Тоҷикони муқими ноҳияи Рамешкии вилояти Твери Руссия дар фестивали миллатҳо сазовори ҷои аввал гардиданд.
Дар таърихи дуюми декабри соли дуҳазору ёздаҳ дар маркази ноҳияи Рамешкии вилояти Твери Руссия фестивал – озмуни ноҳиявӣ байни миллатҳои муқими ноҳия баргузор гардид, ки дар он бисту шаш миллат расму ойинҳо, пухтупаз, либосҳо, мусиқӣ ва асбобҳо, нишонаҳои таърихи миллии хешро ба намоиш гузоштанд.
Таҳти роҳбарӣ ва ташаббуси раиси ҷамъияти тоҷикони ноҳияи мазкур Орзу Даҳбошиев (шоир Орзуи Ванҷӣ), ки зодаи ноҳияи Ванҷ аст (бештари бошандагони ин диёр ванҷиёнанд), ҳама гуна афзору анҷоми миллии хешро ҷамъ намуда, барномаи ҷолиберо созмон дода, дар маърази тамошо гузоштанд, ки дар байни бистушаш миллат аз ҷониби ҳакамон беҳтарин пазируфта шуда, сазовори ҷои аввал гардид. Барои ғолибон аз ҷониби раёсати ноҳия ба Орзу Даҳбошиев ифтихорномаи фахрӣ ва барои иштирокчиён тӯҳфаҳо мукофотониданд.
Назари хешро иброз кунед