фарҳанг ва эҷоди ӯ сухан гуфтан.
Имрӯз мо ванҷиҳо дар кадом гушаи дунё, ки набошем бояд кушиш кунем, ки ин технология ё роҳи худшиносии дар боло оварда шуда дар вуҷуди мо ва фарзандони мо дар кор бошад ва тавонем дар сохтани зиндагии худ ва ҷомеъаи ояндаи худ фаъол будан.
Дигар ин ки имруз инсони худогоҳ ва бономус аз болои се маризии ҳукумрони вақт метавонад ғолиб омадан: якум, имрӯз давраи инқилоби диҷитолист (digital revolution) ва шоҳидем, ки чи тавр мардум вақти зиёди худро дар дунёи маҷозӣ мегузаронанд ва аз воқеъият ва одамият дуртар ва бегона мешаванд, бале технология зарур аст, вале на барои вақтгузаронӣ, балки барои ҳалли мушкилиҳои зиндагӣ; дуюм, дар ҷомеае, зиндаги дорем, ки шиору дуруғ зиёд шуда ва танҳо мардум худогоҳ ин ҳамаро метавонанд дарк кардан, таҳлил кардан ва ҳақиқатро шинохтан; сеюм, танҳо дар фикри хӯрдану тамошо будан ё ба гуфти мардуми мо ‘кажғел’ … набояд буд.
Дар куҷои дунё, ки набошем, кӯшиш бояд кард, ки ин сарзамин обод бошад ва мардуми Ванҷ дар ҳар як деҳаи бузург ва маркази ноҳия мактабу масҷиду китобхонаву тамринхонаҳои (спортзал) обод дошта бошанд… Меҳмоншо Шарифзода.
Назари хешро иброз кунед