Хушвахт Қадамов

  Хушвахт Қадамов яке аз шахсони барӯманди деҳа ва дар диёр касби обрӯ намудааст. Ӯ бо саховатмандӣ ва меҳмоннавозӣ маъруф буда, бо хисоли накӯ дар мавриди эҳтироми мардум қарор дорад. Дар тӯли ҳаёт дар соҳаи хоҷагии халқ фаъолияти корӣ намуда, дар ин ҷода хизматҳои шоиста анҷом додааст.
  Хушвахт Қадамов дар таърихи 22 январи соли 1948 дар деҳаи Ғуҷоваст таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи ба номи “Коммунаи Париж”-и деҳа таҳсилро дар маркази ноҳия идома дода, мактаби миёнаи №4-ро хатм кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №20-и шаҳри Ӯротеппа дохил шуда, онро бо ихтисоси механизатори васеъсоҳа ба итмом расондааст.
  Пас аз хатми омӯзишгоҳ ба хидмати аскарӣ даъват шуда, дар солҳои 1968 – 1970 дар Ҷумҳурии Мухтори Нахичевони Озарбойҷон адои хизмати ватан кардааст. Бо назардошти хизмати шоиста ва корнамоиҳои ҳарбӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ бо “Медал барои хизмати диловарона” мукофотонида шудааст.
  Пас аз бозгашт аз хидмати аскарӣ дар колхози ба номи Федченко ба ҳайси механизатор фаъолияти меҳнатиро оғоз карда, бо зуҳури росткорию ғайрат дар меҳнат аз соли 1985 то соли 1993 дар вазифаи ҷонишини мудири совхози Федченко оид ба корҳои хоҷагӣ кор кардааст. Баъдан, дар соли 1993 сардори Идораи таъминоти техникии ноҳияи Ванҷ таъйин шуда, то соли 1997 кор кардааст. Пас аз таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси хоҷагии деҳқонии “Ватан” интихоб шуда, то синни нафақа роҳбарияти онро бар ӯҳда доштааст.
  Хушвахт Қадамов дар тӯли фаъолияти роҳбарии хеш дар ободии диёр саҳм дорад. Бо ташаббус ва роҳбарии ӯ ҷӯйбори Ғуҷоваст-Вишхарвак азнавсозӣ – фарох ва мустаҳкам карда шуд. Қитъаҳои ҷарӣ ва хатарноки он бо бетонбандӣ ва лӯлакашӣ шуданд, ки дар натиҷа заминҳои зиёд дар мавзеъҳои Харгади Ғуҷоваст ва деҳаи Вишхарвак шодоб шуданд.
  Ванҷоб бо кандани заминҳои корам дар мавзеи Заги Харгад хисорати зиёде ба мардум овард. Сокинони деҳа бо ташаббуси раиси хоҷагӣ, бидуни доштани лавозимотии зарурии техникӣ роҳи дарёро садбандӣ карда, ба қадре заминҳои зироатро аз нобудшавӣ наҷот доданд.
  Бо ташаббуси Хушвахт Қадамов дар соли 1913 маъракаи қобили таҳсин – ҷашни ёдбуд ба хотири 100 солагии паҳлавони номдори диёр Имматпаҳлавон, сокин гузаштаи деҳа бо иштироки мардуми ноҳия ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ гузаронда шуд.
  Хидмату заҳамот ва талошҳои Хушвахт Қадамов дар роҳи ободии диёр бо медали “Барои хизмати шоиста” қадр карда шудааст.
  Хушвахт Қадамов худ шахси боилму соҳибмаърифат буда, ҳамасарашон Зубайда Шарифова аз занони мӯътабари деҳа мебошад. Онҳо фарзандоне тарбия намуда, ба воя расонидаанд, ки бо ахлоқи хубу некӯкорӣ намунаи ибратанд. Писаронашон, ки солҳост дар Русия сукунат доранд, дар корҳои хайр саҳм гузошта, дар имдоду дастгирии ҳаммеҳанон мушорикат меварзанд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.