Шариф Хоҷаев

  sharifkhojaШариф Хоҷаев яке аз намояндагони шинохтаи гӯштигирӣ буда, соли 1933 дар маркази ноҳияи Ванҷ, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Падари Шариф амаки Хоҷа (аз сабаби қадбаланд буданаш ҳамдиёрон ӯро Хуҷаи дароз ном мебурданд) марди хушлаҳну ҳозирҷавоб буда, шуғли варзиш низ доштааст.
 Боре бо ташаббуси мири Ванҷ Гулпочо (дар арафаи ғалабаи Ҳокимияти Шуравӣ) маърака оростаю паҳлавонони номии Рушону Дарвоз, барои қвваозмоӣ бо паҳлавонони Ванҷ даъват шуданд. Баъди чанд маротиба дастболо шудани яке аз паҳлавонони дарвозӣ мир ба тарафи Хоҷа ишора намуда,ӯро бамайдон баровард. Богузашти чандин часпу талошҳо Хоҷа тавонист ҳарифашро ғалтонад. Ҳангоми афтидан рухсораи паҳлавони дарвозӣ ба сабзазори боғ, ки дар он ҷо маъракаи гӯштин мегузашт бархӯрда, пӯсташ харош ёфт. Мир Хоҷаи аз ин ғолибият хеле рӯҳбаландшударо ба наздаш хонда гуфтааст: – акнун Хоҷа росташро гӯй ту чи хел ва бо кадом фанд (усул) ин паҳлавони дарвозиро афтонда тавонистӣ?
 Хоҷа ба тарафи меҳмони рӯяш хуншоршуда нигоҳ карда, дафъаитан ҷавоб медиҳад: – “Бо фанди фулухс тақсирам” (бо шеваи маъмули Ванҷи «фанд» маънии фиреб додан ва «фулухс» кандани пӯстро дорад. Ин ибора баъзан ба таври шӯхиомез ба маънии тез пӯсти чорвои забҳшударо бе истифодаи пурраи корд канда гирифтан фаҳмида мешавад).
 Ҷавоби хеле рамзӣ ва мувофиқи Хоҷа ба мир ва ҳозирон хуш омада, боиси хандаи самимӣ гардид. То ба имрӯз ин усули Хоҷа, – «фанди фулухс» чун ибораи хуши рамзӣ дар ёдҳо мондааст. Солҳои бачагӣ ва наврасии Ш.Хоҷаев ба солҳои ниҳоят вазнини арафаи ҷангӣ ва баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост меояд. Ба тангдастию мушкилии рӯзгор нигоҳ накарда, ӯро шавқи варзиш фаро гирифта буд. Ҳанӯз аз давраи мактабхонй ба машқи он оғоз кардаву дар маъракаҳои ноҳиявӣ иштирок мекард.
  Санъати гӯштигирии ӯ махсусан дар солҳои таҳсилаш дар донишгоҳи омӯзгории ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Кӯлоб (охири солҳои 50 – ибтидои солҳои 60-ум) сайқал ёфт. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ борҳо дастболо шудааст. Дар маъракаҳои зиёди ноҳиявию вилоятӣ ин устоди варзиши ҷумҳурӣ бо ҳунари волои худ ҳозиринро ба ваҷд меовард. Ҳоло дар зодгоҳаш давлати пирӣ меронад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.