Хомӯш Азораев соли 1927 дар деҳаи Жамаги деҳшӯрои Язғуломи волости Ванҷ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил намудааст.
Солҳои 1963-1969 ӯ ба ҳайси мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Куйбишев, аз соли 1969 то охири ҳаёт вазифаи сарварии (директор) мактаби шабонаи рақами 17-и ноҳияи Куйбишевро ба ӯҳда дошт. Хизмати намунавии Х.Азораев бо ордени “Байрақи_Сурхи меҳнат”, чандин медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст. Ӯ дорандаи унвони фахрии “Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии маорифи халқи ИҶШС” ва ғайра буд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед