Холиқ Давлаталиев

  XoliqdavliХолиқ Давлаталиев 30 маи соли 1918 дар деҳаи Бунайи амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқони миёнаҳол таваллуд шудааст. Маълумоти 7 соларо дар деҳаи Бунай соли 1933 гирифтааст. Аз ин сол фаъолияти меҳнатии ӯ чун колхозчии одӣ оғоз ёфт. Солҳои 1937-1940 дар мактабҳои деҳоти Бунай, Потов ва Рав ба сифати муаллими синфҳои ибтидоӣ кор карда, соли 1940 аз курси 6 моҳаи тахассуси муаллими забони русӣ гузаштааст. Солҳои 1940-1942 аз рӯи ин ихтисос дар мактаби ба номи Сталини деҳаи Бунай ба кори таълиму тарбияи шогирдон машғул буд.
  Оянда фаъолияти меҳнати ҷамъиятии Х.Давлаталиев ин зайл сурат гирифтааст: 1943-1944 котиби аввали кумитаи комсомоли ноҳияи Ванҷ, соли 1944-1947 раиси Правленияи колхози ба номи Фрунзе, солҳои 1947-1948 дастурдиҳандаи кумитаи ҳизб, соли 1954-1955 боз раисии колхози ба номи Фрунзе, соли 1955 -1960 маротибаи 3-юм раиси колхози ба номи Фрунзе, соли 1961-1968 котиби деҳшӯро.
 Х. Давлаталиев ба кадом вазифае, ки ҳизбу кумитаи иҷроияи ноҳия барояш тавсияю пешбарӣ намудаанд, нисбати он бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ муносибат мекард. Ҳангоми дар вазифаи раиси правленияи колхоз (се маротиба) интихоб шуданаш, тавонистааст тамоми соҳаҳои ин хоҷагии бисёрсоҳаро ба дараҷаи намунавӣ барорад. Ӯ аз ноҳияи Қалъалаихумб намуди сермаҳсултари гӯсфанд оварда, дар фермаи махсус парвариш намуда, ба ин восита маҳсулнокии ин соҳаро баланд бардошт. Дар деҳаи Жовид фермаи хукпарварӣ ташкил карда, нормаи фурӯши давлатии гӯштро аз ин ҳисоб таъмин карда, чорвои дигари колхозиро нигоҳ медошт. Аз ҳисоби заминҳои санглоху бекорхобида майдони киштро васеъ намуд. Асалпарвариро ривоҷ дод ва ғайра. Албатта, ин хизмати бебаҳои ӯ аз тарафи доираҳои марказӣ ва вилоятиву ноҳиявӣ қадр карда шуда, соҳиби мукофоту ифтихорномаҳои зиёде гаштааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.