Худоипаҳлавон

  khdoipalvonХудоӣ писари Абдураззоқ яке аз ҷавонони ниҳоят пурқуввату ғаюри солҳои 20-уми Ванҷ будааст.
  Бо амри тақдир ӯ имконияти аз доираи Бадахшону Дарвоз берун баромадан надошта (солҳои 20-ум солҳои пуртаҳлукаи инқилобӣ ва ҷанги гражданӣ буданд) бошад ҳам, ба хуб донистани усулҳои гӯштиву он бартарие, ки дар давраи умри кӯтоҳи худ ин паҳлавоп бадаст овардааст, номи ӯро ба қатори беҳтарин гӯштигирони минтақа гузоштааст.
  Дар айни камолот ин паҳлавони асил, ки ба доираи гирудорҳои сиёсӣ кашида шуда буд, дар яке аз муҳорибаҳои байни аскарони сурху дастаҳои аксулинқилобии дар қалъаи Рохарв ба вуқӯъ пайваста, ҳадафи тир гаштаю ғӯрамарг шуда буд, натавонист то охир истеъдоди варзишии худро кушояд, вале он чи нишон дод басандааст, то номаш дар қатори беҳтарин паҳлавонон сабт гардад. (Аз китоби «Ванҷ» -и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.