Ғапамрӯт

  Мурӯд ё амрӯд дарахт ва меваи маъмул анвои гуногун дошта, дар водии Ванҷ низ чанд навъи он мерӯяд. Шакли маҳаллии талаффузи “амрӯт” бозмонда аз гуфтори қадимии он “амруд” аст, ки ҳоло дар гӯиши форсии Тоҷикистон “мурӯд” ва Ирон “гулобӣ” номида мешавад. Дар забонҳои шарқииронӣ аз ин мева “койин” ном бурда мешудааст.
  Дар водии Ванҷ чанд навъи он мисли (ба лаҳҷаи маҳаллӣ) ғапамрӯт, тарамрӯт, сафедамрӯтак ё қандак, каюн ё кайин, нок, танг, нашпотӣ мерӯянд. Ин анвоъ бо намуд ва мазаи махсуси хеш аз ҳам фарқ мекунанд. Аз ин навъҳо кайон бештар дар минтақаи Ванҷи Боло мерӯяд.
  Яке аз навъҳои паҳншудаи он дар водӣ ғапамрӯт мебошад. Ин навъ камобтар ва ширинтар аз дигар анвост. Тезу ба пурии даҳон хӯрдани он сабаби андармон шудан ва фишурдани гулӯ мешавад ва ба ин ҷиҳат онро “ғапамрӯт” меноманд, ки аз феъли “ғапиян” – фурӯ рафтан, фушурдан маъхуз шудааст.
  Ғапамрӯт меваи ширину хушмаза буда, мизоҷаш гарм ва ғанӣ аз витомину маводи маъданӣ буда, барои баъзе амроз давост. Истеъмоли он сабаби пешгирӣ аз бемориҳои дил, саратон, танзими сатҳи қанди хун, пешгирӣ аз пӯкии устухон (osteoporosis- остеопороз), сӯзиши масона, рафъи санги гурда, дармони пӯст ва тақвияти пӯсту мӯ мешавад. Таркиби он аз витоминҳо (A, B1, B2, B3, B5, B6, B9, B12, E,K), карбоҳидратҳо, сафеда, маводи маъданӣ мисли калсиум, оҳан, калиум, магниум, фосфор, натриум, мис, руҳ ғанӣ аст.
  Меваи ғапамрӯт пас аз пухтан зиёд нигоҳдорӣ нашуда, зуд вайроншаванда мебошад. Ба ин сабаб онро пора карда, хушк мекунанд. Меваи хушконидашудаи он дар водӣ ба номи “амрӯтпора” маъмул буда, хеле лазизу хушхур аст. Бар зами хуштаъмӣ хӯриши қувватбахшанда аст.
  Амрӯтпора дар замони гузашта яке аз маводи ғизоии муҳим маҳсуб мешуд. Ин моддаи серғизо ба гуфти мардум “барои рӯзи мабодо” ва корҳои вазнин захира мешуд. Олими рус М. Андреев дар рисолаи “Коркарди оҳан дар Ванҷ” қайд намудааст, ки дар ҳашари оҳангудозӣ соҳиби кура таъоми коргаронро таъмин мекунад ва хӯроки пеш аз ғуруби онҳо “амрӯтпораву чормағз” мебошад.
  Ин хӯриши дорои маводи зиёди ғизоӣ дар замони қаҳтӣ ва камчинии ғизои фасли баҳор то расидани ғаллаву мева гуруснагии мардумро рафъ карда, дар кору фаъолияти меҳнатӣ қуввати тан мебахшид.

Меваи ғапамрӯт:

Дарахти ғапамрӯт:

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.