Фарҳод Раҳматуллоев

  Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, Фарҳод Раҳматуллоев соли 1973 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи Захираҳои олимпиро хатм намуда, ин паҳлавон таи 15 сол боз таҳти роҳбарии мураббиёну устодони намоёни варзиш, роҳбарони дастаи яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарзи гӯштии самбо Бӯрихон Ҷобиров ва Маҳмуди Абдулло пайваста машқ мекунад.
  Ҳанӯз дар охири солҳои 80-ум ин паҳлавони хеле ҷавон дар мусобиқаҳои Бозиҳои умумииттифоқии наврасон, барои гирифтани рохҳат ба мусобиқаҳои умумиҷаҳонии байни наврасон ширкат намуда, ба нишондиҳандаи баланд ноил гаштааст. Ҳамаи ин заминаи мӯътамаде барои гирифтани мақоми аввал дар мусобиқаи байналхалқй дар Харков (Украина) гашт.
  Ҳамчунин дар мусобиқаҳои байналмиллалии Ҷоми Осиё (1992), Ҷоми ҷаҳон (1999) ҷойҳои назаррас ишғол намудааст. Моҳи сентябри соли 1999 дар мусобиқаи минтақавии Осиё ҷои аввалро гирифта, қаҳрамони варзиши Қитъаи Осиё барои ин сол эълои карда шуд.
  Паҳлавон Фарҳод Раҳматуллоев дар мусобиқаи умумиҷаҳоим дар Испониё дар қатори 7-уми ҷой қарор гирифтааст. Ӯ голиби чандинкаратаи мусобиқаҳои расмии ҷумҳурӣ ҳисоб меёбад.
  Ҳоло ин донишҷӯи Донишгоҳи ҳуқуқ ва андози пойтахт дар ду самт: дар таълиму варзиш, кӯшиши беандоза ба харҷ медиҳад. Бобовар метавон гуфт, ки ин паҳлавони уммедбахш шарафи варзиши ҷумҳуриро дар миқёси байналмиллалӣ дифоъ хоҳад кард. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.