Диёри кӯҳсори мо яке аз амокини мардуми соҳиби фазлу ҳунару фарҳанги воло буда, дар ҳар замон теъдоде аз фарзонагони соҳаро эъто медорад. Аҳли илму адаби диёр бо фикру зако ва эҷоду таснифи хеш мавриди эътироф қарор гирифтаву дар ҳаёти иҷтимоии кишвар таъсиргузор гаштаанд. Дар ҳар маконе, ки сукунат ихтиёр намоянд, ҳамчун ҷилои кавкаб медурахшанд ва соҳиби иззату эътибори хосе мебошанд. Мисоле аз ин зумра Аълохуҷа Сурхов мебошанд, ки бо фазлу донишу адабу ҳунари хеш дар байни дигарон намунаи ванҷии мутамаддинро дар симои хеш нишон додаанд.
Аълохуҷа Сурхов дар таърихи 15 июли соли 1954 дар деҳаи Унбари Даргови Рохарви ноҳияи Ванҷ таваллуд ёфтааст. Баъди таҳсил дар мактаби миёнаи №5-и деҳа дар солҳои 1960 – 1968 ва мактаби миёнаи №4 дар солҳои 1969 — 1970 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ба номи С. Айнӣ) дохил шудааст. Ӯ дар солҳои 1971 – 1976 дар он ҷо таҳсил намуда, мактаби олиро бо ихтисоси муаллими фанни риёзӣ бо дипломи аъло хатм намудааст.
Баъди хатми донишгоҳ аз соли 1976 то соли 1984 дар мактаби миёнаи №5-и деҳаи Унбари Даргови Рохарв ба ҳайси муаллими фанни риёзӣ кор кардаанд. Аз соли 1984 инҷониб дар маркази ноҳияи Ёвон сукунат ихтиёр намуда, солҳои тӯлонӣ ба касби пуршарафи муаллимӣ шуғл доранд. Вай дар ин ҷо ба ҳайси омӯзгор, ҷонишини директори мактаби №5 адои вазифа намуда, аз соли 1997 то 1999 вазифаи мудирии Кабинети методии шӯъбаи маорифи ноҳия ва аз сентябри соли 2001 то моҳи сентябри соли 2007 мудирии мактаби шабонаи коргарҷавонони №1-и ноҳияи Ёвонро ба ӯҳда доштаанд. Дар айни замон омӯзгори фанни математикаи мактаби такягоҳии №1 буда, роҳбарии семинарҳои омузгорони ноҳияро ба дӯш доранд.
Аълохуҷа Сурхов яке аз беҳтарин омӯзгорони ин ноҳия маҳсуб шуда, бисёре аз шогирдонаш дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби медали тилоӣ гаштаанд. Ӯ соҳиби шаш фарзанд буда, ҳамаашон соҳиби маълумоти олиянд ва дар соҳаҳои гуногун адои вазоифи хешро доранд.
Аълохуҷа Сурхов яке аз риёзидонҳои беҳтарини ҷумҳурӣ буда, истеъдоди баланди шеърнависӣ доранд, ки ашъораш дар мавриди писанди аҳли адаб қарор гирифтаанд. Аълохуҷа Сурхов бо тахаллуси Аъло шеър мегӯянд.
Риштаи умри Аълохуҷа Сурхов дар таърихи 11.05.2020 дар синни 66 солагӣ дар Ёвон канда шуд ва аҳли фарҳанги кишварро маҳзун намуд.
Дар сӯгвории Аъло
Оҳ аз ин чарх, аз ин чарх ки ғофилгир аст,
Нангарад бар рақами умр- ҷавон ё пир аст.
Дарди дил бо ту нагуфтему нагуем дигар,
Вақт бурандатаро, аз дами ҳар шамшер аст.
Фурсати умр агар миҷа задан беш набуд,
Хуш ба ҳоле нафаре бастаи ин занҷир аст.
Сӯҳбати дуст ба фардо нагузоред, ки рӯз,
Фурсате ҳаст, ки шоми сиёяҳаш пайгир аст.
Хабари марг-т ,бародар хабари сода набуд,
Хоса гар дуст туро сирати оламгир аст.
Пас аз ин ҳузн маро хиттаи Ёвон набарад,
Ки маро гумшуда дар дашт яке нахчир аст.
Иззатманд Саломиён
Чанд намунае аз ашъори Аълохуҷа Сурхов
Диёри Ванҷам
Ту биё, ай ёри ҷони ба диёри Ванҷи ганҷам,
Ба диёри нозанини зарнисори Ванҷи ганҷам.
Ба само буса дорад лаби қуллаи баландаш,
Битамом нуқрафом аст кӯҳсори Ванҷи ганҷам.
Шараёни раг-раги ман руди Ванҷи беқарор аст,
Бартар аз оби ҳаёт аст чашмасори Ванҷи ганҷам.
Шираи гачкамолаш ба ҳазор дард доруст,
Дурри канзи шифо аст гули хори Ванҷи ганҷам.
Чормағзи дастшиканду тути ровании шаҳдаш,
Зеби хони мардумон аст ба диёри Ванҷи ганҷам.
На бути фариштаҳусне,на ҷамоли ҳусни турке,
Нарасад ба зебу зиннат ба нигори Ванҷи ганҷам.
Ғами дил мебарояд зи насими субҳгоҳаш,
Дили мурда зинда гардад зи баҳори Ванҷи ганҷам.
Ту биё ба ошёни сарбаланди Боми Олам,
Ба макони мардхези номдори Ванҷи ганҷам.
Ванҷи ман
Ҷойгоҳи ҷовидони меҳтарон аст Ванҷи ман,
Бошгоҳи сар ба сақфи каҳкашон аст Ванҷи ман.
Аз қуруни торихи аҳли башар бар мондагон,
Ёдгоре аз заволи ориён аст Ванҷи ман.
Аз ғурури родмардони ба ору номусаш,
Бе муҳобо маскани шери жаён аст Ванҷи ман.
Дар қиёси боғу роғи дилкаши рӯи замин,
Як гулистони қашанге дар ҷаҳон аст Ванҷи ман.
Дар миёни кӯҳсори саркаши Боми Ҷаҳон,
Чун ливои ҳафтранги парниён аст Ванҷи ман.
Аз асал ширинтар аст гуфтори ноби мардумаш,
Махзани шевотарин лафзи равон аст Ванҷи ман.
Нест тӯйе,ки суруди «Ванҷи боло» нашнавӣ,
Дар ҳама базми сурур вирди забон аст Ванҷи ман.
Бо кафу дасти дуо ман аз Худо дорам умед,
То абад дар рӯи олам ҷовидон аст Ванҷи ман.
Эй Ватан!
Эй Ватан,ман тору пудамро ба ту бахшидаам!
Аввалин шеъру сурудамро ба ту бахшидаам!
Оташи дил дар замирам аз ҳароратҳои туст,
Ман ҳама меҳри вуҷудамро ба ту бахшидаам!
Сад қалам кӯтоҳ кардам дар пайёми номи ту,
Аз ҳама володурудамро ба ту бахшидаам!
То бимонӣ дар амонӣ,сабзу хуррам ҷовидон,
Ман ҳама буду набудамро ба ту бахшидаам!
Меҳри бепоёни ман аз ишқи беҳамтои туст,
Ишқи беҳаду ҳудудамро ба ту бахшидаам!
Ғуломӣ пешаи арзанда нест
Дар ғарибӣ зиндагӣ бар шаъни мо зебанда нест,
Тоҷдоронро ғуломӣ пешаи арзанда нест.
Он ки дар мулки ғаробот бори ғурбат мекашад,
Тобиши хуршеди олам бар рухаш афканда нест.
Ҷумлае, ки байни худ ноошноӣ мекунанд,
Номашон дар саҳфаи таърихи дун поянда нест.
В-он кӣ дар кӯи ғаробот кулбаи ғамхона кард,
Дар ниходаш меҳру лутфу дар лабонаш ханда нест.
Ҳар кӣ аз хоки диёри худ пайафканда шуд,
Моҳи шабгири фалак бар сӯи ӯ тобанда нест.
Бе наргиси чашмат
Бе наргиси чашмат ба хаёлам гуҳаре нест,
Бешамъи рухат бар дилу ҷонам шараре нест.
Ширинтари ту нест,баҷузъ Ширини Фарҳод,
Бе лаъли лабат қанду наботу шакаре нест.
Билло ба хироҷи қади мавзуни қашангат,
Дури Адану ёқуту симу гуҳаре нест.
Мурғе, ки ба як силсилаи зулфи ту арзад,
Ҷуз товуси нар олиҳаи болу паре нест.
З-он лаҳза, ки чашми ту ба ман тир бияфканд,
Аз мурғи дили бе пару болам хабаре нест.
Ҷузъ, ҷоизадорони хату санъати Беҳзод,
Дар ҷоизаи акси ту соҳибзафаре нест.
Чун мавҷи шикан дар шикани зулфи сиёҳат,
Дар авҷи фикан дар фикани баҳру баре нест.
Руят, ки чу ҳусни шафақи иқди Сурайёст,
Дар партави ҳуснат ба хаёлам Қамаре нест.
Аз лайлу наҳори ту дар ин дайр чу Аъло,
Маҷнунсифати ошиқи хуни ҷигаре нест.
Миллатамро овора кард
Тири ноҳақ шишаи қалби маро садпора кард,
Дар раги пайванди ҷону устухонам кора кард.
Қисмати талху хуруҷи нобасомонии даҳр,
Сад балои осмонӣ бар мани бечора кард.
Миллатамро иллати бе меҳрию бешафқатӣ,
Дар ғарибистони хоки дигаре овора кард.
Боғу роғи мулки моро зулмати шабҳои тор,
Чун мазористони деҳи Оқулу Шаррора кард.
Аз фиғони модари лахти ҷигаргумкардае,
Оташи вулконам аз ғаъри ҷигар фаввора кард.
Ҳайфи номи одамӣ бар ноҷавонмарде, ки ӯ,
Хуну оташро даруни синаи гаҳвора кард.
Во дареғи наварӯсе к-аз ғами ҳиҷрони ёр,
Сели оташбори хунеро бари рухсора кард.
Шевани Аъло чу шури андалебу сӯзи най,
Баҳри Ахзарро гудози қалби санги хора кард.
Сад ҳайф…
Сад ҳайф,ки лаъли худ ба савдо додем,
Ҷоми дили худ ба санги хоро додем!
Сад ҳайф, ки аз касофати бӯқалламун,
Аз даст Самарқанду Бухоро додем!
Ҳазар бояд кард
Аз неши забони худ ҳазар бояд кард,
Аз душмани ҷони худ ҳазар бояд кард!
Аз нафси бади даруни дил бинҳуфта,
В-з тири камони худ хазар бояд кард!
Шефтаи Ватанам
Ман шефтаи боди сабои Ватанам,
Ангехтаи обу ҳавои Ватанам.
Меҳраш ба дилу ҷону танам пайванд аст,
Ҳар ҷо, ки равам, обу адои Ватанам.
Ватан
Истораи бахти ман Бадахшони ман аст,
Ганҷинаву тахти ман Зарафшони ман аст.
Андар назарам биҳишти адни олам,
Дар рӯи замин Точикистони ман аст .
Маҳалгароӣ накунем
Эй дӯст, биё маҳалгароӣ накунем,
Ҳаргиз талоши н-ошноӣ накунем.
Хоҳем, ки ба умқи поки миллат бирасем,
Зинҳор зи ҳамдигар ҷудоӣ накунем!
Мунисе нест
Мунисе нест, ки боре бишавад ҳамрозам!
Ҳамдаме нест, ки як дам бишавад дамсозам!
Набувад ҳеҷ касе маҳрами рози дили ман,
Ку табибе, ки муқаррар бикунад амрозам!?
Мурғи иқболи ман андар қафаси фулод аст,
Ку насиме, ки диҳад болу пари парвозам?
Додгустар нарасад ҳеҷ гаҳе бар додам,
Ку садопардаи гӯше шунавад овозам?
Сарфарорӣ набувад ҳеҷ гаҳе таъби дилам,
Ку ҳавое, ки дар он қомати худ афрозам?
То ба кай зор шавам баҳри диёри ватану
Қадами ранҷа ба мулки дигаре андозам?
То ба кай баҳри фулуси сияҳи шоми ғариб,
Дили худро ба дами оташи ғам бигдозам?
Ман яқинам, ки дар ин олами пуршӯру шарар,
Нашнавад гӯши фалак ҳеҷ гаҳе овозам!
Эй ҳабиби роҳи ҳақ
Эй Хабиби рохи хак,Ту ранчи моро дур кун,
Хонаи умеди моро то абад пурнур кун!
Мо зи насли хуни поки зоти банни Одамем,
Миллати донои моро дар чахон машхур кун!
Шайтанат печад хар дам тору пуди анкабут,
Душманони адлу хакро аз бари мо дур кун!
Чохилони нокаси зулму разолатпешаро,
То абад бар дарду доги бедаво ранчур кун!
Мемакад оне,ки хуни мо ба неши каждуми
Токи хар ду чашми тангаш хечаи занбур кун
Чархи гардун боз гардо,боз гардо,боз гард!
Чун Тахамтан бозуи моро зи нав пурзур кун!
Куҷост?
Он табиби ҳозиқи ин қалби беморам куҷост?
Интизориҳои ёру дидаи чорам куҷост?
Сӯхтам парвонасон дар оташи ҳаҷри висол,
Марҳами розу ниёзи ҷисми афгорам куҷост?
Ку насими бомдоду накҳати авроқи гул,
Андалеби хушнавои масти гулзорам куҷост?
Дил надорад илтифоти расму оини дигар,
Ҳамдами ҳамрози ҷону ёри ғамхорам куҷост?
Ку навои дилрабои мутриби савти «Фалак»,
Захмаи мизробу сӯзи пардаи торам куҷост?
Меравад умрам дар ин кӯи ғарибӣ барабас,
Гардиши аёму оҳи синаи зорам куҷост?
Ҳаргиз
Надорад ҳарфи ҳақ ҳарҷо қадар, бар беқадар ҳаргиз.
