Хол Ёров – генерал-майор, мушовири дараҷаи сеюм сардори раёсати ташкилии кор ва назорати иҷрои он дар прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Х.Ёров 5 апрели 1945 дар деҳаи Ғуҷоваси ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба итмом расондааст. Солҳои 1971-1976-донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (феълан Донишгоҳи давлатии миллӣ).
Фаъолияти касбиаш аз соли 1976 оғоз ёфта, дар вазифаҳои мухталифи мақомоти_Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистоп то ба имрӯз идома дорад. Ӯ дар ин муддат чунии зинаҳои масъули иазифадорӣ аз ҷумла: муфаттиш, ёрдамчии прокурори ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, муовини прокурор, прокурои ноҳияи Ҳисор (солҳои 1990-1992) ва кормандии Раёсати прокуратураи Генералии Ҷумҳуриро ба ӯҳда доштааст.
Сардори Раёсати ташкилии кор ва назорати иҷрояи он дар прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ёров дар тӯли тамоми фаъолияти кориаш ҳамеша маҳорати калони касби нишон дода, борҳо ба гирифтани мукофоти сатҳи олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ифтихорномаҳои Шӯрои Олӣ ва прокуратураи Генералӣ мушараф гаштааст.
Корманди фахрии мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Хол Еров тайёр аст, ки боз даҳсолаҳо донишу таҷрибаи мукаммалӣ хешро дар тарбияи насли ҷавон, ки фаъолияти худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшидаанд, омӯзад ва дар таъмини пешравии ҷомеаи демократӣ дар ҷумҳурӣ хизматашро идома бахшад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед