Хушмаҳмад Хомушов – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, соли 1960 дар деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москваи ба номи М.В.Ломоносов дар шӯъбаи ҳуқуқи байналхалқӣ идомаи таҳсил дошт. Бо хотима ёфтани мӯҳлати таҳсил ба ватан баргашта, чанде ба сифати омӯзгорӣ дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифои вазифа кард. Дар солҳои носолимии вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ба шаҳри Москва рафта, дар он ҷо иқомати муқимӣ ихтиёр намудааст.
Аз имконияти шуғли илм паймудан истифода бурда, ба шӯъбаи аспи- рантураи факултаи номбурда дохил шуда, дар мӯҳлати пешбинишуда соли 2000 рисолаи номзадӣ ва мӯҳлати мадиде нагузашта, баъди як сол (2001) дар ҳамин даргоҳ рисолаи докториашро дифоъ намудааст.
Хушмаҳмад Хомушов муаллифи чанд мақолаю асари илмист. Аз ҷумла, соли 2000 дар нашриёти «Макс-Пресс»-и Москва рисолаеро бо унвони «Ислом ва ҳуқуқи байналхалқӣ: таҳлили доктринаи исломии ҳуқуқи байналхалқӣ» («Ислам и международное право: анализ исламской доктрины международного права») нашр намудааст.
Дар рисолаи номбурда олим доктринаи ислом ва ҳуқуқи байналхалқиро дар шакли классикӣ ва тағйиротҳои ҳуқуқии давраи муо- сири онро ҳаматарафа мавриди таҳлил қарор додааст. Асар аз тарафи мутахассисони соҳавӣ хуш пазируфта шудааст.
Хушмаҳмад ҳоло дар айни камолоти илмӣ буда, роҳу равиши таҳқиқотии хешро ҷиддан муайян намудааст. Ӯ ки аз мактаби олимони дар миқёси байналхалқӣ маълуму машҳури Русия гузаштааст, бе муболиға дар пешравии илми ҳуқуқшиносии тоҷик саҳми босазое дорад. (Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшо).
Салом! Дар бораи Хомушов Х.С. маълумоти умуми аз кучо дарёфт карда мешавад? Барои омода намудани рисолаи номзади маводхои нашршудаи устод Хомушов Х.С. аз кучо дастрас карда метавонам?