Воқеан, Зиёратшоҳ марди ҳақиқӣ ва генерали мардумӣ, хоксору самимӣ, инсони бошарафу сарбаланд буд!. Ӯ ҳамеша бо чеҳраи хандон ва лабони моил ба табассум дар коргоҳу кӯчаву хона, миёни мардум, назди корафтодагон, ҷаласаву нишастҳо ҳувайдо мешуд. Боре ҳам нашуда, ки касе ӯро ғамгину сарафканда бубинад.
Сари болову ғурур дошт, хушмуомилаву хушсухану хушрафтор, хушлибосу хушсавод буд. Хурду бузургро яксон дӯст медошт, агар бо тифле ҳамсӯҳбат мегашт, хиёл мекардӣ, ки ҳар ду дар як рӯзу соат зода шуда, ҳамсоланд. Марди кор буд, қавли устувор дошт, аз мушкилӣ намеҳаросид, ҳамвора дар такопӯ, ҷустуҷӯ ва ҳалли муаммоҳои зиндагӣ талош мекард.
То се ҳафтаи қабл дар симмати Сардори Раёсати адлияи ВМКБ ифои вазифа дошт. Аввали моҳи равон бо (хоҳиши худ) ариза навишта, аз мансабаш канор рафт. Акнун мехост дам бигирад, роҳати набераву дӯстону хешовандонро бинад, китоби саргузашташро варақ занад ва ёддошташро рӯи саҳфа биоварад…, ба ин манзур аз Хоруғ ба зодгоҳаш- деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ баргашт.
Аммо…
Аммо умр вафо накард…
Қалби генерал, ки то ин замон ду бор сахт мариз шуда буд, ин дафъа қувват накард. Субҳи 25-июни соли 2020 бар асари сактаи дил ӯ аз дунё даргузашт.
Ёдат ба хайр, бародар, дӯст ва генерали асил!. Гузориши Хилватшоҳи Маҳмуд.
Назари хешро иброз кунед