Ҷовидон Муҳаббатов барандаи ҷоизаи “Ҷашнвораи зардӯзиву заргарии Бухоро-2022”

  Хабаргузории “ASIA–Plus” иттилоъ додааст, ки соҳибкори муваффақ ва зодаи диёри Ванҷи нозанин Ҷовидон Муҳаббатов сазовори ҷоизаи “Ҷашнвораи байналмиллалии зардӯзиву заргарии Бухоро-2022” гардида аст. Дар матлаб омадааст:
  «Соҳибкори тоҷик, Ҷовидон Муҳаббатов, муассис ва роҳбари ширкати «Лазурит», дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар нахустин Ҷашнвораи байналмилалии зардӯзӣ ва заргарии Бухоро, яке аз се ҷоизаи ин ҷашнвораи байналмилалиро соҳиб шудааст.
  Ин ҷашнвораи байналмилалӣ аз 21 то 25 майи соли 2022 дар шаҳри Бухорои Узбекистон бо иштироки 150 намоянда аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор гардид. Ширкати «Лазурит»-и соҳибкори тоҷик тобистони соли гузашта дар назди «Анҷумани заргарони Тошканд»-и Узбекзаргарсаноат сабти ном шудааст . Ин ширкат ба коркард, вероиш ва харуду фурӯши сангу филизҳоиҳои қиматбаҳо ва нимақиммат сару кор дорад.
  Ширкати «Лазурит» дар ин ҷашновора барандаи мақоми сеюм, диплом, сертификат ва ҷоизаи молиро дар бахши «Беҳтарин ширкати заргарӣ» соҳиб шудааст. Ҷашновораи байналмилалии зардӯзӣ ва заргарии Бухоро, ки имсол бори нахуст баргузор шуд, бо фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон минбаъд дар ду сол як бор баргузор мешавад».

Шарҳи ҳоли мухтасари  Ҷовидон Муҳаббатов

  Муҳаббатов Ҷовидон Муминҷонович дар деҳаи Вшхарваки ноҳияи Ванҷ дар хонадони афроди бофарҳангу дониш ва соҳибмаълумоти шинохтаи Ванҷ – Муҳаббатовҳо дар таърихи 18 декабри соли 1973 дида ба олам кушудааст.
  Мактаби миёнаро соли 1989 дар мактаб интернати №1-и деҳаи Ғуҷоваст, ки дар он солҳо аксари донишомӯзони деҳоти Ванҷи боло синфи 9-10–ро дар ин мактаб мехонданд, бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Дар айёми донишомӯзӣ дар мактаб бо ахлоку одоби ҳамида ва дониши хубу аъло намунаи ибрат буд, ки то ба ҳол устодон ва ҳамсинфони мавсуф, аз ӯ бо некӣ ёд меоваранд.
  Риштаи геологияи бахши коркарди зеризаминии канданиҳои фоиданоки Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро дар соли 1999 бо дипломи аъло хатм намуда, дар солҳои 2000-2002 муовини директори Институти масолеҳи сохтмонӣ ва аз соли 2002 то 2018 дар канори бародараш Муфарраҳ Муҳаббатов — яке аз соҳибкорони муваффақ ва шинохтаи кишвар, муассис ва раиси ширкати “Рухом” дар вазифаи сартехнологи он ширкат ифои вазифа намудааст.
  Солҳои 2018 -20221, Роҳбари сехи мебелсозии “Фирдавс”. Соли 2021 ба Ҷумҳурии Узбакистон сафар намуда, ҶДММ “Лазурит”-ро дар назди Анҷумани заргарони Тошканд -“Узбекагросаноат” таъсис дода аст, ки самти асосии фаолияти корхона коркард, хариду фурӯши сангҳо ва фулузоти нимқаммат ва қимматдор мебошад. Ё ба тавре Ҷовидон дар ҷараёни суҳбат иброз дошт:
Ҷуйи шир ояд бурун аз куҳ баҳр куҳкан,
Рӯзии худ мекунад соҳибҳунар ҳосил зи санг..
  Ҷовидон аз интихоби ин касб ибрози хушнудӣ менамояд ва хешро дар ин роҳ пайрав ва мадюни бародарбузургаш Муфарраҳ меҳисобад, ки дар давоми солҳои тулонӣ нозукиҳои ин ҳунарро дар мактаби ӯ омӯхта аст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад. Гузориши Аъзамшоҳи Ширговадӣ.

P.S: Бояд зикр кард, ки 9 бародари хонаводаи Муҳаббатовҳо ҳама дорои маълумоти олӣ буда, ду тан аз онҳо доктори илм мебошанд ва дар сохторҳои мухталифи кишвар, дар мақомҳои гуногун кору фаъолият намудаанд, ки дар оянда ба таври муфассал хоҳем навишт.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.