Кавар ва хосиятҳои шифобахшии он

  Кавар дар водии Ванҷ асосан бештар дар хршгие ва ҷару нишебиҳои нисбатан офтобрӯя ва камоб мерӯяд. Ҳар як қисми кавар, реша, баргу шоху тана ва меваашро дар об ҷӯшонида хӯранд, гиреҳи рагҳои хунгард ва дигар гиреҳҳои дар узвҳои бадани одам ба вуҷуд омадаро кушода, нарм мекунад.
  Узвҳои бадани одамро аз моддаҳои нодаркор ва зараровар пок месозад. Балғамро аз қафаси сина ва гулӯ дур месозад. Барои муолиҷаи бемориҳои ба сабаби сардхӯрдагӣ дар бадани инсон пайдошуда муфид мебошад. Барои бемориҳои вобаста ба майна, фалаҷ, карахтии бадан, пайвандҳо ва радикулиту ниқрис (подагра) низ фоидаовар мебошад.
  Ҳар як қисми каварро кӯфта, ба ҷойҳои дардманди бадан, минҷумла мушакҳои осебдида, узвҳои дардманди баданро муолиҷа мекардааст ва дарди дандонро низ таскин мебахшидааст. Оби реша барг ва пӯсти каварро ҷӯшонида, нимгарм карда, ба гӯшҳо чаконанд, дарди гӯшҳоро хотима мебахшад. Мева, баргу пӯсту решаи каваро ҷӯшонида, ба он сар бишӯянд, мӯи сари рафтаро дубора барқарор мекунад.
  Ҳама қисматҳои каварро ҷӯшонида, бо асал омехта карда, бихӯранд, балғамҳои гуногуни қафаси сина ва дарди дохили кафаси синаро таскин мебахшад. Агар каварро дар оби намакхӯрда тар карда бихуранд, ба бемории дамкӯтоҳӣ хотима мебахшид. Агар баргҳояшро дар об ҷӯшонида, бихӯранд, кирмҳои меда ва рӯдаро дур мекунад. Агар кӯфтаи меваи каварро бо сирко хамир карда, болои доғхои сафеди пӯст ва шукуфтаҳои бадан гузоранд, касалиҳои мазкурро шифо мебахшад.
  Мизоҷи кавар гарм буда, бештар ба шахсоне, ки мизоҷи хунук доранд, фоидаи зиёдттар мебахшад ва солҳои пеш каварро барои касалиҳои дарди гулӯ ва сулфаи шадид (кабудхуфа) бисёр истифода мебурданд. Ёд дорам, дар фасли тирамоҳ вақте ки меваи кавар кафида, дилаи сурху часпак мебаровард, мардум онро ҷамъоварӣ карда, дар ҷое онро хушк карда, нигоҳ медоштанд ва барои муолиҷаи касалиҳои мавсимии фасли зимистон (мисли зукком (навоӣ) истифода мебурданд. Таҳияи Азиз Қадамов.

Расмҳои кавар

(Расмҳои кавар дар мавзеи Дараи Ғавеҷи деҳаи Мудехарв гирифта шудаанд. Расмгир Ашраф Акрам. 28.08.2023).

Барг, мева ва танаи кавар
Гул ва меваи кавар
Меваи расидаи кавар
Дохил ва донаҳои меваи расидаи кавар
Барг ва меваи кавар
Меваи норасидаи кавар
Меваҳои кавар

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.