Худойдод Пакаев

  PakaevxҲанӯз аз овони хурдсолӣ дар бораи ин марди бошараф аз волидайну ақрабо зиёд шунида будем, ки ҳама аз ӯ бо муҳаббат ёд кардаву аз хӯву одобу рафтори хубаш нақл мекарданд. Ӯ дар ҳар деҳаи коркардааш чунин таассурот дар миёни аҳли он гузоштааст. Бо хонаводаи мо аз ду ҷониб робитаи наздику дӯстона дошт. Дӯсту ҳамнишини ҳар ду ҷадди муаллиму соҳибилм буд. Ӯ ҳамчун омӯзгори варзида, инсони шоиста дар диёр мӯҳтарам аст.
  Худойдод Пакаев дар таърихи 26 июли соли 1939, рӯзи чаҳоршанбе дар деҳаи Рохарв таваллуд шудааст. Мактаби №4-и зодгоҳро хатм намуда, ба Донишкадаи омӯзгории ба номи Кирови шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро дар соли 1962 бо ихтисоси муаллими забони инглисӣ хатм кард. Пас аз хатми донишкада бо дархости Шӯъбаи маорифи ВМБК ба шаҳри Хоруғ ба кор фиристода шуда, дар мактаби ба номи Киров ба ҳайси омӯзгори забони инглисӣ ба фаолияти корӣ оғоз намуд.  Дар соли 1965 ӯро ба хизмати аскарӣ гирифта, дар муддати якуним сол дар Туркманистон ба ҳайси алоқачии таъйиноти махсус дар сафи артиши шӯравӣ хизмат кард. Пас аз адои хизмати аскарӣ боз ду сол дар мактаби №6 ба номи Ленини шаҳри Хоруғ кор кард.
  Устод нақл намуданд, ки ба ӯ дар мактаби ба номи Киров дар синфҳои 6 ва 7 60 соат дарс доданд. Хонандагони ин синфҳо аз забони инглисӣ дониши хеле баде доштанд ва аксар ҳатто ҳарфҳоро намешинохтанд. Муаллими ҷавон кӯшиши зиёд ба харҷ медод, вале натиҷаи дилхоҳ ба даст намеовард, чунки хонандагон ба ин фан мароқ надоштанд. Ин ҳатто хобу қарорро аз устод гирифта буд, шабонгаҳ нахобида, барои хуруҷ аз вазъ роҳ меандешид. Асбоби аёнӣ аз фани забони инглисиро дар ҳамаи ин синфхонаҳа ва ҳатто роҳравҳои мактаб овезон карда, хонандагонро ба омӯзиши ин фан моил намуд ва дар муддати кӯтоҳе ба натоиҷи хуб ноил гардид.
  Рӯзноманигори рӯзномаи мӯътабари давр “Коммунист Таджикистана” Р. Позняков аз мактаб дидан намуда, суроғи муаллими фанни забони инглисӣ карда, бо ӯ мулоқот мекунад. Пас аз муддате дар рӯзнома дар бораи муваффақиятҳои муаллими ҷавон Худойдод Пакаев бо расмаш мақола чоп мегардад. Ин шӯҳрат барои устод ғайриинтизорӣ, мӯҷиби ҳасодати ҳамкорон ва эҳтироми ӯ дар назди раёсатдорон гардид.
  Дар соли 1966 дар курси 21 рӯзаи такмили ихтисоси муаллимон дар шаҳри Душанбе кори санҷишии муаллими ҷавон аз байни муаллимони солрафтаю ботаҷриба аз тамоми ҷумҳурӣ таҳти устодии олими маъруф, муаллифи кутуби дарсии инглисӣ, профессор Сатская П. Н сазовори ҷои аввал гардида, Устод  Пакаев аз ҷониби профессор таърифу таҳсин карда шуда, ифтихорнома мегирад.
  Дар синфи 7, дар мактаби ба номи Кирови Хоруғ хонандаи заифандоме бо насаби Санобарова таҳсил мекард. Ғайраташ суст ва ба дониш берағбат буд. Рӯзе устод ӯро ба назди тахтаи синф даъват карда, ба хондани китоб амр мекунад. Ӯ ба қадри тавон, ба заҳмат чанд калимаро нимдурусту нодуруст мехонад. Устод ба ваю волидайнаш таҳсину офарин гуфта, дар назди ҳамсинфон меситояд ва баҳои чор гузошта, таъкид менамояд, ки ӯ фардо бояд ин чорро панҷ кунад. Хонанда ҳавасманд шуда, фардо баҳои панҷ мегирад ва ниҳоятан яке аз хонандагони фаъолу пештозони синфу мактаб мегардад.
  Пас аз хизмати аскарӣ ду сол дар Хоруғ кор карда, ба Ванҷ баргашт ва дар солҳои 1967-1969 дар макотиби деҳоти Гишхуну Убари Даргов ба ҳайси муаллими забони инглисӣ адои вазифа кард. Аз соли 1969 то соли 1972 дар мактаби деҳаи Ғуҷоваст аз забони инглисӣ ва аз моҳи декабри соли 1972 то ноябри соли 1973 дар мактаби деҳаи Вскроғ аз фанни забони русӣ, аз соли 1973 то соли 1983 дар мактаби деҳаи Бовуд аз фаннҳои забони инглисӣ ва русӣ ба талабагон дарс гуфт. Аз соли 1988 то замони нафақа дар мактаби №4-и Рохарв муаллими забони инглисӣ буд. Ӯро ҳамчун устоди маъруфу ботаҷриба ба Коллеҷи омӯзгории Рохарв даъват намуданд ва ду сол дар он ҷо аз забони инглисӣ ба донишҷӯён дарс дод.
  Худойдод Пакаев 47 соли (аз 1 августи соли 1962 то 9 январи соли 2009) ҳаёти хешро ба кори таълиму тарбия бахшида, дар кори омӯзиш ва парвариши аҳли диёр нақши арзанда доштааст. Ӯро метавон “пири” устодони забони инглисии диёр номид. Аксари устодони ин фан аз машварату раҳнамудиҳои вай баҳраманд гаштаанд. Ӯ на танҳо шогирдон, балки муаллимонро тарбия намуда, донишу таҷрибаашро бо эшон бахш кардааст.
  Боре дар ҷамъомади устодони ноҳия муаллими ҷавоне, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм карда будааст, бо устод дар мавриде баҳс мекунад. Устодони барҷаста Устод Пакаевро ҷонибдорӣ карда, ҷавонро ба пазируфтани хатояш вомедоранд. Вале ӯ дар қавлаш исрору истод мекунад. Устод Садриддини Бозӣ китобро оварда, нодурустии иддаои муаллими ҷавонро собит мекунанд ва муаллимони солрафта ба ҷавон шӯрида, дар нисбаташ суханҳои сахт мегӯянд. Аммо Устод Пакаев онҳоро ба бархӯрди хубу насиҳати устоди ҷавон амр карда, ба ҷавонмуаллим бо шӯхӣ мегӯяд: “Бо Пакаев набояд баҳс кард, гуфтаи ӯро ҳамеша бояд тасдиқ кард!” (Инро ба лафзи русӣ мегӯянд: “С Пакаев не надо спорить, его только нужно подтвердить!»).
  Ин нишоне аз соҳибияти ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва маҳорати омӯзгории ӯст ва ин хусусиёт мӯҷиби қадру эҳтироми вижаи устод дар байни шогирдон, устодону аҳли диёр гаштаанд. Хизматҳои ӯро дар роҳи маърифату донишомӯзонии ҷомеа бо ифтихорномаи Вазорати маориф дар он замон қадр намудаанд. Вале имрӯз заҳамоти кашидаи устод бо 250 сомонӣ нафақа “қадр” гардидааст. Устод фарзандони хубу бо одоб тарбия карда, ба воя расонидаанд ва онҳо мушфиқу дастгири падаранд. Худойдод Пакаев соҳиби 9 фарзанд, 3 писару 6 духтар аст: Каримдод, Раҳимдод, Салимдод, Зарифа, Зарина, Зубайда, Тӯҳфа, Солеҳа, Офиятхон. Аз онҳо Раҳимдод ва Зубайда идомадиҳандаи касби падар буда, устодони донишгоҳанд. Ашраф Акрам.

Инсони бошараф

  Раванди зиндагии ҳама инсон дар ин ҷаҳон яксон аст, вале шеваи зисту атвори ӯ ба ҳар сон аст. Гузинаи шеваи зист бастаи ақлу иродаи инсон аст, иззату обрӯ самарае аз ҷиҳати сиҳати он аст, аммо мутеияти ақл бар нафс ба сабаби заъфи он аст. Ба кирдори афрод метавон баъд аз итмоми мӯҳлати буд дар ин олам қатъан баҳо гузошт.
  Устод Худойдод Пакаев инсоне гузаштанд, ки кирдори ҳаётии ӯро дар зиндагии дунё умум аъло арзёбӣ мекунад. Инсоне гузаштанд, ки фақат аз хулқу атвору афъолу аъмоли мусбати эшон ба ёд меоваранд. Дар ҳаёт намунаи олии инсонгариро таҷаллӣ карданд.
  Устод шахсе оқилу донишманд, аз омӯзгорони дар диёр барӯманд ва на танҳо муаллими хонандагони мактаб, балки бар устодон устод буданд. Дар диёр қадр доштанд ва ба соир машварат медоданд. Марди ҳалиме буданд, ки шогирдон аз ӯ ба муҳаббату аз меҳрубониҳояшон ёдоварӣ мекунанд. Дар ҳар ҷои зиставу коркардаашон ёди нек аз хеш боқӣ гузоштаанд.
  Устод Пакаев ҷуссаи хурд, вале ҳиммату ҷуръати бузург доштанд. Ҳамеша сар баланд доштаву номусро муқаддам мегузоштанд. Тамаллуқро намеписандиданд ва дар назди касе сар хам намекарданд. Дар хидмати ҷомеа бо тамоми қувва заҳмат мекашиданд ва бо дастранҷи ҳалоли хеш рӯз мебурданд.
  Устод Пакаев яке аз беҳтарин ва хидматгузоштатарин асотиди диёр буданд, агарчанде сазовори ҳама гуна мукофот буданд, унвонҳои баланди касбиро ба ӯ надоданд. Чунон ки аз таърих собит аст, ҳар давре буту бутони хешро дорад. Устодро ғурур монеи ситоиши онон шуд, варна дар сурати ғайр ба туфайли соҳибияту донишу фаросати дошта соҳиби ҳама гуна унвону ҳатто ҷоҳу вазифаҳои баланд мешуд.
  Ҳама чашми сар доранд, вале на ҳама басират доранд. Устод шахси воқеъбин буданд ва ҳақро аз ботил ташхис медоданд. Далерона ҳақро мегуфтанд ва ноадолатию сохтакориҳои замонро маҳкум мекарданд.
Устод аз аҳли илму фарҳанг буданд. Пайваста мутолиа мекарданд. То охири умр аз китоб канда набуданд. Пули ёфтаро китоб харида, ҷамъ меоварданд.
  Бархе дар замон соҳиби вазифаю ному нишону унвонҳои баланд буданд, вале пас аз сарашон дузду чоплусу ҳаққу ришватхор ва ғайра номида шудаву чунин ёд мешаванд. Аммо чун ёде аз Худойдод Пакаев шавад, гӯянд, ки марди бошарафе буд. Воқеан, чунин афрод намунае барои ибрати наслҳои имрӯзаю баъдина мебошанд. Худованд равони Устодро шод гардонад ва дар ҷое аз равзаҳои ҷаннат маъво диҳад!. Ашраф Акрам. 04.2019. 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.