Ғафлат Мирзоев

  gaflatmНомзади илми педагогика, дотсент Ғафлат Мирзоев соли 1930 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ, дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатии ӯ баъди анҷоми таълими мактаби миёна, ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоии мактаби хатмкардаи хеш (мактаби маркази ноҳияи ба номи Ленин) оғоз ёфт. Баъди се сол (1951) орзуи донишандӯзӣ Ғафлати ҷавонро ба даргоҳи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон ба поми В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон) раҳсипор намуд.
  Солҳои донишҷуӣ (1951 -1956), ки солҳои беҳтарини умри ҳар ҷавонитолибилм аст, ба тезӣ сипарӣ шуданд. Акнун Ғафлат Мирзоев чун мутахассисиси дараҷаи олӣ ба зодгоҳ баргашта, ба шуғли дӯстдоштаи худ – омӯзгорӣ машғул шуд. Дониши мукаммалу қобилияти ташкилотчигии ӯро мушоҳида намуда, роҳбарияти маорифи халқи ноҳия аввал ба сифати ҷонишини директори мактаби миёнаи маркази ноҳия ва сипас ба вазифаи сарвари мактаб таъин намуданд.
  Боварии роҳбарияти маорифро нисбати қобилияти ин омӯзгори ҷавон чунин баҳои дар тавсиянома бо имзои мудири шӯъбаи маорифи ноҳия М.Абдуллоев бараъло зоҳир мегардад: “Шӯъбаи маорифи халқии райони Ванҷ, – омадааст дар тавсиянома, – натиҷаи кори дурусти рафиқ Ғафлат Мирзоевро ба эътибор гирифта, дар соли таҳсил 1957 ӯро ба вазифаи директории калонтарин мактаби район – мактаби миёнаи ба номи В.И.Ленин таъин намуд.
  Рафиқ Ғафлат Мирзоев, ки ҳоло ҳам дар ин вазифа кор карда истодааст, натиҷаи дуруст нишон дод. Дар мактаб кори илмӣ-методии байни муаллимон, хонандагон ва падару модарон дуруст ба роҳ монда шудааст. Аз ин ҷост, ки миқдори дарсгурезону азхуднакунандагон кам дида мешавад.
  Ғафлат Мирзоев махсусан барои баланд бардоштани дониши илмӣ ва маҳорати педагогиаш саъйю кӯшиш менамояд. Рафиқ Мирзоев барои кори дуруст дар соҳаи тарбияи насли наврас лоиқи таърифу тавсифи органҳои болоии маорифи халқ ва ташкилотҳои районӣ мебошад”.
  Ғафлат Мирзоев бо ҳамин тавсифнома соли 1960 ба Шӯъбаи аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ( ба номи Т.Г.Шевченко (Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Қ. Ҷураев) дохил шуда, пас аз хатми он, соли 1963 дар Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии улуми педагогии Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ ба фаъолияти тадқиқотӣ ва тарғибгарии усулҳои пешқадами омӯзгорӣ шуруъ намуд. Акнун ба ин олим ва устоди омӯзгорӣ лозим омад, ки талаби муаллимонро ба назар гирифта, ҳарчи бештар ба тарғиботи усулҳои пешқадами таьлими адабиёт дар мактабҳои ҳамагонӣ машғул шавад. Бесабаб набуд, ки мақолаҳояш зуд-зуд дар маҷаллаҳои “Маърифат” чоп шуда, дастраси муаллимон мегардиданд.
  Соли 1971 Ғафлат Мирзоев дар мавзӯи “Ҷоннок сохтани фаъолияти маърифатии хонандагон дар ҷараёни омӯзиши адабиёти классикии тоҷик” рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ба сафи олимони унвондори ин соҳа, ки ангуштшумор буданд, дохил гардид.
  Ғафлат Мирзоев солҳои тӯлонӣ ба ҳайси мудири озмоишгоҳи таърихи педагогика ва мактаби Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ-илмии улуми педагогӣ иҷрои вазифа намудааст. Ҳамчунин ӯ вазифаи ҷонишини раиси Шӯрои мутобиқакунӣ доир ба масоили педагогикаи Пажӯҳишгоҳро ба зимма дошт.
  Ба қалами Ғафлат Мирзоев даҳҳо асару мақола ва дастурҳои методию педагогӣ мутааллиқанд. Ӯ дорандаи унвони ифтихории Аълочии маорифи халқи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Хизмати намунавии ӯ дар пешбурди илми педагогикаи тоҷик бо ордени “Нишони фахрӣ” ва чандин ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ИҶШС ва Вазорати маориф халқи Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.
  То рӯзҳои охири ҳаёт ин олиму омӯзгори асил, хизмати хешро ба нафъи халқу Ватан дареғ надоштааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.