Ҷавонмарди асили диёр

  QiyomsirojДиёри мо ба шарафи мардони номдораш эътибор ёфт ва зодагони он бо зуҳури хӯву рафтори писандида дар саросари кишвару берун аз он шоистаи таърифу таҳсину мояи ифтихори ҳамдиёрон гардиданд. Фаросату донишмандӣ аз хусусиёти фитрии мардуми мо мебошанд ва аҳли диёри мо дар замони пеш пас аз хатми донишгоҳу донишкадаҳо ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ба кор фиристода шуда, барои пешрафту ободии кишвар мекӯшиданд. Онҳо ҳамчун беҳтарин мутахассисон дар кишвар шинохта шуда буданд.
  Ҷавонмарди диёр Нӯъмонов Қиём Сироҷовичро баъд аз хатми донишкада ба ноҳияи Вахш ба кор фиристоданд. Дар идораи Раёсати мелиоратсия ва обёрии ноҳия ба ҳайси сардори сех фаолияти меҳнатӣ оғоз кард. Ба ҷиҳати доноию кордонӣ ба зудӣ ӯро сармуҳандиси идора таъйин карданд ва солҳои зиёде дар ин вазифа адои хидмат намуд. Баъдан, раиси Комбинати таълимӣ-истеҳсолии ноҳия таъйин шуда, то оғози бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳбари он буд.
  Қиём Нӯъмонов яке афроди камназир, бо соҳибияти ҳама хулқу атвору кирдори хуби инсонӣ буд. Аҳли деҳ аз ӯ ба ҳасрат ёд карда, бо шунидани номаш васфи хулқу аъмоли некаш мекунанд. Дар Вахшон инсони шинохта буд. Дар миёни мардуми он ҷо иззату икром дошт. Онҳо имрӯз ҳам аз ҷавонмардӣ, саховатмандӣ, хушахлоқӣ, хушгуфторӣ, ростию сарбаландии Қиёми ванҷӣ тавсиф мекунанд. Дӯсту ҳамкоронаш мардию рафоқати самимӣ, ғайрату дасткушодӣ ва соири ахлоқи накӯяшро сутуда, ба хотири ӯ дар нисбати ванҷиҳо арҷ гузошта, ҳама ванҷиёнро соҳиби чунин хислатҳо мепиндоранд.
  Вале ҷанги шаҳрвандӣ мардумро парешону ошуфта кард ва мардуми мо бархе гирифтору кушта шуданд ва боқӣ хонумон ба ғосибон гузошта, ҷон ба каф гирифта, бо фарзандон ба зодгоҳ гурехтанд. Қиём Нӯъмонов бо истифода аз имконоти дошта талошу кӯмак барои берун рафтани мардуми кӯҳистон аз минтақаи ҷанг кард ва гурезаҳои зиёдро то ба Душанбе расониданд. Барои аз Душанбе рафтани ҳамдиёрон ҳам имдоду хидмат намуд.
  Ҷавонмарди асили диёр аз майдони марг, ки тири тӯпу тонк дар ҳаво дар парвоз буду ваҳшиёни хуношом дар замин шикори инсонҳо мекарданд, ҷон ба саломат бадар бурд, аҳли аёлу хешу табор ба зодгоҳ расонд ва дар хонаи амни падарӣ видои қолаб кард. Он замон чиҳилу ду сол умр дошт ва дарди ҳузну андӯҳро дар дили аҳли деҳ гузошт.
  Марги бузургмард мусибати бузурге барои аҳли деҳ буд ва ҳар фарди деҳа аз фавташ маҳзун гашта буд. Азимҷон Қадамов яке аз хешовандон дар сӯги ӯ алам ба қалам кашида буд ва он марсия дар зер дарҷ аст. Ашраф Акрам.

Дар сӯги акаи Қиём

Мегирам, дӯстон ба даст қалам,
Бо ҷигари сӯхтаю дили пурғам.
Қиссае менависам пуралам,
Менависаму месӯзам чу шамъ.
Қиссаам ба хотири марди некном,
Ба марди сахию одию хушкалом.
Ба марди роздардилу ноком,
Ба шодравони акаи Қиём.
Аҷаб марде буд аз водии Ванҷ,
Аз кӯҳсори баланду кони ганҷ.
Аз маҳаллаи Дуи Дуршери Ванҷ,
Аз макони чашмаҳои шохоби Панҷ.
Буд Қиём номи он гули бӯстон,
Аз наберагони Бобои Нӯъмон.
Бо хурдон хурд буду бо калонон калон,
Сад дареғ, ки рафт пурҳасрат аз ин ҷаҳон.
Ӯ чанде Вахшро макон кард,
Бо аҳли оилааш ошён кард.
Бо ҳама хубияшро аён кард,
Сад дареғ, ки тарки ин ҷаҳон кард.
Ба ӯ фарқ надошт, на хешу на бегона,
Ба ҳама мекард рафтори одилона.
Ҳалиму хоксору пурханда буд дар замона,
Сад дареғ, ки рафт ба хоби ҷовидона.
Дошт орзую ҳаваси фарзандонаш,
Ҳамеша буд дар ёди ҷигарбандонаш.
Мекард муҳайё ҳар чӣ буд дар замонаш,
Сад дареғо, ки аз баҳри ҷонаш гузашт.
Ба амри тақдиру нотинҷии замона,
Тарки Вахш карду ҳавлию хона.
Кард хайру хуш бо дӯсту ҳам бо бегона,
Мекард рафтору кирдори оқилона.
Аз Вахш ба Душанбе омаду маскан гирифт,
Чу булбули шайдо унс дар чаман гирифт.
Хонаю кор зи нав дар ватан гирифт,
Обрӯ дар назди дӯсту душман гирифт.
Гашт шоёни ҳурмати ҳамсояву дӯстон,
Ҳам эҳтирому иззати хурду калон.
Зиндагии хуш мекард бо аҳли хонадон,
Розӣ буд аз замонаву шоду хандон.
Вале дур давом накард ин хушбахтӣ,
Омад ба сари халқи тоҷик бадбахтӣ.
Дар Душанбе сар шуд ҷанги бародаркушӣ,
Ба сари мардум овард хорию сахтӣ.
Ҳама хестанду фирор карданд,
Рӯ ба тарафи диёр карданд.
Занону кӯдаконро хор карданд,
Ба болои мошинҳо савор карданд.
Яке мерафт пиёдаву яке савора,
Пирону тифлакон шуданд овора.
Азоб мекашиданд модарони бечора,
Боз саргардон шуданд дубора.
Акаи Қиём низ бо аҳли хонадонаш,
Ба ҳамроҳии ҳама ҷигарбандонаш.
Гулсараву Дилноза духтаронаш,
Рашиду Ҳабибу писари хурдӣ – Бурҳонаш.
Расид бо сад фикру хаёл ба диёраш.
Чеҳрааш зард буду дигар буд рафтораш,
Сад афсӯс, ки ба амри Худову тақдир,
Ба чанголи марг гашта буд асир.
Вале бо касе намегуфт рози дил,
Чунки медонист, маргро нест тадбир.
Чӣ сахт буд моҳи октябру ноябр,
Вале рӯзи шум шуд, ҳафдаҳуми декабр.
Набуд на тоқату дармону на сабр,
Ҳамаро фаро гирифт ғам чу абр.
Ҳама деҳа мекард оҳу нола,
Аз барои ҷавонмарди чилудусола.
Хурду калон гирён шуданд аз алам,
Ҳама ашкрезону дидаҳо пурнам.
Ҳама оҳу гиря мекарданд дар он айём,
Оҳ мекашиданду мегуфтанд, Қиём!.
Ҳама ғамзадаю ҷигарсӯхта дар он шом,
Ба дили пурҳасрат ӯро мегрифтанд ном.
Чу расида омад аз Рав ба Ду ҳамсараш,
Омаду бидид, дар хун оғӯшта шавҳараш.
Оҳ хонаам, гуфту зад бар сараш,
Месӯхт ҷону тану дилу ҷигараш.
Тифлаконаш гирёну ҳайрону зор буданд,
Писаронаш дар андӯҳу ночор буданд.
Ҳама хешу табору ҳамсояҳо саргардон буданд,
Сад дареғо, ки фарзандонаш бепарастор шуданд.
Падари бечорааш Бобои Сироҷи пир,
Қоматшикаста шуд ба амри тақдир.
Мегиряду менолад он марди фақир,
Дар ғамат гаштааст, лолу зору ҳақир.
Вале акаи Қиём дар хоби ноз,
Хобе, ки дигар бедор нашавад боз.
Бо лаби пурхандаю дили пури роз,
Ҳамаро мешуниду намебаровард овоз.
Чунки ӯ пурҳасрату пурармон буд,
Дар ғами ояндаи фарзандон буд.
Аммо дар пеши марг нотавон буд,
Ҳама гирёну ӯ хандон буд.
Аз замонасозии дунё ҳайрон буд,
Дар пеши чашмаш неку бад аён буд.
Аз хатогиҳои худ пушаймон буд,
Сад афсӯс, ки нафаси охирон буд.
Рафтию номат монд то абад,
Дар ҳама рӯзи сахтию бад,
Мо доим аз Худои меҳрубон,
Металабем, ки атоят кунад эмон.
Рӯҳат шод бошаду ҳамеша ҷамъ хотират,
Нури эмон фурӯзад макони охират.
Азимҷон Қадамов. Соли 1993.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.