Қирғизбек Маҳмадбеков 15 июни соли 1933 дар деҳаи Жовид дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар интернати ноҳияи Рӯшон гирифта, соли 1957 ба Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т. Г.Шевченко дохил мешавад. Соли 1962 онро бо ихтисоси омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик ва таърих ба итмом мерасонад. Дар давоми таҳсил ҳамчун раиси Дружинаи халқии донишкада фаъолият намуда, соли 1961 бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, барои беҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Сталинобод мукофотонида шуд.
Бояд эътироф кард, ки дар ҷавонӣ ӯ нерӯи ниҳоят пурқуввати ҷисмонӣ дошт ва ҳеҷ гоҳ онро барои манфиатҷӯӣ истифода намекард. Барои ҳимояи корафтодагон ӯ худро ҷасурона ба обу оташ мезад. Тобу тоқати дурӯягию иғвогарӣ надошт. Ҳамин ҷавонмардиаш буд, ки дар солҳои донишҷӯӣ аз ӯ дуздону муштзӯрони гузарои шаҳрӣ дар ҳарос буданд. Мисолҳои зиёде ҳаст, ки ҷабрдидагони бегуноҳ аз ӯ мадад меҷӯстанд. Ӯ бошад бе ягон дудилагӣ ба ёрӣ мешитофт.
Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1963 ба ҳайси директори мактаб дар деҳаи Роҳатии назди шаҳри Душанбе идома меёбад. Солҳои 1965-1967 дастурдиҳандаи Кумитаи ҳизби ноҳияи Ғарм, сипас директории мактабҳои рақами15 ва 34-и ноҳияи Ванҷро ба ӯҳца дошт. Қ.Маҳмадбеков соли 1978 дар синни 45-солагӣ ба таври фоҷиавӣ вафот кардааст. Ӯ то охири умр ба касби бошарафи омӯзгор содиқ монда, худро чун яке аз омӯзгорони беҳтарини ВМКБ нишон дода тавонист. Шогирдонаш дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолият намуда, посдори хотираи некаш мебошанд. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед