Қурбоншо Имомов 2 сентябри соли 1951 дар деҳаи Лахши ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Баъди хатми Донишгоҳи тиббии ба номи ибни Сино соли 1975, то соли 1976 курси такмили ихтисоси ҷарроҳиро дар ш.Душанбе гузашта, соли 1976 барои кор ба ноҳияи Комсомолобод фиристода шуд. Аз соли 1976 то соли 1977 мудири шӯъбаи ҷарроҳӣ ва аз соли 1977 то 1996 ҷонишини сардухтур кор кардааст. Аз соли 1996 ба ш.Душанбе омада, дар маркази ҷарроҳии дармонгоҳи марказии шаҳрӣ, ба сифати ҷарроҳ кор мекунад. Аз соли 2003 ҷонишинии сардухтури ҳамин дармонгоҳро, ба ӯхда дорад. Соли 1985 ба унвони ифтихории “Аълочии тиб” сарфароз шудааст. Духтури дараҷаи олӣ Қурбоншо Имомов ба серкории хеш нигоҳ накарда, ҳар чи бештар мекӯшад, ки ба ҳамдиёрони маризу корафтода, мададу шифо бахшад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед