Русия азимтарин кишвари олам аст ва дар миёни нуфуси бузург дар ин ватан ба муваффақияте расидан амри мушкилу сангин аст. Вале бо вуҷуди ин бархе аз ҳаммеҳанони мо, ки паи муҳоҷирати тӯлонимуддат муқими он гаштаанд, дар пеша комёб гашта, номбардори миллату меҳани хеш гардидаанд. Яке аз ин зумра ҷавонпаҳлавони ҳамдиёри муқими он ҷо Айём Хабиров мебошад, ки унвони ҷаҳонпаҳлавониро касб кардааст.
Айём Хабиров 21 январи соли 1997 таваллуд шуда, мактаби миёнаи умумии №17-и ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанберо хатм намудааст. Аз овони хурдсолӣ ба варзиш, хусусан ба гӯштингирӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Дар мусобиқаҳои ҷашнҳои наврӯзӣ ҳатто бо калонсолон дар майдон қувваозмоӣ мекард. Падару модар муҳаббати беандозаи ӯро дида, Айёмро барои тамрин кардан ба мактаби варзишии кӯдакону наврасон бурда, дар назди яке аз паҳлавонони номдори диёр, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Саидбег Файёзов ба шогирдӣ гузоштанд.
Айём аз синни ҳафтсолагӣ тамринро дар риштаи ҷудо оғоз намуда, дар муддати кӯтоҳ дар миёни шогирдони устод мавқеи хоси худро пайдо кард, зеро аз шогирдони боғайрату серталаб буд. Ҳамин кӯшишу ғайраташ буд, ки зуд дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори диплому ифтихорномаҳо гардид.
Айём на танҳо дар мусобиқахои дохили ҷумҳурӣ, балки дар мусобиқаҳои берун аз кишвар низ қувваозмоӣ карда, бо натиҷаҳои хуб баргаштааст. Тамоми муваффақиятҳои Айём бо меҳнату заҳмат ва талошҳои зиёд ба даст омадааст. Ҳама унвону зинаҳои баланди варзиширо марҳила ба марҳила касб кардааст.
Соли 2017 дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбои размӣ соҳиби ҷои сеюм, дар соли 2018 сазовори ҷои дуюм ва дар соли 2019 унвони Қаҳрамони ҷаҳонро ба даст оварда, соҳиби медали тилло гардид. Айёмпаҳлавон мисли ҳазорон ҳамватан ба амри сарнавишт бо волидайн дар кишвари Русия сукунат дорад ва дар Чемпионати XXV-и ҷаҳон оид ба самбои размӣ дар шаҳри Твер дар вазни 57 кг қаҳрамони ҷаҳон шуд. Алъон, таҳти сарпарастии устоди сахтгиру серталабаш Рустам Одинаев дар шаҳрҳои Маскаву Твер боҷидду ҷаҳд ба нияти ба даст овардани унвонҳои баланди варзишӣ машқу тамрин дорад.
Назари хешро иброз кунед