Ҳайдар Ёров

  Ҳайдар Ёров соли 1958 дар деҳаи Старғи деҳшӯрои Рованд таваллуд шудааст. Соли 1975 баъди хатми мактаб-интерати Ғуҷоваст, аз соли 1976 то соли 1978 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи шӯравӣ хизмати Ватанро ба ҷо овард. Соли 1979 ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи ибни Сино дохил шуда, онро соли 1985 хатм намуд. Соли 1985-1986 дар назди кафедраи ҷарроҳӣ ординатураро ба охир расонид.
  Аз соли 1986 то ҳол дар беморхонаи Роҳи оҳани ш.Душанбе ба сифати ҷарроҳ кору фаъолият дорад. Ҳоло мудири шӯьбаи ҷарроҳии ин беморхона, дорои унвони ҷарроҳи дараҷаи олӣ мебошад.
  Хизматҳои Ҳ.Ёров дар шифо ёфтани ҳазорон беморони корафтода ифода меёбад. Исботи ин суханонро далелҳои зер шаҳодат медиҳанд: дар се-чор соли охир дар амалиёти зиёда аз 400 ҷарроҳӣ иштирок намуда, 220-тои онро шахсан ҷарроҳӣ кардааст.
  Ҳайдар Ёров дар баробари корҳои амалӣ боз ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳам машғул аст. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаи илмӣ буда, дар конфронсҳои илмӣ на танҳо дар Тоҷикистон, инчунин дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Минск, Тошкент ширкат варзидааст.
  Соли 1996 бо унвони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
  Ҳайдар Ёров аз соли 2008 то соли 2018 дар вазифаи муовинии сардухтури Шифохонаи Роҳи оҳани шаҳри Душанберо ба дӯш дошта, аз соли 2018 то имрӯз сардухтури ин шифохона мебошад.

Табиби маҳбуб

  Инсонҳо дар ҷомеа ба хулқу мақому пеша мухталифанд. Бархе мардумро бори дӯшанд, бо вуҷуде туфайлӣ мехӯранд, дар ҳаққи дигарон зулм мекунанд, зердасту атрофиён эшонро хуш надоранд ва ба иҷбор таҳаммули хидмату ҳузурашонро доранд…
  Вале бархе аз афроде мавҷуданд, ки барои ҷомеа муфиданд, мардум ба онон меҳру муҳаббат доранд, ҳангоми ҳоҷат ба суроғашон мераванд, онҳо ба феълу атворе, ки доранд, муроҷеъонро хуш мепазиранд, ба ҳадди имкон ҳавоиҷашонро бароварда месозанд…
  Яке аз ин ҷумла афрод Ҳайдар Ёров мебошад, ки рӯзе чандин ҳамватану чанд ҳамдиёр пурсу суроғаш мекунанд. Ҳамдиёрон аз дурӣ ба умеди имдод ба ҳузураш меоянд. Корафтодагон изҳори ризояту қаноатмандӣ дошта, аз ӯ ба муҳаббат сухан мегӯянд.
  Ҳайдар Ёров пизишк ба тамоми маънову мафҳумаш мебошад. Ӯ на фақат табиб, ҳамчунин олими тиб аст ва шуғл ба пажӯҳиши илмӣ дар соҳа дорад. Яке аз беҳтарин ва таҷрибадортарин ҷарроҳони кишвар аст, ки беш аз 600 амалиёти ҷарроҳиро анҷом додаву назорату роҳбарӣ кардааст. Ба сабаби кору фаъолияти касбию моҳирона ва хӯву хулқи шоиста дар мавриди эътимоди мардум қарор гирифта, унвони Аълочии соҳаи тибби кишварро ба ин ваҷҳ касб кардааст.
  Ҳайдар Ёров фарде бо хӯву хисоли шоистаи инсониянд. Афроде баробар ба мақому вазифаи ӯ хешро тавре вонамуд месозанд, ки мардум ба эшон ҳатто ҷуръати сухан гуфтан намекунанд. Алъон роҳбари яке аз шифохонаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ мебошад. Вале хеле ҳалиму рафтори хоксорона дошта, ба ошнову бегона муносибати яксон дорад. Бо зердасту ҳамкорон рафтори меҳрубонона ва бо беморон мушфиқона дорад. Ба дафтараш ташрифовардагонро то пеши дар мегуселонад.
  Дигаре аз хислатҳои хуби Ҳайдар Ёров, ки илзом ба зикр аст, посдории пайвандҳои хешутаборӣ мебошад. Ба қавли мардуми диёр “зрядӯстдор” (дӯстдору мӯҳтарамдори хешу ақрабо) аст. Хешу ақрабову ҳамдиёронро шинохта, эҳтиром менамояд ва хидмати аздастомадаро барояшон анҷом медиҳад.
  Ҳайдар Ёров зодаи деҳаи Старғ буда, пас аз хатми мактабу донишгоҳи тиббии кишвар фаъолияти меҳнатиро дар шифохонаи муассисаи Роҳи оҳани кишвар оғоз карда, то ба мақоми сардухтурӣ расидааст. Ӯ дар оилаи шахси соҳибилму фарҳанг Мулло Ёри Старғӣ ба дунё омада, тарбия дида, ба воя расидааст. Бародарони вай ҳам, мисли ӯ соҳиби маълумоту касбу ному пешааанд. Ашраф Акрам. 31.12.2020.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.