Дар Ванҷ баъзе авлодҳоро қошғарӣ меноманд ва намояндагони онҳо аз Қошғар омадани бобоёнашонро тасдиқ мекунанд. Дар мавриди сӯҳбатҳо ба танз онҳоро “хитоӣ” унвон мекунанд. Вале дар асл онҳо тоҷикони асиле мисли соири авлодҳои Ванҷ ба ин диёр паноҳанда мебошанд.
Қошғар ҳаргиз ватани чиниён (хитоиҳо) ва макони сукунати онҳо набудааст. Ин минтақа, ки баъдҳо Туркистони шарқӣ ном гирифт ва шаҳрҳои қадимии Қошғар, Хутан, Ёркан, Турфон ва ғайра дар он ҷойгиранд, дар қадим макони сукунати сакҳо – қабилаҳои иронитабор буд. Ба назари муҳаққиқон дар Қошғару Хутан тираҳое аз сакҳо – суғдиёну масагетҳо, аҷдоди мардуми имрӯзаи тоҷик мезистаанд. Аз рӯи маохизи таърихӣ дар ин минтақа дар қадим динҳо зардуштия ва монавия – оинҳои иронӣ мақоми расмият доштаанд. Ин минтақа дар аҳди Сосониён, Кӯшониён ва Ҳайтолиён – сулолаҳои иронӣ ҷузъе аз қаламрави онон буд.
Дар қадим ин минтақаро императориҳои чинӣ (империя Ҳан) тасхир карда буданд. Баъдан, хоқонҳои турк дар ин ҷо дар тӯли солҳо ҳукумат ронданд. Баъдан дар ин ҷо чингизиён, темуриён, чиниву муғулон ҳукумат карданд. Қабилаҳои зиёди турк ба ин ҷо тохтутоз доштанд ва аз ихтилоти ин қабоил бо ирониён мардуми уйғур ташаккул ёфтанд. Ин мардум дар заминаи фарҳанги иронӣ ва забони худӣ рушду такомул карда, ҳамчун миллати умда ва аксари Туркистони Шарқӣ шакл гирифтанд.
Туркистони Шарқӣ то охирҳои асри XIX таҳти ҳукумати сулолаҳои турктабори мусалмон қарор дошт ва дар ин замон империёи Син онро тасхир карда, ба давлати Чин ҳамроҳ кард. Ҳоло онро иёлати Сингёнг меноманд ва аксарияти аҳолии онро уйғурҳо ташкил медиҳанд ва шаҳрҳои қадимии Қошғар, Хутан, Ёрканд, Турфон, Урумчӣ шомили онанд. Дар ноҳияи Тошқурғони Қошғар тоҷикони сариқӯлӣ ва вахонӣ мезиянд, ки теъдодашонро 30 ҳазор нафар тахмин кардаанд.
Тоҷикон дар ин манотақа аз қадим вуҷуд доштанд ва дар замони лашкаркашиҳо ба он ҷо аз Фарорӯд рафта, сокин ва дар замони ғасбу ғоратгариҳои чиниёну муғулон аз он ҷо боз фирорӣ мешуданд. Дар миёнаҳои асри XIX Муҳаммад Яъқуббек, ки аҷдодаш аз Қаротегин буданд, бо амри хони Хӯқанд ба имдоди гумоштаи ӯ ба Қошғар омада, ҳукуматро тасхир намуда, давлати хешро таъсис дод. Вале ба тавтеаи аҳли дарбор кушта шуд ва ба истифода аз фурсат чиниҳо Қошғар ва кулли Туркистони Шарқиро забт карданд.