Маҷӯ қадру қадарро аз зару дуру гуҳар ҳаргиз.
Агар хоҳӣ, ки аз бахту саодат баҳравар гардӣ,
Маҷӯ мехру муҳаббатро зи ишки бесамар ҳаргиз.
Даруни синаи одам ҳазорн сиру асрораст,
Магӯ асрори дилро бар касифи бадгуҳар ҳаргиз.
Агар хоҳӣ, ки аз дасти ҷаҳолат дар амон бошӣ,
Маҷӯ роҳи тариқатро зи зоти бехабар ҳаргиз.
Кафи хоки ватан бартар зи сад амволи Қорун аст,
Мадеҳ хори муғелонат ба тоҷу тахти зар ҳаргиз.
Фалак аз дасти шӯри одамият пунбабаргӯш аст,
Макун сад оҳу вовайло ба бехи гӯши кар ҳаргиз.
Саховат пеша гир, Аъло ту бо амру ризои Ҳақ,
Маранҷон ҳеҷ гоҳе маъсумони мушти пар ҳаргиз
То кай?
Аё эй чархи бесомон, фигорам мекунӣ то кай?
Миёни ҷумлаи аввом, ту хорам мекунӣ то кай?
Надорам ҳеҷ гоҳе бар касе дасти тамаъ ҳаргиз,
Валекин пеши ҳар нокас, ту зорам мекунӣ то кай?
Намехоҳам кашам бори ғарибистони узлатро,
Ҳамеша бори сангине, ту борам мекунӣ то кай?
Ҳамеша мезанӣ наштар ба мағзи устухони ман,
Ту ҳар шаб дар дами оташ, нисорам мекунӣ то кай?
Ба мулки синаам ҳар дам, паёпай мекашӣ лашкар,
Ба ҳар дарду балое ту дучорам мекунӣ то кай?
Ҳамеша дар дили шабҳо мисоли шамъ месӯзам,
Ба кӯи васли ҷонон ,интизорам мекуни то кай?
Намедонам дар ин мотамсаройи бе бару паҳно,
Зи сӯзу доғу ҳасрат бемадорам мекунӣ то кай.
Замоне омада, ки кас дигар ҷуръати бардоштани телефону кушодани сафҳаи фейсбукиро надорад. Рӯзҳо бо шунидани хабарҳои бади бистарӣ шудану фавтидани касе оғоз шудаву анҷом мепазиранд. Дар кӯчаҳо одам кам аст, аммо чун дуе ба ҳам вохӯранд, аз афтодану гузаштани касе ба ҳам хабар медиҳанд.
Сафҳаро боз кардаму аз хабари даргузашти Устод Аъло таконе хӯрдам, бо эҳсоси нобоварӣ дубораву себора хондам, то итминон пайдо кардам, ки Худованд ӯро аз миёни мо гирифта. Худованд Устодро то ба имрӯз умре ба орият дода. Ба дурустӣ, ки ҳама аз они Ӯст ва бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст!.
Вале фавти донишманде, устоде, маърифатпарваре, носеҳу ҳидоятгаре, равшангаре бештар аз марг, мусибате барои ҷомеаест. Устод Аъло Умарзод муаллиме, шоире бо ин ҳама сифот бо даргузашти хеш ҳузне дар миёни аҳли фарҳанги кишвар ҷо гузошт.
Бо Устод солҳо аз дурӣ рафоқату муошират доштем. Нахустину охирин дидорамон дар дунё соле пеш сурат гирифта буд. Ба ҷанозаи хешованде ба Ёвон рафта будем ва Устодро дар он ҷо дарёфтем. Шинохтаму салом дода, исми хеш гуфтам. Ҳамро ба сони дӯстони қадимӣ, самимӣ, сахту тӯлонӣ бағал гирифтем. Аз мардум ҷудо гашта, дар тӯли беш аз соате ба ҳам бомеҳру самимӣ сӯҳбат доштем, ба ҳам ба саҳни масҷид рафта, офтобаҳоро гирифта, вузӯъ кардем, паҳлу ба паҳлу намози пешинро адо кардем. Ҳамро ба умеди дидор боз сахт ба оғӯш кашидем, видоъ гуфта, ман аз паси майит ба гӯристон рафтам…
Аммо, афсӯс, ки қазо чунин буда, на дидоре дигар муяссар шуд ва на аз паси майиташ ба гӯристон рафтан…, дар гӯшае аз манзил бо ғам дар гулӯ нишастан…
Покопарвардигоро, илтиҷо дорем, чун Устодро дар ин даҳаи мағфирати моҳи шариф ба сӯят бозхондаӣ, дар мавриди раҳмату мағфирати хеш қарор додаву дар биҳишти баринат маъвояш бидеҳ!. 11.05.2020.