Дар замонҳои қадим дар як маконе деҳае буд, бениҳоят бузург. Аз ду тарафи деҳа рӯдҳои кӯҳӣ аз доманакӯҳ шорида, дар поёни деҳа ба дарё мерехтанд. Дар талу теппа, пастхамиҳои доманакӯҳи деҳа чашмаҳои кӯҳии зиёде мавҷуд буданд, ба сабаби ин деҳа дар се фасли сол сарсабзу хуррам буд. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул буданд. Зиндагӣ дар ин деҳаи ободу зебо ва хушманзар дар ҷӯшу хурӯш буд. Мардуми деҳа аз ҷиҳати сарсабзу хуррамияш ин деҳаро Чорчаман номида, зиндагии амну осуда ва ободе доштанд.
Аммо мардуми ин деҳа шояд аз ҷиҳати ҷоҳилияшон буд, ки ҳар қавму қабила барои худ буте доштанд, ки ин бутакҳои худро бисёр гиромӣ медоштанд ва дар лаҳзаҳои хурсандиву хушҳолӣ аз онхо изҳорӣ миннатдорӣ мекарданд. Пайваста ба бутакҳо ҳамду сано ва таҳсину офарин мехонданд, дар лаҳзаҳои озурдагӣ ва ба як сахтӣ дучор омаданашон, аз бутакҳо имдоду мадад мехостанд. Дар ҳарду маврид бутакҳое, ки аз сангҳои лундаи рах-раху тасма-тасмаву, ала-бала иборат буданд, бо гулҳои хушбӯ орову торо медоданд ва дар пеши онҳо анвои хӯрданӣ, мева, шарбату нӯшокиҳои гуногунро мегузоштанд.
Дар ҳамин деҳа Тургун ном марди бениҳоят айёру ҳилагаре зиндагӣ мекард. Тургун аз ҷумлаи мардуми муқимии ин деҳа набуда, падари ӯ бо модари пираш аз кадом тарафе муҳоҷир омада будааст. Мардуми деҳа, ки бениҳоят содаву дилсоф ва меҳмонавоз буданд, барои падари Тургун бо маслиҳату машварати ҳамагон барои сохтани хона ва машғул шудани онҳо ба зироаткорӣ дар канори деҳаи Чорчаман қитъаи заминеро ҷудо карда, дода буданд.
Тургун, ки марди корчалон ва айёре буд, зуд бо мардуми деҳа унс гирифт ва худашро табиб эълон карда ва ба муолиҷаи мардум пардохт. Касеро муолиҷа мекард, бо амри тақдир шифо меёфт, чунки ӯ бе муолиҷаи Тургун ҳам шифо меёфт, касе баъди муолиҷаи Тургун аз ин дунё мерафт, Тургун даррав даъво мекард, ки мӯҳлати беморияш гузашта будаст ва ба ман дер муроҷиат кардед, бинобар ин сабаб, мутаассифона ба имдодаш расидан натавонистам. Аммо аз содагии мардуми деҳот истифода бурда, Тургун, ки на танҳо худаш балки бобову бобокалонаш дар ягон давру замоне табиб набуданд, корашро давом медод ва дар ин самт хело ҳам муваффақу соҳиби давлату савлате ҳам шуда буд.
Аммо ба ҳамаи ин давлату савлаташ нигоҳ накарда, нафси бад ӯро бесабру қарор мекард ва пайваста дар фикри он буд, ки чи кор кунад, ки мардуми содаи ин деҳаро ба тамом зери итоати худ дарорад. Зимни маслиҳати пешакии Тургун бо чор нафар аз наздиконаш аз канори деҳа рӯзона тахтасанги лундаи тақрибан якуниметраеро интихоб карданд ва шаб вақте ки сокинони деҳа хоби маст буданд, сангро ғелонда ва кашола карда, ба хонаи Тургун оварданд. Дар хонаи Тургун зери рӯшноии шамъ сангро рангу бор карда, дар қисмати болоии лундасанг як чашми калон кашиданд ва тахтасангро бо рангҳои гуногунранг карданд. Тахтасангро кашида, бурда, дар маркази деҳа дар лаби рӯди кӯҳӣ баландии чуқуре кофта, дар дохили чуқурӣ гузошта, гирд- гирди сангро бо сангҳои майда тамба зада, устувор карданд ва дохили чуқуриро аз хок пур карда, пеш аз дамидани субҳ ба хонаҳояшон рафтанд.
Сахарӣ пеш аз баромадани офтоб дӯстони Тургун ба чор тарафи деҳа рафта, бо овози баланд дод мезаданд, ки “Ҳой мардум!, дар марказӣ деҳа дар лаби рӯди кӯҳӣ ба ҳам оед, ки Тургун хобе дидааст ва мехоҳад, ки дар бораи хобаш ба шумо нақл кунад!”. Издиҳоми аз ҳар тараф ба маркази деха гурӯҳ-гурӯҳ мешитофтанд, то бифаҳманд, ки Тургун чи хоб дидааст ва чи тадбире дорад.
Тургун дар болои санг сараш хам нишаста буд, сарашро бардошта, аз ҷояш хеста, болои санг баромада, ба мардум нигариста, гулӯяшро ду-себор афшонда, бо овози баланд гуфт:
-“Ҳой мардум, ман имшаб хобе дидам, ки барои амну субот ва таъмини некӯаҳволӣ ва ҳифзи мову шумо аз ҳамаи балову хатар – ба тарафи бут нигариста, бо дасташ сӯи лундасанги якчашмаи бадҳайбат ишора карда – ин бутиаз зери замин зуҳур кардаст ва ин бут дар шаби хобам ба ман муроҷиат карда гуфт, ки эй Тургун ту кафилу вакили ман дар байни мардум ҳастӣ, паёму салом ва дархостҳои маро ба мардум мерасонӣ”.
Мардум ҳам ҳайрон буданд, гоҳе ба бут менигаристанд ва гоҳе ба Тургун, дар андеша афтода буданд, ки ҳар қавму қабилаи онҳо барои худ бутаки ҳамдаму ғамхоре доштанд ва ҳоли бутакони онҳо чи мешуда бошад?. Ин мушкилии онҳоро ҳам Тургун осон кард, илова кард: – “Бутакҳои худро дур биафканед, дар гирди ин бути нозанин сарҷамъ шавед ва шукргузорӣ кунед, ин бути нозанинро дар лаҳзаҳои сахтӣ ёд кунед, қалби ӯро бо бахшишу ҳадяву мукофотҳо шод кунед, ба ӯ таҳсин ва ҳамду сано хонед, то бут ба шумо изҳори лутфу марҳамат кунад, барои зиндагии хубу хурсандӣ, амну осудагӣ хотирашро наранҷонед, ҳушёру зирак бошед, то бар пайкараи бут зараре нарасад, ки ҳамаи балоҳои заминӣ ва осмониро ба сари шумо меорад, аз осмон ба саратон сангборон мерезад, замин ҷумбида, кӯҳҳои атроф ба болои деҳа чаппа мешаванд ва ҳама аҳли деҳро бо хонаву дарашон нобуд мегардонад”. Тургун баъди ин суханпардозиҳо аз мардум барои суханҳояшонро гӯш кардан изҳори миннатдорӣ карда, бо ҳамроҳии чор нафар аз ҷумлаи “ҳову бале гӯякхояш” ба суйи хонааш раҳсипор гашт ва мардум ҳам яке-яке малолу ҳайрон майдончаи назди бутро тарк карда, ба чор тараф паҳну парешон гаштанд.
Баъди зуҳури бут ва гӯё вакили ӯ интихоб шудани Тургун ҳаёт дар деҳаи Чорчаман ранги дигар гирифт. Тургун мардумро бо аҳли рикоб ва лаганбардоронаш, ки кунун сафашон зиёдтар шуда буд, зулму истисмор мекарданд. Ба ҷурми таҳқири шахсияти бут аз мардум ҷарима мегирифт, чорво ва дигар маҳсулоташонро меситонданд. Вобаста ба калон будани ҷурми ҳарзагӯӣ дар нибати бут ҳатто қитъаҳои замини корами шахси гӯё гуноҳкорро мегирифтанд, шахсони гуноҳкоре аз замини корамашон бе насиб шуда буданд, акнун маҷбур буданд, ки дар заминҳои Тургун ё аҳли рикоби ӯ аз саҳар то шом дар ивази маблағи ночизе кор кунанд ва қисмати дигаре аз бечорагӣ аз пайи дарёфти ризқу рӯзи деҳаро тарк карда, ба шаҳру деҳаҳои дигаре мерафтанд.
Деҳаи як вақтҳо сарсабзу хуррам ба як майдони сӯхтахок ва шӯразор табдил ёфта буд. Ҳамаи камбудиҳоро аз қабили хушксолӣ, хуруҷи малах, боронгарии аз ҳад зиёд, сел, тарма, заминҷунбӣ ва дигар омилҳоро ба норозӣ будани бут аз мардум нисбат дода, мардумро гунаҳгор мекарданд, ки бут ба ҷурме аз шумо норозӣ ҳаст ва ба ин сабаб ба сари шумо балоҳоро фурӯ рехтааст ва бояд шумо барои бут бахшишу тӯҳфаҳо диҳед, аз ӯ имдод талабед, то ӯ гуноҳҳои шуморо бубахшад, дар акси ҳол ба сари шумо балоҳои бештаре хоҳад овард. Чорабиниҳои бахшидани тӯҳфа, мукофотҳо ва имдод хостани мардум аз бут ба ин тартиб мегузаштанд: аввал мунодиёни Тургун тамоми деҳаро давр гашта, дод мезаданд, ки “Ҳой мардум, Тургун мегӯяд, ки бут аз шумо норозӣ аст ва барои тӯҳфа кардану мукофот ва дархости имдод аз бут дар майдончаи марказӣ дар пеши бут баъди ғуруби офтоб ҳозир шавед!”.
Мардум ночор чизи дар бисоташон дштаро мегирифтанд, касе чорпо, яке равғанӣ растанӣ, дигаре анвои хӯрданӣ,мбаъзе нӯшоба, бархе пораи матоъ, хуллас ҳама бо чизе дошта баъди ғуруби офтоб дар майдончаи марказӣ деҳа ҳозир мешуданд. Чанд тан аз нӯкарони Тургун бо навбат овардаҳои мардумро рӯйхат карда, аз дасташон мегирифтанд. Тургун бо чаҳор нафар дар паҳлӯи бут дар тахте, ки ҳунармандони деҳа аз чӯби дарахти коҷ васл карда буданд, менишастанд ва рафту равиши маросими тӯҳфасупориро бодиққатона тамошо мекарданд. Мардум баъди супоридани тӯҳфа ва бахшишҳо гулхан гиронда, дасти ба даст гирифта, то ними шаб дар гирди бут мерақсиданд ва аз бут омурзиши гуноҳон ва имдод металабиданд, то дар нимашаб Тургун аз ҷояш бармехест ва ду дасташро ба ҳаво бардошта, амр мекард, ки “Бас, кифоя аст, бут аз шумо розӣ гашт!”. Мардум аз хастагӣ шалпар гашта, бо шунидани ин амри вакили бут пароканда шуда, ба хонаҳояшон мерафтанд.
Қисмате аз мардуми деҳа аз ин ҳама ҳангомаҳо ва фишору тӯҳмату ҷаримаситонии бесобиқаи Тургун сахт норозӣ буданд, аммо инро дар қалбашон таҳаммул карда, бо сари хаму дили пурғам дар байни мардум мегаштанд, зеро чашму гӯшиҳо Тургун дар байни мардум бисёр буданд ва аз онҳое, ки изҳори норозигӣ карда, дар нисбати буту вакилаш гапе мегуфтанд, аз онхо ҷаримаи хангуфт меситонданд, ба ин сабаб “сари кафида даруни тоқӣ” гуфта, хомӯшу маҳзунона зиндагии фақиронаи худро давом медоданд.
Дар деҳаи Чорчаман ҷавони чусту чолок Шаҳбол дар канори деҳа зиндагӣ мекард. Дар назди ҳавлиаш замини хурде дошт. Шаҳбол шикорчии чирадаст ва пуртаҷриба буд. Бештар дар кӯҳу камар ва зиндагии худро бо шикори сайд мегузаонд. Бисёр вақт шикораш барор мегирифт ва сайди шикоркардашро ба деҳа оварда, бо маводи ғизоӣ ё дигар чизҳои ҳаётан муҳим иваз карда, бо ҳамин тартиб рӯзи худ ва аҳлу оилаи худро мегузаронд.
Шаҳбол, ки ҷавони поктинат ва ростгӯву нотарс буд, аз кирдори Тургун дар кӯчаву бозор ва растаҳо рӯи рост дар пеши мардум интиқоди шадид мекард, чашму гӯшҳои Тургун ин гуфтаҳои Шаҳболро бурда ба ӯ мерасониданд. Лекин Тургун ҳам аз ин ҷавони ғаюр дар таги дил хавф мебурд ва то ҷое ҳам метарсид, бинобар ин ба ҷои чазо додани Шаҳбол овоза паҳн мекард, ки аз Шаҳбол канораҷӯи кунед, ки фалон касалиро порсол ва фалон балоро имсол бут ба сари мо аз дасти ҳарзагӯиҳо ва ношукрии Шаҳбол ба сари мо оварда буд, агар ӯ ин ҳама харзагӯӣ ва таҳқиру тухматро дар нисбати бут бас накунад, мутмаин бошед, ки гирифтори балои бештаре хоҳем буд. Шаҳбол бошад, аз гуфтаҳои Тургун ва канораҷӯии қисме аз мардуми деҳа парвое надошт ва дар таги дилаш хурсанд ҳам буд, ки вақти бештарашро дар шикори сайд дар кӯҳу камар мегузаронад на балки дар байни ин мардуми тарсу ва буздил.
Шаҳбол боре аз шикори сайд бевақтар, дар торикии шаб ба деҳа баргашт. Шаб, ки маҳтобӣ буд, сайди шикоркардаашро дар пушт, дар рӯшноии моҳтоб қадам зада, оҳиста-оҳиста ба деҳа наздик мешуд. Ӯ ба маркази деҳа наздик омада, дар пушти бути якчашма борашро аз пушташ фуроварда, дар болои сабзаҳо худашро партофта, ба хотири баровардани кӯфти роҳ дароз кашид. Тоб хӯрда, ба бут чашм дӯхт, дар равшани маҳтоб пайкараи бут дар чашмаш бадҳайбат тофт ва як чашми бут дар равшании моҳ гӯё ба Шаҳбол нигариста мегуфт, ки “Чӣ мехоҳӣ?”.
Шаҳбол аз ҷой бархоста, ба назди бути бадҳайбат, ҳамон бути беҷоне, ки сабаби нохушӣ ва бечораҳолии ҳамдеҳагонаш гашта буд, наздик омада, бо ду дасташ бутро такон дод, бут ҷунбид. Шаҳбол аз тарафи муқобили бут гузашта, бутро ба дигар тараф ҷунбонд, бут ҳамоно меҷунбид, ниҳоят Шаҳбол китфашро дар танаи бут гузошта, пойҳояшро дар замин тиргак карда, бо зарби зурӣ аз танаи бут тела кард ва бут ба ҷониби замин як нима шуд. Шаҳбол ба хотири ҷамъ кардани нерӯи нав ба замин нишаста, як каме дам гирифта, аз ҷояш бархоста, бутро бо дастҳояш ғелонд. Бут дар баландии назди нишебӣ ҷойгир буд, бо такони Шаҳбол тоб хӯрда, суръаташ афзуд, ба санге бархӯрд ва қисмате бо чашми танҳояш аз зарбаи бархӯрд бо санги дигар шикаста, ба нишебӣ ғелида, бо як санги дигар бархӯрда, ба ҳаво хеста, ба қаъри рӯди кӯҳӣ ғалтида нопадид гашт. Қисмати аз сар поёнтари бут ба нишебӣ ғелида, дар ҷои намоёне қарор гирифт. Шаҳбол аз ҷояш хестаста, сайдашро дар пушт карда, қаноатманду хурсанд ба сӯйи хонааш бардам-бардам қадам зада, дар дили шаб аз назар нопадид гашт.
