Аз қадим мардон аслан аз ҳунар қадру эътибор меёфтанд ва масали маруфи “Ба мардина чил ҳунар кам аст” бурузомада аз ин фаҳм аст. Мардони пеш ба касби як ҳунар иктифо намекарданд ва талош мекарданд дар чандин навъи ҳунар моҳир гарданд. Ин аст, ки чун аз он некмардон ёде шавад, ҳунармандиҳои эшон васф мешавад.
Абдуллоҳ Муҳаббатов намунае аз афроди мазкур мебошад, ки бар чандин ҳунар тасаллут дошта, дар миёни аҳли диёр эътибори хосса дорад. Ин марди бошараф қариб дар ҳама деҳоти Ҷамоати Рованд нишоне аз самараи дасти хеш дорад. Чандин хонаву ошхонаву (аловга) каҳдону оғилхона сохта, хонаводаҳои зиёд аз табақу қошуқу фӣ (бели чӯбин барои барфрӯбӣ, бодкунии ғалла, обшоркунии зироат ва ғ.) ва дигар маснуоти сохтаи ӯ истифода мебаранд.
Абдулло Муҳаббатов соли 1939 дар деҳаи Вишхарвак таваллуд шудааст. Ба истифода аз истеъдоди ҳунарварӣ аз ҷавонӣ дар пеша иштиғол доштааст. Агарчанде илми муҳандисиро дар донишгоҳ наомӯхта бошад, ҳамчун муҳандиси фитрӣ биноҳои сохтаашро худ тарроҳӣ карда, аз бунёд то бом месозад. Мебояд зикр кард, ки биноҳои сохтаи ин устои гулдаст бо сифати хуб ва мустаҳкам сохта шудаанд.
Дар коркарди чӯб маҳорат доранд. Барои биноҳои сохтааш худ аз чӯби дарахтон пулу сутун тарошида, сутуни хонаҳоро кандакорӣ мекунад, ки намунаи шоҳкориҳои чӯбии усторо дар хонаҳои сохтаашон метавон мушоҳида кард. Яке аз устоҳои бомаҳорат дар сохтани хонаҳои “помирӣ” мебошанд, сохти онҳо аз хонаҳои муқаррарӣ мураккабтар буда, маҳорати махсуси устогӣ, хусусан, чӯбкориро тақозо мекунад.
Усто Абдулло ба ҷуз чӯбкориву деворгарӣ устои табақу қошуқ, дутору рубобтарош буда, асбобҳои сохтааш сифати баланддоранд. Ҳамчунин, барои ҷуфтронӣ юғу испор месозад. Ҳама корҳои барои хоҷагидорӣ лузумӣ аз дасташон меояд.
Абдулло Муҳаббатов дар ҷавонӣ тануманду варзишкор буд. Дар аспдавонӣ маҳорат дошта, яке аз саворгардони беҳтарин дар диёр буд. Дар мусобиқаҳои аспдавонӣ ва бузкашӣ ширкат меварзид. Асппарвари ботаҷриба буда, дар ҳама замон соҳиби асп буд ва ҳоло, ки мардум дар водӣ асппарварию аспдориро барҳам додаанд, асп дорад.
Усто Абдулло яке аз беҳтарин ва пуртаҷрибатарин кишоварзони водӣ мебошад. Дар ин пеша маҳорат ва таҷриба дошта, бо рӯёдани ҳосили босифат аз замин бо обилаи даст барои хонаводаи хеш рӯзгори кофиро таҳия намудааст.
Усто Абдулло шахси ҳалиму хоксор ва соҳиби хислатҳои хуби инсонӣ буда, ҳама аз ӯ мусбӣ таъриф мекунанд. Усто аз ҷумлаи афроде мебошад, ки аз онҳо танҳо ба мардум суд мерасад ва ҷомеа ба онон ҳамеша ниёз дорад. Фарзандонаш ҳам хисоли падарро доранд, писаронаш Зубайдулло ва Файзулло мисли падар соҳибҳунар буда, хидмати мардумро ба ҷо меоранд.
Падар, Шумо бехтарини бехтаринхоед.Бале,дар шумо бехтарин хислатхои инсони шарифу покзамирро мушохида кардаву аз он меболам,ки шумо падари манед.Хамеша зинда бошед,Падар