Абдулқодири Алавӣ (Алиев Абдулқодир Муродович). Номзади илми филология, соли 1957 дар деҳаи Жамаг, водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, шавқу рағбате, ки ба адабиёт ва шеъру шоирӣ дошт, ӯро ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард. Соли 1979 факултаи забон ва адабиёти ҳамин Донишгоҳро хатм карда, дар Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон чун муҳаққиқи забони язгуломӣ дар Шӯъбаи помиршиносӣ ба кори таҳқиқотӣ оғоз намуд. Дере нагузашта, ҳамин соли 1979 барои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ба Институти забоншносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Москва фиристода шуд. Дар муддати 2 сол ӯ зери роҳбарии донишманди маъруф Ҷ.И.Эделман роҳу усули таҳқиқи навини забоншиносиро омӯхт ва тарҳи рисолаи илмиашро кашида, бо шавқи том ба таҳлили бахшҳои аввал он шурӯъ кард.
Вале рӯйдодҳои Афғонистон ба идомаи таҳсилот ва таҳқиқоти Абдулқодир Алавӣ халал расонд ва ӯ барои иҷрои «вазифаи интернатсионалӣ» ба Афғонистон фиристода шуда муддати се сол дар вилояти Самангон адои хизмат дошт. Баъди бозгашт ба Ватан ӯ дубора дар Институти забон ва адабиёт ба пажӯҳиши илмӣ машғул шуд. Сипас дар идораи энсиклопедияи тоҷик дар вазифаҳои муҳаррири илмӣ ва сар- мутахассиси дараҷаи аввал кор кардааст.
Абдулқодир Алиев дар ин давра, дар баробари таҳрири илмии мақолаҳои муаллифони дигар шахсан худаш, беш аз 25 мақола бахшида ба масоили забон, адабиёт ва санъат, барои ҷилдҳои ҷудогонаи энсикло- педия таълиф намудааст.
Дар даврони бозсозӣ ва баландшавии нуфузи забони тоҷикӣ ниёзмандии зиёд ба мутахассисони баландихтисоси ин соҳа эҳсос мешуд. Ин буд, ки баъди пирӯзӣ дар озмуни хеле ҷиддӣ, Абдулқодир Алавиро ба Шӯрои Олии Тоҷикистон даъват намуданд ва дар ин ҷо ӯ дар вазифаи сармутахассис дар шӯъбаи таҳия, тарҷума ва нашри қонунҳо иҷрои вазифа намудааст.
Бар асари ҷанги дохилӣ ва мушкилоти фаровони зиндагӣ Алавӣ соли 1993 ба Маскав муҳоҷират кард ва барои идомаи пажӯҳиш ва таҳсил дубора шомили Институти забоншиносӣ шуд. Баъди хатми аспирантура дар Шӯрои илмии ҳамин Институт дар «Ибораҳои рехтаи забони язгуломӣ (сохтор ва таҳлили семантикӣ)» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Натиҷаи таҳқиқоти ӯ дар шакли рисолаҳои илмӣ бо унвони «Ибораҳои пуристиораи забони язгуломӣ» (Москва, 1997), «Ибораҳои рехтаи забони язгуломӣ (М., 2001) ва даҳҳо мақолоти пурарзиш ба чоп расидаанд.
Алавӣ дар чандин конфронсҳои байналмилалӣ ва дохили кишвар ширкат намуда, роҷеъ ба масоили мубрами омӯзиши забон ва маънавиёти мардум Язгулом суханронӣ кардааст.
Ҳамзамон бо пешаи пажӯҳишгарӣ, Алавӣ дар арсаи танзими умури ҷамоатӣ фаъолият менамояд. То дар ин ҷода, шаммае аз мушкилоти ҳамватанони ғарибу дурафтодаашро осон намояд. Чун раиси созмони иҷтимоии «Ватан» ва узви «Шӯрои ҳамоҳангии созмонҳои иҷтимоии тоҷикони Москва», ӯ тавонистааст аз ҳуқуқ ва шарафи инсонии садҳо ҷабрдидагон дифоъ намояд.
Абдулқодир Алавӣ на танҳо олими пухтакор ва шахсияти иҷтимоӣ аст, ҳамчунин табъи равони шоирӣ низ дорад. Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Насими Язгулом» (М., 2002), «Ойини меҳр» (2009), «Ашки қалам» (2012) ба табъ расидаву аз тарафи хонандагони сершумори назми волои тоҷик хуш пазируфта шудаанд. Намунае аз эъҷоди ин шахсияти баланди фарҳангии диёр, ки таҷассумгари воқеияти замон ва табъи нозукбаёнии ирфонии эшонанд, манзури хонандагони китоб мегардад.
Тоҷикистон
Тоҷикистон мушти хоке аз Хуросони ман аст,
Меҳри покаш ҷилваи рӯҳи ниёгони ман аст.
Ифтихори маҳди илмаш чун Авасто будааст,
Занду Позандаш[1] ҳаме овози туғёни ман аст.
Кохи назми порсиро Рӯдакӣ афгандааст,
Ҳам ба ҳикмат ровии шеъри ниёгони ман аст.
Пири Тусӣ гар сухан орост бар сони арӯс,
Шӯҳрати «Шаҳнома»-аш нерӯи Эрони ман аст.
Ибни Сино аҳли оламро «Шифо» бахшида буд,
«Маснавии маънавӣ» «Қонун»-и ирфони ман аст.
Хуш ба ҳоли миллате, к-аз осмон дорад китоб,
Он китоби осмонӣ чист, Қуръони ман аст.
Сарбаландӣ ёфтӣ аз Тоҷикистон, эй Алӣ,
Рамзу рози сарбаландӣ аз Бадахшони ман аст.
Пардадар шудем
Аз бехудии хеш зи ҳам бехабар шудем,
Аз бими якдигар ба ҳар кую дар шудем.
Баҳри видои ёру диёр фурсате намонд,
Аз тири нобакор ҳама дар ҳазар шудем.
Бо сели ашк тарк намудем диёру ёр,
Аз ғуссаи диёру нигор хунҷигар шудем.
Моту малол расида кунун бар диёри ғам,
Аз хасми якдигар ба ин буму бар шудем.
Ҳар он чӣ мавҷи рӯд ба соҳил бурду рафт,
Чун шохаҳои рӯд ба ҳар сӯ сафар шудем.
Аз мижжагони чашм ҳаме хуни дил равон,
З-он рӯ, ки аз сояи хеш дар хатар шудем.
Бо ҳавлу дар ҳарос ниҳодем рӯ ба раҳ,
Як дам ҳама ҷониби кӯҳу камар шудем.
Баҳри наҷоти хеш зи бегонаю худӣ,
Чун тир аз камон зи меҳан бадар шудем.
Аз қавму мақом дур фитодем, во дареғ,
Он ҷо чу расидем, аз ин ҷо батар шудем.
Касро чӣ ғам ба ҳоли парешону зори мо,
Бе ёру бе бародару бе болу пар шудем.
Аз меҳри гарму оғуши модар дар канор,
Бе давлату бе тоҷи сару бе падар шудем.
Ин ҷомаи сабр бар тани мо парда дарида,
Зеро замон дигар шуду мо низ дигар шудем.
Бепарда гуфтугӯ чи хуш аст, гар сухан кунем,
Акнун, ки ҳама пардагару пардадар шудем.
Ба ин озодагон андешаи озод мехоҳам
Туро эй Тоҷикистон кишвари обод мехоҳам,
Ҳамеша миллати ғамдидаамро шод мехоҳам.
Туро эй хоки Бобу лонаи Хуршеду Моҳу Меҳр,
Ба олам давлати комил ҳуқуқбунёд мехоҳам.
Бифармо баҳри мо ё Раб, Анӯшервони одилро,
Ки аз даргоҳи ту ё Ҳақ, ҳамин имдод мехоҳам.
Чӣ иқболест, то бар мо расида бӯи истиқлол,
Ба Истиқлол тоҷикромуборакбод мехоҳам.
Ватан дӯст дорам бо ҳама вайрону ободӣ,
Ба тарҳи дигару таъмири нав бунёд мехоҳам.
Ба гирдат давлати ангуштнамои олами тоҷик,
Ҳама оритаборонро басе дилшод мехоҳам.
Ватан мероси Исмоили Сомонист бар моён,
Самарқанду Бухороро ҳаме озод мехоҳам.
Туи эй Тоҷикистон минбари озодагони Шарқ,
Ба ин озодагон андешаи озод мехоҳам.
Вале ранҷуру маҳҷурем ба ин дарҳои ҳиҷронӣ,
Аз ин ҳиҷрони беҳосил, дило фарёд мехоҳам.
Алӣ аз ишқи Меҳан ҷон мебозад дар ин ғурбат,
Ба ин дилдодаи Меҳан дили Фарҳод мехоҳам.
[1] Занду Позанд — номи китоби тафсирии «Авесто» дар забони паҳлавӣ.
(Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшоев).
шерхои Абдулкодир алави
шеьр барои навруз