Истиқомати авлоди Ашур дар деҳаи Бунай аз падари Арбоб Ашур – Мулло Одина оғоз меёбад. Мулло Одина шахси таҳсилкарда, фарзанди Эшони Давлатмуҳаммад буд ва онҳо дар деҳаи Боршуди водии Вахё мезистанд. Эшони Давлатмуҳаммад писари Ҳоҷи ва Ҳоҷиро писари Шоҳмансур донистаанд.
Шоҳмансур шахсе мебошад, ки сарлашкари шуҷоъ ҳамроҳи шоҳи Дарвоз – Шоҳ Исмоил водии Ҳисорро аз дасти аҷнабиён озод намудааст. Дар ивази ин хизмат ба ӯ заминҳои ноҳияи Шоҳмансури имрӯзаи шаҳри Душанберо бахшидаанд ва ин мавзеъ ба номи ӯ гузошта шудааст. Баъди забти дуюмбораи манғитҳо Ҳоҷӣ бо фарзандони хеш ин маконро тарк мекунад. Писарони ӯ Муҳаммадвафо ва Муҳаммадзикриё ба Фарғона (Қӯқанд) ҳиҷрат намудаанд. Писари дигари ӯ Давлатмуҳаммад деҳаи Боршуди Вахёро макони истиқомат интихоб мекунад. Дурустии ин хабарро Бобои Нодулёб, ки борҳо ба Қӯқанд мардикори рафта будааст ва амакбачаҳои хешро дар онҷо шинохтааст, исбот намудааст ва ба ин муносибат фарзандони хешро Муҳаммадвафо ва Муҳаммадзикриё ном гузоштааст.
Эшони Давлатмуҳаммад тамоми умри хешро дар деҳаи Боршуди Вахё мегузаронад. Баъди зиёдтар гардидани аҳолии Вахё аз ҳисоби гурезагон ва танг гардидани ҷои зист писари ӯ Мулло Одина ба водии Ванҷ меравад ва мири Ванҷ ба ӯ заминҳои деҳаи Бунайро медиҳад ва ӯ бо васиқа аз андоз озод будааст.
Мулло Одина 4 писар: Ашур, Ясавӣ, Қурмаҳмад, Тоҳир ва 4 духтар модари Бутаи Рав, модари Суҳбатуллои Муродго, Сурат (зани Муҳаммадрасули Чихох) ва Беҷода (зани Рӯстамбеки Ғӯмаяк, модари Болболӣ) дошт. Аз китоби “Фарҳангномаи мухтасар ва шаҷараи авлодӣ”-и Абдусамад Ҳайдаров.
заминхои убараи Бунайро
Ташаккури зиед, он чи ки навиштаи хаккикати таърихии аст.
Бие Лайрони зеборо бубин.
Аз лаби чар то Нисай Вахеро бубин.
Ба Дараи Хайрону,куллаи Гармояш чигуям.
Бие Ванчи болову давоми Вахеро бубин.
Сарзамини кадиму, бостонай Вахе
Хам Ванчу,ганчи Точикистонай Вахе.
Куххои баланду,пиряхи Гармову Хирсон.
Як гушаи зебои Хуросонай Вахе