Дар тӯли бистучор соли омӯзгориам, дар ҳар маърака ва ҷамъомаде сухан оиди пешравии таълиму тарбия дар мактаб мерафт, дар сафи номи Ҷаъфар Қосимов, А. Юсупов, Абдулкарим Каримов номи падари бузургворам вирди забон буд. Дар ҳақиқат падарам Юнус Давлатов тамоми умри пурбаракати хешро сарфи касби пурифтихори муаллимӣ кард, ки бо ин мо фарзандон доимо фахр мекунем. Шогирдонаш доим аз суханони ӯ ҳамеша иқтибос меоранд ва ӯро “пири кори” худ мешуморанд.
Юнус Давлатов 15 июли соли 1936 дар деҳаи ободу сарсабзи Баравн, ҷамоати Водхуд, ноҳияи Ванҷ, дар хонадони марди босаводу хирадманд, Домулло Давлатмири Маҳмадсаид зода шудааст. Яку ним сол дошт, ки падарашро ҳамчун мулло ҳабс намуданд. Юнуси хурдсол дар тарбияи амакаш ба воя расид. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби деҳа ва пас мактаби 7-солаи деҳаи Вравзро хатм намуд. Маълумоти миенаро дар мактаб-интернати ба номи Кирови шаҳри Хоруғ гирифт.
Соли 1953 мактабро ба итмом расонда, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забонҳои хориҷӣ, шӯъбаи забони олмонӣ месупорад ва донишҷу мешавад. Соли 1957 бо касби омӯзгори забони олмонӣ сохиби маълумоти олӣ шуда, бо роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи Ванҷ фиристонида мешавад. Солхои 1957-1962 дар макотиби деҳаҳои хушманзари Чихох, Техарв, Усроғ ва инчунин дар маркази ноҳия ба кори омӯзорӣ машгул мешавад. Аз соли 1962 то соли 1966 сарвари мактаби деҳаи Баравн интихоб мегардад. Соли 1967 то 1970 ҷонишини директор ва соли аз 1970 то соли 1981 директори мактаби миёнаи раками 6 (ҳоло ба номи Амирбег Юсуфов) адои вазифа кардааст. Аз соли 1981 то соли 1993 ҷонишини директори мактаби миенаи №6 ва аз соли 1993 то 1996 ҷонишини директори мактаби асосии №41(ҳоло миёна) буд. Бо талош ва дархостҳои устод соли 1989 мактаби ибтидоии №41, ба асосӣ ва соли 2017 ба мактаби миёна табдил дода шуд. Устод дар таърихи 28 августи соли 2002 аз олам чашм пӯшиданд.
Дар ин солхо бо ташаббуси ин шахси накӯкор бинои нави тарҳи финии мактаби мазкур сохта, ба истифода дода шуд. Насли 3 ва 4-уми чавонони омӯзгор Рахматулло Шайдуллоев (равонаш шод бод), Мухаммад ва Ҳамуд Доробовхо, Зикриё Икромов, Муборакшо Нилобеков, Раҳимбег Сайёраев, Рустам Шехов, Назар Пиров, Нигор Маҳмадиронова, Салим Каримов, Талбидагӣ Саидов, Даврон Икромов, Иброн Вазиров, Давлатмир Давлатов бо ифтихор устодаш мехонанд.
Лекин боз ҳастанд шогирдони, ки устод меҳри касби асосии худро дар дилашон чунон парварид, ки шогирдони аслии ӯ шуданд ва имрӯз дар донишгоҳҳо ва мактабҳои кишварамон аз фанни забони олмонӣ таълим медиҳанд. Инҳо устодони донишгоҳ Саидшариф Зарипов, Фирӯза Исҳоқова, Таваккал Ишратбеков, муаллимони мактаби №6 Ҳайдар Рустамов, Назрӣ Устоев, муаллима Гулсум Балаҷонова мебошанд. Устод барои хизматҳояш бо медалу орденҳои: “Барои Хизмати шоён”, “Собиқадори меҳнат” ва ифтихорномахои шуъбаи маориф, раёсати маорифи ВМКБ ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст. Аммо қадрдонии асоси меҳрест, ки дар дили шогирдон аз насл ба насл мегузарад. Руҳат шод бод, омузгори асил ва падари бузургворам!. Давлатмир Давлатов.
Назари хешро иброз кунед