Аз рӯи шумори насаби бархе аз қошғариҳои Ванҷ бобоёни онҳо аз нимаи асри XVIII то аввалҳои асри XIX ба Ванҷ омадаанд, ки ин ба замони ғасби Туркистони Шарқӣ аз ҷониби империёи Син баробар меояд. Қошғариҳои ба Ванҷ омада лашкарӣ ва ё соҳиби ваколату вазифадорӣ дар ҳукуматҳо будаанд, ки аз хавфи қатл ба кӯҳистони дурдасти дастнорас паноҳ бурдаанд. Эҳтимолан, бархе аз қошғариҳои Ванҷ аз лашкариён ё муҳити Муҳаммад Яъқуббек, (ки худ тоҷики асил буд) бошанд, ки дар охирҳои асри XIX пас аз суқути ҳукумати ӯ ба Ванҷ паноҳанда шуданд.
Тибқи ривоятҳои аҳли диёр, гӯё мирони Ванҷ низ аз аҳли Қошғар будаанд. Ривоят мекунанд, ки ду бародар Маҳталхон ва Қаҳталхон (ё Ғозихон) аз аъён ё лашкардорони Қошғар будаанд, ки баъди шикаст ва ғасби давлаташон аз ҷиниби чиниёну муғулон ба Ванҷ паноҳ бурдаанд. Онҳо бо молу сарват, ҳайвону чорво ва ходимонашон омада, нахуст дар Ванвани Таг қарор мегиранд. Баъди чанде Маҳталхон ба Сагбисти Ғӯмаст ва Қаҳталхон (ё Ғозихон) ба Сагбисти Мдехарв, ки аз ду ҷониби дарё дар муқобили ҳам воқеанд, мекӯчанд. Мирони Ванҷро аз насли ҳамин Қаҳталхон ё Ғозихон меҳисобанд, ки дар Рохарв ба ҳукумат расиданд.
Аммо ба қавли баъзе ин ду мард дар ҷое, дар қаламрави Афғонистони имрӯза ҳукумат дошта, пас аз тасхири мулкашон ба Ванҷ паноҳ бурдаанд. Ба ҳар ҳол ин ривоёт дар асоси воқеоти таърихӣ бофта шудаанд ва дар ин маврид пажӯҳиши илмӣ мебояд.
Хулоса, қошғариёни Ванҷ аз ҷумлаи тоҷикони асиле мебошанд, ки ба иллати таҳдиду таъқибот мисли соири тоҷикони ин водӣ дар ин ҷо паноҳанда шуда, онҳо шояд хутанӣ, турфонӣ, ёркандӣ ва ғайра бошанд, вале ҳама ба исми маъруф “қошғарӣ” номида мешаванд. Бархе бар он назаранд, ки гӯё замоне дар Ванҷ чиниён мезиста ва ин қошғариён боқимондаи насли эшонанд, аммо ин сухане бидуни далелу асос аст. Зеро чиниён, умуман муғулнажодон дар ин сарзамин асло вуҷуд надоштаанд ва нишонае аз буди эшон мавҷуд нест. Агар қошғариёни Ванҷ рабте ба онон медоштанд, ҳадди ақал нишонае аз ирқият маҳфуз дошта буданд… Ашраф Акрам. 16.03.2018.
Дар Убардаргови мо яке ай намоядагои Қошғарӣ бобии раҳматии Соқибегай дар дар қисмати Чорбоғ,ки чор фарзанди баруманд дошт,ки ҳамашун дар қайди ҳает нестанд(Худо биёмурзашун):амаки Ҷонибег,Рустам,Анвар,Бачабег .Маълими Рустам соли 1981 ба Шаҳринав кучиду соли 1987 ай бемории қанд (дар синни52) вафот кард.Як писару ҳафт духтар доштанд.Фарзандош ҳолие дар маркази Шаҳринав зиндагӣ доранд.
Ҳамаки Анвар собиқ сардори ДЭУи Ванҷ шахсияти бонуфузе буд,ки ҳама мешинохтанаш,тақрибан 15 сол пеш ,инам ай бемории қанд (58 солаги) вафот кард.Фарзандош дар Ванҷанд.
Ҳамаки Ҷонибег ай ҳама калонишун се сол пеш дар синни камолоти пирӣ вафот каданд.Фарзандои хуб дорад дар Душанбеву Ванҷ зиндагӣ доранд..Дар Чорбог боз чанд оили дигаам астан ай мардумии қошгарӣ…