Ғӯлак

  Ғӯлак дар замонҳои пеш дар катори дигар асбобҳои рӯзмара дар байни омма яке аз ашёҳои даркорӣ ҳисоб меёфт. Мардуми Ванҷ ғӯлакро барои шикори гунҷишк, сурхсор, гандумхор, чилвиск, писк, залич, чур осиёбибило, кафтар, фохта, мурғобӣ  ва кабк истифода мебурданд. Бештар ғӯлакро мардми Ванҷ дар вақти кишту кор ба хотири талаф наёфтани тухми пошидаашон аз парандахо истифода мебурданд ва баъдан, дар аввали тобистон дар вақти пухту пази меваҳои тут, зардолу, олболу, олуча, гелос кӯксултон, дар давраи бо гуфти мӯсфедони кӯҳансол “ғбори гндшкхамб” парандаҳои зиёди мавсимӣ ба ин минтақа парвоз карда меомаданд ва ба меваву чеваи диёр талафоти калон мерасониданд. Дар ин маврид ва дар мавриди пошидани тухмии хазонӣ рӯи сари лалмахо барои эмин нигоҳ доштани донаҳои коштаи чав ё гандум, мардум аз хизматрасонии ғӯлак ба таври кушоду возеҳ истифода мебурданд. Дар мариди марди шикоракии чирадаст бо ғӯлак мӯйсфедон мегфтанд, ки “флнӣ амта шкоракие бидаст, ки ва ғӯлак дар чшми блбл мезааст”.
  Чӯби ғӯлакро одатан аз дарахтони бед, зелол ва кӯрт интихоб мекарданд. Дар баъзе мавридҳо ба гуфти мӯсфедон аз чӯби арча тайёр мекарданд, аммо рости гап ғӯлаки бо чӯби арча тайёкардаро мо бо чашми сарамон надида бдудем. Ғӯлактрошӣ ҳам роҳу равиш ва дар ҳар як деҳа устоҳои махсус худро дошт, ки усули тарошидани худашонро доштанд.
  Ғӯлак аз ҷузъҳои зер иборат аст:
  Тана. Чӯбе, ки аз поен то боло аз раги чӯб тарошида шудааст ва дар мобайнаш барои қапидан ба даст ҷои камтар ғафсу ҳамвортар дуруст карда шудааст.
  Ангртак. Чизест, ки аз ду тарафи нӯгҳои ғӯлак бо шакли секунҷа устоҳо метарошиданд ва барои печондани зу (тори ғӯлак) дар ду канори ғӯлак чуқурча мекарданд.
  Зу. Тори ғӯлак.  Дар давраҳои пеш таноб набудааст ва зуи ғӯлакро аз рӯдаи чорво тайёр мекарданд.
   Плуг. Чӯбчаест, ки ду тараф нӯгҳояш барои аз ҳам ҷудо кардани торҳо чуқурча карда шудааст.
  Парбоф. Парбоф дар кори ғӯлак нақши асосиро барои гирифтани нишон бози мекунад. Парбофро дар замони пеш аз чарми чорво тайёр мекарданд, баъдан ба латапораи почамбар (мустаҳкам) иваз шудааст. Парбоф мутобиқи нишонгии шахси шикоркунанда қади торҳо ба боло ва поен ҳаракат мекунад.
  Тир. Барои тири ғӯлак сангчаҳои нисбатан майдатар ва одатан кулӯларо интихоб мекарданд. Истифодаи ғӯлак солҳои охир дар минтақаи Ванҷ кариб, ки аз байн рафтааст. Азиз Қадамов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.