Ҳаким Ҳасан

  Ҳаким Ҳасан соли 1947 дар маҳаллаи Бодавди деҳаи Вускроғ ба дунё омадааст.Таҳсилоти ҳафтсоларо дар зодгоҳаш гирифта, баъдан Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (дар солҳои 1964 – 1967), сипас Донишгоҳи омӯзгории Кӯлобро (1967 — 1970) хатм кардааст.Тамоми умри пурбаракати хешро сарфи касби омӯзгорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ кардааст.
  Ба машқи шеър аз даврони донишҷӯӣ ҷиддан машғул шудааст. Маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Решапайванд — ҳамешапайванд» соли 2012 чоп шудааст. Шоир соли 2016 дунёи фониро падруд гуфт. Ёдашон бахайр!. Давлатмир Давлатов. 25.12. 2019.

Ҳасанов Ҳаким

  Ҳасанов Ҳаким аз зодагони Ванҷ, намояндагони адабу фарҳанг ва номбардорони диёри арҷманд аст. Ӯ пешаи пуршарафи омӯзгориро баргузида, ҳаёти хешро бастаи таълиму тарбия ва бомаърифатгардонии насли оянда гардонидааст.
  Мулоқотам бо ин марди адиб тасодуфан сурат гирифт. Дар дохили яке аз шӯъбаҳои «Тоҷиксодиротбонк»-и шаҳр (Душанбе) мунтазир нишаста, ба рафтуои мардум назорат доштам. Замоне марде ворид гашт, ки аз чеҳраи сафеду қиёфаи сирф тоҷикияш пайхас намудам, ки марди кӯҳистониест. Баъди салом бо маданияти хосу шеваи шӯхомезонаи аслии ванҷӣ сухан оғоз намуданаш дар дилам тардиде намонда, (агарчӣ бо лаҳҷаи «шаҳрӣ» гап мезад) пурсидамаш: — «Ака, Шумо ай койи Ванҷе?». Баъди ин сӯҳбати гарму ҷолибе байнамон сурат гирифт ва гарчанде ӯ баъди синфи ҳафт аз Ванҷ баромадаву пас барнагаштааст, ванҷии асил мондааст.
  Ҳасанов Ҳаким 10 апрели соли 1947 дар деҳаи Ускроғ таваллуд ёфтааст. То синфи ҳафтум дар мактаби №17 деҳа таҳсил намуда, соли 1964 ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил гашта, онро соли 1968 бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди он дар соли 1968 таҳсилро дар донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб идома дода, онро соли 1972 ба итмом расонидааст.
  Баъди хатми донишкада як сол дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси муаллими забону адабиёт кор карда, дар солҳои 1973-1974 дар Селиноград (ҳоло Остона) ва Қарағандаи Қазоқистон адои хидмати аскарӣ (дар сафи қушунҳои кимиёвӣ) намудааст. Баъди аскарӣ мудири мактаби коргарҷавонони №2-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) тайин гардида, дар он ҷо то соли 1985 кор кардааст ва аз соли 1985 то соли 1993 то замони нооромиҳо мудири мактаби №26-и ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) будаанд.
  Баъду ҷангу ҷидолу нооромиҳои кишвар аз соли 1993 то соли 1995 вазифаи муовини мудири фабрикаи мурғпарвариро ба дӯш дошта, аз соли 1995 боз ба касби аслии хеш баргашта, то ин замон мудири мактаби №84-и ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.
  Ҳаким Ҳасанов истеъдоди шеърнависӣ дошта, ашъораш дар рӯзномаҳои маъруфи кишвар борҳо ба табъ расидаанд. Ба гуфти худашон дар бобати ғундошт ва чопи китоби ашъорашон беэътиноӣ кардаанд ва ҳоло тасмим гирифтаанд, ки китоби ашъорашонро ба нашр расонанд. Ҳоло китоби ӯ, ки аз ҳаштоду ҳафт саҳифа иборат аст, дар ҳоли нашр қарор дорад (аълон номаш нагузоштаанд). Дар китоби Президенти Тоҷикистон оид ба ҷашни ноҳияи Рӯдакӣ чанд шеъри ӯро ҷой додаанд. Ашраф Акрам. Баҳори 2012.

Намунае чанд аз ашъори Ҳаким Ҳасан:

Эй Ванҷ сароҳанги ҳама ганҷи ман астӣ,
Эй Ванҷ ту меъёри сухансанҷи ман астӣ.
Сӯят нигарам.қуллаи воло ба ман орӣ,
Ту ганҷи манӣ,ганҷи манӣ,ганҷи ман астӣ.
***
Заҳматкашу чорасоз бошад, ванҷӣ,
Некӯгару дилнавоз бошад, ванҷӣ.
Домони фалак раҳо насозад ҳаргиз,
Гӯӣ, ки ҷаҳони роз бошад, ванҷӣ.
***
Сарсабз чу фасли гулфишон Ванҷи ман аст,
Сарчашмаи бахти ҷовидон Ванҷи ман аст.
Ёрӣ ҳама ҷо ба ифтихоре мегуфт,
К-эй бехабарон, ганҷи ман аз Ванҷи ман аст.
***
Эй ҷӯра бидон,ки ин замин Ванҷи ман аст,
Ҳар санги раҳаш кулӯлаи қанди ман аст.
Фарзанди азизи ӯ бувад доғбадил,
Доғаш чӣ кунам, ки боиси ранҷи ман аст.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.