Ҷумъа Сияев

 JumasiyaҶумъа Сияев соли 1917 дар деҳаи Мдехарви Ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғро соли 1949, факултаи забону адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо (феълан ДДОТ ба номи С.Айнӣ) соли 1958 хатм намуд. Аз соли 1938 то охири ҳаёт (9 майи соли 2001 вафот кардааст) шуғли касби омӯзгорӣ дошт.
  Аз овони ҷавони машқи шеър мекард ва аз худ мероси назаррасе боқӣ гузошт. Ҳарчанд мавзӯи лирикӣ дар маркази эҷодиёташ қарор дорад, вале бештар дар он таҷассуми раванди идеологӣ ва сиёсати ба низоми давраи шӯрави мувофиқ эҳсос мешавад. Бояд ҳамин тавр ҳам мебуд, чунки на ҳар зодаи давру замон аз таъсири муҳит берун буда (аниқтараш шуда) метавонад. Вале барои мо ва хонандаи оянда ҳаминаш муҳим аст, ки Ҷумъа Сияев кӯшида аст то ҳақиқатро аз диди худ баён созад. Аз замон розӣ буд ва дар шеъраш низ онро тараннум мекард.
  Мо фақат чанд ғазале, ки аз табъи баланди лирикии ӯ шаҳодат медиҳад, интихобан ба хонандаи гиромӣ пешниҳод менамоем.

Дар фироқи рӯи он маҳ зору нолонам ҳанӯз,
Ҳамчу зулфаш ҳар замон хотирпарешонам ҳанӯз.
Нестам ғофил зи ёдаш то ҳанӯз бо чашми тар,
Мисли шамъи субҳгоҳон ашкрезонам ҳанӯз.
Мехӯрам хуни ҷигар андар фироқаш рӯзу шаб,
Ҳамчу Маҷнун дардманди сӯзи ҳиҷронам ҳанӯз.
Зиндагӣ дорам ба ёдаш то даме, ки зиндаам,
Чун Сикандар дар талоши оби ҳайвонам ҳанӯз.
Гоҳ Маҷнунам ба дашту гоҳ Фарҳодам ба кӯҳ,
Дар биёбони ғамаш ҳам ину ҳам онам ҳанӯз.
Ҷумъа, дурам ман зи васли он маҳи номеҳрубон,
Дар танури ишқи ӯ чун тори сӯзонам ҳанӯз.

                              * * *

Биё, эй ҷони ман, то сер бинам рӯи зебоят,
Ҳамон чашмони ҷодуву қади чун сарв болоят.
Ба яғмо бурд тобу тоқатам дар як дами дидан,
Ду абруи камонрангу лаби лаъли шакарҳоят.
Ба бозори муҳаббат гар матои ҳусни худ орӣ,
Манам аввал яке аз он харидорони савдоят.
Ба ҳар ҷое қадам мемонӣ бар рӯи замин, эй маҳ,
Равам пинҳон, танам ҷӯлида бар хоки кафи поят.
Ба ҳар ҷое, ки мегардонӣ гардан ҳар тараф бо ноз,
Парешон мешавад ҳар дам ба рӯ зулфи сумансоят.
Хиҷил шуд кабки хушгуфтор аз тарзи хироми ту,
Ба ханда таъна зад сарви сиҳиро қадди раъноят.
Ҳамеша Ҷумъаро аз васли худ дилшод кун, эй шӯх,
Ки дар ишқат касе мислаш набошад масту шайдоят.

                            *  * *

Ошиқи зору ҳаводору гирифтори туам,
Ташнаи дидани он рӯи пуранвори туам.
Ҳамчу парвона бар чизи дигарам нест ҳавас,
Моили шуълаи шаъми гули рухсори туам.
Ҳама, шаб хобу ба ёдат мани мискин то рӯз,
Таҳ накарда мижа ошуфтаву бедори туам.
Ту зи ман бехабару, лек зи ҳолат мани зор,
Нестам ғофилу ҳар лаҳза хабардори туам.
Гарчи бар ман ситаму ҷабр раво дидаӣ беш,
Лек бо ин ҳама ҷабру ситамат ёри туам.
Бевафоӣ набувад шеваи ҳар ошиқи пок,
Ошиқи покаму чандест вафодори туам.
Нархи худро ту ба ин Ҷумъа дучандон кардӣ,
Ба хамин нархи баланд, лек харидори туам.

(Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.