Қавми Теғак

  Дар Ванҷ аз одоти маъмул аст, ки баъзе аз афродро аз рӯи мансубияти аҷдодӣ “авлоди фалонӣ” мехонанд. Яке аз қавм ё авлодҳои (авлод – ҷамъи “валад” – писарон, фарзандон, насл) маъруф дар диёр “Авлоди Теғак” аст. Теғак писари Назир писари Мирзо ном марде аз маҳаллаи Скосми деҳаи Мдехарв будааст. Ӯ дар солҳои чилуми асри XX аз олам гузашта, эҳтимолан дар солҳои 70-и асри XIX ба дунё омадааст. Ба гуфти ақрабо теғаи баланди бинӣ доштааст ва аз ин ҷиҳат ӯро “Теғак” номидаанд. Аслан, номаш Теғ буда, мардум дар гуфтор пасванди “ак”-ро ба исмаш часпонидаанд.
  Бобои Теғ марди зирак, донишманд, шариатдон буда, ҳамчун вакили мудофеъ (адвокат) дар мурофиаҳои қазоӣ (судӣ) ширкат меварзидааст. Ӯ бародари қозии пешазохирини Ванҷ Мулло Вазир будааст. Шаш фарзанд: ду писар (Масу Даҳбошӣ ва чаҳор духтар (Покиза, Суратмо, Давндак, Дхтол) доштааст. Аз рӯи тавсифи дидагон вай марди лоғарандому қоматбаланд ва сурхрӯю сурхмӯй будааст. Яке аз нишонаҳои насли ӯ то имрӯз ҳам сурхрӯию сурхмӯии онҳост.
  Насли Бобои Теғ аз Поймазор то Язгулом паҳн гашта, навосаю ҳабосагонаш (набераву абера) дар диёру кишвар саҳму хидматгузориҳо кардаанд. Набераи ӯ Раҳими Мас (академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор) ниёз ба тавсифу муаррифӣ надорад. Ӯ яке аз бузургтарин хидматгузорони миллат буд. Аҳмади Сурх яке аз беҳтарин муаллимони диёр буд ва чандин наслро таълиму тарбият намуд. Обиди Мӯъмин дар тӯли умр мардуми деҳоти болоро муолиҷа менамуд ва яке аз беҳтарин духтурони замон маҳсуб мешуд.
 Ховари Холин яке аз муаллимони беҳтарин, солҳои дароз мудирияти макотиби деҳотро ба ӯҳда дошта, устоди хизматнишондода ва аълочии маориф буд. Диловару Искандар бародарони ӯ низ соҳибкасбу обрӯ буданд. Соқӣ ва Боқӣ Баҷгонзодаҳо, Қалошу Одина Давлатзодаҳо дар тӯли умр дар ҳаёти ҷамъиятӣ саҳмдор буданд.
  Аз ин авлод афроди аҳли илму адабу маърифати диёр зуҳур кардаанд. Толиббек Бухориев доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академик, узви пайвастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Пайваста Заробекова аввалин акушер-геникологи касбии ноҳияи Ванҷ, пизишки дараҷаи байналмилалӣ, Муҳаммад Сурхов,дипломат, корманди Вазорати корҳои хориҷӣ, Орзу Даҳбошӣ шоири шинохтаи диёр, Зоиршоҳи Давлат донишманд ва корманди соҳаи илм ва дигаронро метавон номбар кард.
  Бибии Покиза яке аз духтарони Бобои Теғ зани босаводу маърифат буда, таъбъи шоирӣ ва дар корҳои табибӣ маҳорат доштааст. Бар зами ин зани ҳунарманде будааст. Заҳро Сурхова (ҳамсари устоди шодравон Карими Шо) яке аз наберагони Бобои Теғ, пайгири бибии хеш зани фозилаву соҳибмаърифат буда, табъи шоирӣ дорад. Ӯ ашъори зиёд гуфта, аммо китобат накардааст ва онҳо аз ёдаш рафтаанд.
  Басир Давлатшоев яке аз афроди заковатманди диёр низ аз ҳамин авлод аст, ки тавассути ширкати сохмонии хеш саҳми арзандае дар ободии диёру кишвар дорад. Роҳу пайраҳаҳои маркази ноҳия тавассути ширкати ӯ бозсозӣ шуда, Рохарв намуди наву дигар гирифтааст. Ӯ бисёре аз ободкориҳоро дар ин шаҳрак аз маблағи шахсии худ анҷом додааст. Басир Давлатшоев дар ҳоли ҳозир аз корфармоёни нодирест, ҳаққи коргаронро дар вақту бекамукост мепардозад.
  Мо дар ин ҷо ишорату тазаккур ба бархе аз ашхос аз ин авлод аз рӯи маълумоту хотираи худ намудем ва номгӯи афроди аҳли фаҳму ҳунари ин насл дароз аст. Мебояд қайд намуд, ки ягона ҷаҳонпаҳлавони диёр Хушқадам Хусравов низ аз авлоди Бобои Теғ аст. Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.