Маълумоти миёнаи нопурраро дар мактаби 7-солаи «Коммунаи Париж»-и деҳаи Ғуҷовас ва мактаб-интернати маркази ноҳияи Ванҷ гирифта, пас аз хатми синфи 8 омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғро соли 1957 хатм намуд. Барои сайқал додани дониш ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ Ҳанифа Бодурова солҳои 1963-1968 дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе таҳсил кард.
Аз соли 1957 то давраи ба нафақа баромадан (соли 1990) дар мактаби миёнаи №28 деҳаи Вишхарвак ба ҳайси омӯзгор кор кард. Дар тӯли фаъолияти касбиаш барои ҳамкорон намунаи ибрат буда, таълимро дар сатҳи баланди дидактикӣ ва илмӣ-методй мегузаронд. Таҷрибаи пешқадами ӯ ба андозае дастурамали муаллимони мактабҳои ноҳия гаштааст. Барои хизмати намунавӣ ва бенуқсон, аълочии маорифи халқ Ҳанифа Бодурова ба депутатии шӯрои вилоятӣ (даъвати XI) интихоб гардида, бо ордени Инқилоби Октябр, медали «Барои шуҷоат» ва чандин ифтихорномаҳо қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед