Наврӯзи Гулзод

  gulzodaНаврӯзи Гулзод – забоншинос, номзади илми филология, 3 январи соли 1950, дар деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ, ВМКБ ба дунё омадааст. Фаъолияти омӯзгориаш баъди адои хизматӣ ҳарбӣ  аз соли 1970 дар ноҳияи Вахш оғоз ёфтааст. Баъди хатми шӯъбаи ғоибонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко соли 1976 идомаи шуғли омӯзгорӣ дошта, дар ҳама зинаҳои системаи таълим аз муаллим синфҳои ибтидоӣ то нозири шӯъбаи маориф адои вазифа намудааст. Аз соли 1986 аввал муаллими калони кафедраи забони тоҷики Донишгоҳи омӯзгории ш.Қӯрғонтеппа, сипас ба ҳайси устоди калони кафедраи забони тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, алҳол ба ҳайси дотсент ва намояндаи ДМТ дар Донишгоҳи лингвистии шаҳри Маскав фаъолият дорад.
  Ӯ муаллифи муаллифи ду монография ва зиёда аз сад мақолаҳои илмӣ, публисистӣ ва методӣ буда, чун шоири бакамол шинохта шудааст. Чор маҷмӯаи ашъорашро бо унвони «Ҳисори сухан» (2007), «Дар ҷавоби дил», (2008) , «Кокули оташ» (2009), «Шӯълаи меҳр» (2010) дастраси хонандагон намудааст. ки чун идомаи заҳмати пешаи омӯзгорӣ барои шогирдон ва дӯстону мухлисони шеъру назм эҳдо шудаанд. Ҳунари баланди хаттотӣ дошта, чун машшоқи варзида ва латифтабъу ҳозирҷавобу суҳбаторо маълумият пайдо кардааст. Чун шоир дар эҷоди ҳама гуна жанри шеърӣ ҳалами худро санҷида, бештар ғазал ва мухаммас эҷод менамояд.
  Инак, чанд намунае аз ашъорашро пешкаши ҳаводорони шеър мегардонем.

Андар бари мо ҳар кӣ зи роҳи адаб ояд,
Аз сӯҳбати ӯ синаи моро тараб ояд.
Фарёд аз он нохалафе, ки ҳама касро
Аз хӯи бадаш бар таги дандон-ш лаб ояд.
Донӣ ғалат аз мӯи сафедам дами пирӣ,
Охир саҳарат аз паи зулмоти шаб ояд.
Чун шуълаи хуршед фурӯзанда дили мо,
Аз холи сиёҳе, ки ба ҳар кунҷи лаб ояд.
Гар нест ниёзат нашавӣ сайди маломат,
Хорӣ ба канорат зи ниёзу талаб ояд,
Гулзодаму берун шуда, аз гулшани маънӣ,
Он ҷома напӯшам, ки зи ному насаб ояд.

                     * * *

Он нигоре, ки аз суроғаш дида тар дорам, куҷост?
Бо умеди рӯзи васлаш болу пар дорам, куҷост?
Дар зимистон аз муҳаббат сина кардам чун баҳор,
Пайки наврӯзе, ки уммеди самар дорам, куҷост?
Боғи дил гулзор дар ёди азизон кардам,
Водии васле, ки аз роҳаш гузар дорам, куҷост?
Мӯҳтавии кӯҳи ишқам, интизорӣ маслакам,
Он ки аз ғайраш ҳама сарфи назар дорам, куҷост?
Юсуфи гумташтаам бошад, ки ояд дар канор,
Ҳам қабо, к-аз диданаш нури басар дорам, куҷост?
Осиёи умр пошидӣ сафедӣ бар сарам,
Зулфи шабранге, ки рангаш дар назар дорам, куҷост?
Гарчи аз Гул зодаам, андешаам аз хор нест,
Дигаронро ҳиммате, ки дар камар дорам, куҷост?

                              * * *

Дар куӣ орзуҳо завқи тамом ояд,
Ин ҷо бурун зи ишрат ҳастӣ ҳаром ояд.
Бо амри нафс ҳар шаб дар интизори субҳам,
То боз интизорӣ навбат ба шом ояд.
Рӯзе зи тангдасгти андар талошӣ ҳастӣ,
Бар дасти ин аҷуза моро зимом ояд.
Сарфи назар намудӣ кабке зи дому маҳбас,
То донае бичинад, дар банди дом ояд.
Аз рӯи лутфу эъҷоз посух ба ҳар суоле,
Моро алифи ҷуръат байни ду лом ояд.
Гулзодро қаноат,аз нури шабчароғест,
Ҳар шаб на моҳтобат бар рӯи бом ояд.

Водии ҳиҷрон

Шабе аз водии ҳиҷрон гузар оҳиста-оҳиста.
Ба оғуши муҳаббат кун камар оҳиста-оҳиста.
Агар дилбар зи бадхӯӣ туро берун зи дар созад,
Дарун аз равзанаш мешав зи дар оҳиста-оҳиста.
Ду гесуяш ба гардан кун, бигӯ, ки куштаи меҳрӣ
Зи ҳарфи хуш ба каф ояд самар оҳиста-оҳиста.
Магар боз омадӣ даври Қамар, к-аз шӯру шар афзун
Саду як пора шуд охир ҷигар оҳиста-оҳиста
Чу марди оқиле бошӣ, қадам дониста мебояд
Бурун аз ҷодаи хавфу хатар оҳиста-оҳиста.
Зи бадаҳдӣ чӣ чора ин, ки шуд бебозгашт аз каф
Зи хотирҳо бурун панди падар оҳиста-оҳиста.
Яке ақли расо гум кардаву дар банди ишрат аст,
Дигар омода дар роҳи сафар оҳиста-оҳиста.
Набошад дар вуҷуди кас агар як зарра аз мардӣ,
Бибӯсад панҷаи ҳар гову хар оҳиста-оҳиста.
Зи софӣ осмонро бин, ки дар болои сар моро
Ба каф дорад ҷаҳону баҳру бар оҳиста-оҳиста.
Зи шавқи васли ту Гулзод намемирад, агар рӯзе
Биёӣ дар канораш бехабар оҳиста-оҳиста.

Аз ёд рафт

Орзуи васл моро ин замон аз ёд рафт,
Лаззати паймонаву «хуни разон» барбод рафт.
Дасту пову гардани ин нафс мебояд шикаст,
К-аз ҳавояш ҷаннати мо ҷовидон барбод рафт.
Дар набарди зиндагонӣ чора аз тақдир ҷӯй,
Такя бар тадбир бояд, он гаҳе иршод рафт.
Шарм дорам аз баҳори рӯзгори хештан,
Ки маро андешаи фасли хазон бунёд рафт.
Бо умеди домани Ширин чу Хусрав бедареғ,
Аз дили умедворам орзу чун бод рафт.
Дил ба дунё бастани ҳар кас нишони ақл нест,
Ҷумлагиро аз ҷаҳон паймонаи имдод рафт.
Об аз сарпанҷа н-ояд бар даруни кӯза боз,
Пас наояд ҳар нафас, беҳуда чун фарёд рафт.
Ҳар шаби торикро, маҳтоб равшан мекунад,
Моҳи мо бо ахтарон аз осмон, Гулзод, рафт.

Дар ёди мазмун сӯхтам

Дар раҳи сидқу вафо бунёди Маҷнун сӯхтам,
Ҳамчу Лайлӣ аз ҷафои чархи гардун сӯхтам.
Ман тани танҳо дар ин зулматсарои бесутун,
Гоҳ зери барфу гаҳ аз боди серун сӯхтам.
Ҳеҷ гаҳ дармони дардамро наҷустам аз касе,
Сабр тоҷам буд бар сар, гарчи афзун сӯхтам.
Чун сабуксорон нагаштам мубталои як назар,
Вожаро бигзоштам, дар ёди мазмун сӯхтам.
Ғуссаи мо кас надонад ғайри мо, эй бехабар!
Худ бидонам сӯхтам, баҳри чиву чун сӯхтам.
Мавҷҳои ашк рӯямро чу соҳил шустаанд,
Ташналаб андар канори рӯди Ҷайҳун сӯхтам.
Берун аз маҳфили ёрону ғариб афтодаам,
Дар бари ҳар носазо сар то ба нохун сӯхтам.

Ҳавасам дидор аст

Бӯса, эй маҳ, зи лабат дар рамазон ифтор аст,
Лек то он дами хуш шому саҳар бисёр аст.
Ҷилваи дилбару сармаст аз он ҷумла рақиб,
Ин наво аз назари рашку ҳасад душвор аст.
Чу гулистон бувадо гулшани ишқам ба назар,
Гарчи пайроҳаи он гоҳ-гаҳе пурхор аст.
Ҷуръати майли висолаш, чӣ кунам, нест маро,
Ҳар замон тоқати ҳиҷрон чу неши хор аст.
Агарам оташ ҳиҷрон чу ҳезум сӯзад,
Накашам оҳ, ки майлу ҳавасам дидор аст.
Шукр гуфтам ҳама дам буданату андӯҳам,
Санги раҳ болину рахтам таги ҳар девор аст.
Гар сурудан тараби булбули ошиқ бошад,
Тараби Зодаи Гул хомӯшӣ аз гуфтор аст.

(Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшоҳ).                                        

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.