Хабари суқути бут дар деҳа зуд паҳн гашт. Издиҳом гурӯҳ-гурӯҳ ба маркази деҳа мешитофтанд, то ки ин ҳодисаи мудҳишро бо чашми худ бубинанд ва бо гуши худ бишунаванд. Тургун бо аҳли рикобаш гоҳе ба поён гоҳе ба боло ҳаракат карда, носазо мегуфт ва ба тани бесари бут нигариста, лолу ҳайрон буд ва гоҳе ба анбуҳи мардум нигариста, нидо мекард, ки “Мунтазир бошед, бути нозанин ба сари шумо мардуми ношукр балои азимеро фурӯ мерезад!”.
Мардумро тарс ва ваҳм фаро гирифта буд, акнун хавф аз он мебурданд, ки аз ин зиёне ба бут расидааст, бут деҳаи онҳоро мавриди сангборон ва заминҷунбии шадид қарор медиҳад ва ҳамаи онҳоро ба нобудӣ мебарад. Иттифоқан, осмони болои деҳаи Чорчаманро абрҳои ғализе фаро гирифт ва дар як дам борон пуршиддате борид, ки аз ҳар тараф ҷӯйҳои об дар паҳноии деҳа ҷорӣ гаштанд ва баъди чанд муддате нурҳои ҷонбахши офтоб пардаи ғализи абрҳоро шикофта, аввал як тарафи деҳа ва баъдтар ҳамаи деҳаро аз нурҳои гарм ва нарми худ бо тамомӣ мунаввар сохт. Аз замин бӯи хок ва накҳати гулҳои баҳорӣ ба чор тарафи деҳа паҳн гашта, мардуми деҳаро як каме рӯҳбаланд кард. На пас аз соате ва на дар нисфирӯзӣ ва на дар шому шаб замин ҷунбид ва на аз осмон санг борид, на кӯҳе болои деҳа фуру рехт. Халқи деҳа Тургунро, ки аз тарси фош шудани сираш ба тахлуқа афтода буд, дастгир карда, ба маркази деҳа оварданд ва бо як овоз қарор доданд, ки Тургунро аз деҳа бадарға кунанд. Ба зораву нолаи имдодталабонаи Тургун гӯш накарда, ӯро бо хамаслаконаш бо сад хориву зорӣ аз деҳаи Чорчаман ронданд.
Мардуми заминҳояшонро бохта аз сари нав соҳиби замин, зиндагӣ ва ризқу рӯзии хеш гаштанд. Ҳаёт дар деҳа рангу рӯи нав гирифт, деҳа аз сари нав сарсабзу хуррам гашт, мардум акнун аз нав ба хотири ҷаъм бо шарофати ҷавонмарди накусиришт Шаҳболи некном соҳиби як зиндагии осоишта ва арзандае гаштанд. Ҳама марзорҳо сабзу хуррам, рӯдҳои кӯҳӣ кафкзанону равон ва дар ҳама ҷои деҳаи Чорчаман овози мурғони хушхон танинандоз гашта буду осмони деҳа софу бағубор ва хуршед ҳамоно болои деҳа аз нурҳои гарму умедбахшаш бедареғ нурпошӣ мекард…
Назари хешро иброз кунед